Бахшҳо
27 июл 2015 15:39Тоҷикистон / Сиёсат

Наимӣ дар бораи кори Р.Эмомалӣ ва қаллобии “хешон”-и Президент (ВИДЕО)

Наимӣ Аламхони Қодирён, муовини якуми директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, талаботи раҳбари нави ин ниҳод-Рустами Эмомалӣ хеле сахт аст.

Қодириён изҳор дошт, ки бурду бохти кори Рустами Эмомалӣ дар варақаи матбуотии ин ниҳод баён карда шудааст: “Талаботҳо бениҳоят хеле сахтанд. Дар доираи ваколоатҳоямон кор карда истодаем. Баҳоро ба кори роҳбари агентӣ мо дода наметавонем. Баҳоро ба кори роҳбари Агентӣ мардум, президент ва ҳукумати Тоҷикистон медиҳад”.

Дар мавриди қаллобиҳо аз номи мансабдорон ва наздикони онҳо Аламхони Қодириён изҳор дошт, ки ин раванд майли афзоиш дорад. Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, дар маҷмуъ 377 ҳолати қаллобӣ ба қайд гирифта шудаанд ва шахсан аз номи наздикони президент як ҳолати қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи ин ҳолат тафтишот идома дорад”.

ВИДЕОИ СУҲБАТИ ҚОДИРИЁН

Қаблан “Озодагон” иттилооъ дод, ки Хушдил Қурбонов, хонандаи синфи 10-и Мактаби байналмилалии Душанбе, ки худро Сомони Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, ба масъулин дастурҳои ғайриқонунӣ медодааст, аз оилаи маъруфи Қурбоновҳо буда, воқеан ҳам шарикдарси Сомони Эмомалӣ будааст.

Ба иттилои манобеи “Озодагон” Хушдил Қурбонов, ҷияни Анвар Қурбонов, раиси Корхонаи нассоҷии тоҷик ё “Текстил” мебошад, ки яке аз соҳибкорони саршиноси кишвар аст. Манбаъ афзуд, бо назардошти он ки Хушдил Қурбонови ноболиғ гуноҳашро пурра иқрор кардааст ва ҳодисаи гирифтани маблағ моҳи август – сентябри соли гузашта, сурат гирифтааст, дар назар аст, нисбаташ қонуни афв татбиқ гардад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, Хушдил Қурбонов, хонандаи синфи 10-и Мактаби байналмилалӣ бо хешовандаш -- Ҷӯрахон Холов бо мақсади қаллобӣ ва ба даст овардани фоидаи муфт, ба боварии шаҳрванд Маҳмадризо Раҷабов даромада, барои ҷудо намудани 30 ҳисса замини наздиҳавлигӣ дар ҷамоати деҳоти Чимтеппаи Рӯдакӣ аз ӯ 50 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтаанд: “Баъдан онҳо ба Раҷабов Маҳмадризо гуфтаанд, ки барои гирифтани замин ба масъул Маҷидов Сабзалӣ муроҷиат кунад ва афзуданд, ки онҳо ба Маҷидов Сабзалӣ барои ҷудо намудани замин тариқи телефон дастур хоҳанд дод”.

Оҷонсии мубориза бо фасод афзуд, Қурбонов ба Сабзалӣ Маҷидов занг зада, худро Сомони Эмомалӣ муаррифӣ карда, гуфтааст, Раҷабов Маҳмадризо “одами ӯст” ва ба вай замин ҷудо кунад: “Ӯ чанд бор худро Сомони Эмомалӣ гуфта, ба Маҷидов занг зада, барои ҷудо намудани замин дастур додааст, аммо Маҷидов бовар накардаасту замин ҳам ҷудо накардааст”.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манбаъ, ӯ ҳанӯз моҳҳои август ва сентябри соли 2014 аз Раҷабов 50 ҳазор доллари амрикоиро дар шаҳри Душанбе гирифтааст.
Мӯҳр
Cабзали агар бовар мекард ки дар хакикат Сомон аст магар замин чудо мекард?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)