Бахшҳо

“Обу лой”-и грантҳои президентӣ дар Кумитаи занон: Ном аст, нишон нест

Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, тасдиқ кард, ки зимни тақсиму корбарии грантҳои президентӣ барои занон камбудиҳо ифшо шудаанд.

Хидирзода, имрӯз, 24-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” изҳор дошт, ки феълан ин қазияҳоро Оҷонсии зидди фасод ва Палатаи савдо мавриди санҷиш қарор дода, тафтишот идома дорад: “Мониторинги миёнадаврие, ки Кумита дар ин самт гузаронд, камбудиҳоро ошкор кард. Муроҷиати Кумита низ буд, ки дар ин самт маблағҳо барқарор карда шаванд. Айни ҳол вобаста ба ин кор тафтишот рафта истодааст”.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манобеи “Озодагон” ахиран ифшо шудааст, ки дар 22 ҳолат 500 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантии президент барои занон аз ҷониби шахсони алоҳида аз худ карда шудаанд. Аз ҷумла тайи чанд сол ба номи занҳо дар навоҳии Бадахшон “грантҳои президентӣ” ҷудо мешудаанд, аммо онҳоро кӣ мегирифтаасту дар куҷо истифода кардааст, то ҳол номаълум: “Ҳаҷми грантҳо аз 10 то 40 ҳазор сомониро барои як зан ташкил медодааст. Дар ҳисоботҳо номи даҳҳо ва соҳибкорзанон зикр шудааст, ки гӯиё бо “грантҳои президентӣ” дастгирӣ ёфтаанду корҳои муайянро анҷом додаанд. Аммо дар ноҳияҳо ин занонро касе намешиносаду маблағҳоро надидааст”.

Тавре маълум шуд, қаблан Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон низ бо як нома ба унвони Марҳабо Ҷабборзода, муовини сарвазири кишвар ба ин масъала дахл карда, иттилоъ додааст, ки қисме аз соҳибкорзанҳое, ки бо грантҳои президентӣ дастгирӣ ёфтаанд, маълум набуда, як гуруҳи онҳо дар қаламрави вилоят зиндагӣ намекунанд ва ё ин маблағҳоро аз номи онҳо касони дигар гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи занон дар шарҳи ин қазия ба “Озодагон” гуфт, ҳар камбудие, ки дар ҳар мақомот мешавад пеш аз ҳама камбудии роҳбарият аст ва афзуд, ки имсол назорати тақсиму корбарии грантҳои президентиро ҷиддӣ ба роҳ мондаанд: “Аз 15-уми июн то 15 июли соли равон қабули лоиҳаҳо барои гранти президентӣ идома дошт ва ба комисияи грантӣ 245 лоиҳа ворид карда шуда, феълан комисия корашро оғоз кардааст. Вобаста ба пурзур намудани фаъолият дар ин самт, тибқи қарори шурои Кумита талаботи иловагӣ ворид карда шуд. Аз он ҷумла ҳар як довталабе, ки лоиҳа пешниҳод кардааст, барои суҳбат ба комисия даъват карда мешавад. Дар оянда бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҳамкориҳоро дар ин самт пурзӯр мекунем”.

Маврид ба зикр аст, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2011 барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон грантҳои президентӣ таъсис ёфтанд ва ҳамасола ба ин мақсад 2 миллион сомонӣ маблағи буҷа равона мегардад.
Мӯҳр
бисёрихо аз давлат нолиш мекунанду, намедонанд, ки худи халк боиси пасравии сатхи зиндаги аст. Наход ба чунин гамхории Хукумат хиёнат кунем. Агар хамаи супоришхои чаноби олиро хуб ичро намоем, давлат таракки мекунад.

Рустам
Хидирзода раиси кумита шуда намедонад, ки маблагхоро ки гирифитиааст? Ачоиб.

воачабо
Магар хамаи хамин кормандони кумита ва касоне ки дузди кардаанд, аъзои хизби ХХДТ нестанд, барои чи дар телевизор нишонашон намедихед ва ошкорашон намекунед?

Салом муҳтарама Хидирзода Махфират!Ман аз шаҳри Истаравшан барои гирифтани гранти президентӣ лоиҳа пешниҳод карда будам. Мехостам бидонам,ки тахминан кай маро барои суҳбат даъват менамоянд.Қаблан аз Шумо сипосгузорам.Бо эҳтиром Шаҳло Шарофова.

Агар ҳама софдилона ба манфиати ҷомеа хизмат кунанд хеле хуб мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)