Бахшҳо

Ҳабибов: Сайёҳони дармондаро бо чархбол ба Помир мебаранд

Давлат Ҳабибов, раиси Шӯрои рушди туризми Тоҷикистон тасдиқ кард, ҳудуди 50 сайёҳи хориҷӣ, ки дар роҳ ба баландтарин қуллаи ИДМ-қуллаи Исмоили Сомонӣ буданд, дар ноҳияи Ҷиргатол дармондаанд.

Ҳабибов имрӯз, 27-уми июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ба далоили амниятӣ, аз ҷумла дар пайи офатҳои табиӣ ба сайёҳон иҷозаи пиёда рафтанро ба қуллаи Исмоили Сомонӣ надодаанд: “Ширкати “Памир Пикс” масъули хизматрасонӣ танҳо барои рафтану омадан буд. Аммо дар пайи ин ҳодиса сайёҳонро феълан бо ҷойи хобу хуроки гарм низ таъмин карда истодаем. Ягон кас аз онҳо шикоят надорад. Намедонам аз куҷо, як кас пайдо шудааст, ки бо навис-навис мехоҳад сенсатсия кунад. Мо телефонӣ суҳбат кардем, ин гуруҳ ягон эрод надорад”.

Ҳабибов таъкид намуд, ки дар назар аст, то 1-уми август бо истифода аз чархбол ин сайёҳонро ба қуллаи Исмоили Сомонӣ расонанд: “Ҳозир ҳамаи чархболҳо дар Бадахшон банданд. То 1-уми август бо чархбол онҳоро ба қулла мерасонем”.

Ин дар ҳолест, ки дар шабакаи иҷтимоӣ хабари дармондани сайёҳони хориҷие нашр шудааст, ки гӯиё нияти фатҳи собиқ қуллаи Коммунизм, феълан Исмоили Сомониро доштаанд. Дар изҳорот омадааст, ки ширкати сайёҳии “Памир пикс” нисбати сайёҳон хунукназарию бемасъулиятӣ зоҳир карда, онҳоро ҳатто бо ғизои хуб таъмин намекунад.

Ин мушкил ва ниёз ба чархбол дар ҳолест, ки фардо, 28-уми июл дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вилояти Бадахшон боздид кунад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)