9 голи беҷавоби “Равшан” ба дарвозаи “Помир”
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар бозии аввали даври 1\8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол тими “Помир”-ро бо ҳисоби 9:0 шикаст дод.
Ин бозӣ шоми рӯзи гузашта, 26 июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, голҳои “Равшан”-ро Шодибек Ғаффоров (3), Наврӯз Рустамов (2), Саидхони Амрохон, Бахтиёр Қаландаров, Акуффо Гершон ва Абдурасул Раҳмонов ба нишон расонданд.
Бозиҳои нахустини даври 1\8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 25-26 июл бо иштироки 10 дастаи лигаи олӣ ва 6 дастаи лигаи аввал баргузор шуд. Бозиҳои ҷавобии даври 1\8 ниҳоӣ 4 ва 5 август доир мешаванд.
НАТОИҶИ БОЗИҲОИ ДИГАРИ ДАВРИ 1\8 НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТБОЛ:
“Истиқлол” — “Парвоз” — 5:0;
“Хуҷанд” — “Канд” — 9:1;
“Панҷшер” — ССКА “Помир” — 2:2;
“Саройкамар” — “Хайр” — 1:2;
“Далерон-Уротеппа” — “Барқи тоҷик” — 0:2;
“Чашма”— “Регар-Тадаз” — 3:5;
“Вахш”— “Исфара” — 7:0.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |