Аввалин нишасти матбуотии ВУХ дар аҳди Сироҷиддин Аслов
Масъулини Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, имсол аз фаъолияти худ дар назди рӯзноманигорон гузориш хоҳанд дод.
Торнамои расмии Вазорати умури хориҷии кишвар менависад, нишасти матбуотии ин ниҳод фардо, 28 июл соати 14:00 дар бинои ин ниҳод оғоз мешавад.
Баъди ба курсии вазирӣ нишастани Сироҷиддин Аслов дар соли 2013 бори аввал аст, ки масъулини Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз омодагии худ барои суҳбати рӯбарӯ бо рӯзноманигорон ва додани гузориш аз фаъолияти шаш моҳаи хеш хабар медиҳанд. Дар ҳоле, ки вазирону раисони ниҳодҳои дигари давлатӣ дар асоси дастури раисиҷумҳур ҳар шаш моҳ нишастҳои хабарӣ баргузор мекарданд, дар ВУХ баъди вазир шудани Аслов ин анъана идома наёфт. Масъулини вазорат баргузор нашудани нишастҳоро ба масруфияти роҳбарият иртибот медоданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |