Бахшҳо
28 июл 2015 11:30Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Баҳс барои гӯристон миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Қурбонбой Искандаров, намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон дар умури марз мегӯяд, ният доранд, бо Тоҷикистон барои иваз намудани 20 ҳисса замин дар қаламрави деҳаи Қоқ-Тоши Бодканд гуфтушунид кунанд.

Искандаров дар суҳбат бо расонаҳои қирғиз изҳор доштааст, ки дар ин мавзеъ, ки миёни Қоқ-Тоши Бодканду ҷамоати Чоркуҳи Исфара аст, ду гуристон мавҷуд аст: “Дар маҳал, ки сарҳад дар он ҷо алломатгузорӣ нашудааст, ду гуристон мавҷуд аст. Гуристони куҳна баста шудааст ва акнун ҷасадҳоро дар гуристони нав дафн мекунанд. Аммо шаҳрванди Тоҷикистон дар миёни ду гуристон биное сохта, қирғизҳоро ба гуристон роҳ намедиҳад. Мо феълан ба ин маҳал намояндаҳои худро фиристодем, то дақиқ кунанд, ки гуристони нав дар қаламрави Тоҷикистон аст ё Қирғизистон?”

Намояндаи ҳукумати Қирғизистон илова намудаст, ки ин масъала барои баррасӣ ба Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳод хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Уланбек Рисқулов, ноиби директори Агентии давлатии захираҳои минералӣ ва геологии Қирғизистон хабар дод, ки Тоҷикистон 14 чоҳи газиро дар ихтиёри кишвараш гузоштааст. Аммо Рустам Шоҳмуродзода, вазири адлияи Тоҷикистон иддаои мақомоти қирғизро дар мавриди он, ки Тоҷикистон 14 чоҳи газро дар ихтиёри Қирғизистон гузоштааст, рад кард.

Шоҳмуродзода, 22-юми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, чунин гап нест ва барои анҷоми чунин корҳо бояд созишномаҳо дар сатҳи ҳукуматҳо имзо шаванд, ки иҷро нашудааст: "Ба масъалаи марз комиссияи байниҳукуматӣ машғул аст ва барои ин воқеият бояд созишномаи дуҷониба баста шавад, ки иҷро нашудааст. Чунин гап нест".
Мӯҳр
Мирхоча
Мо ба арзишхои сархади ва истиклолияти хамаи кишвархо эхтиром дорем ва масъалаи хамсоягиро аз хама бештар мо точикон риоя мекунем. Вале ин даъвохои киргизхо ва забондарозии онхо ва хомушии мо онхоро болои мо густохтар ва даъвояшонро бисёртар намудааст. Хазрати Саъди гуфтааст: Чу бо сифла гуфти ба лутфу хуши, Фузун гардадаш кибру гарданкаши. Бехтараш Шох Искандаровро ба Исфара бурдан даркор то онхо донанд, ки мо точикон сабр мекунем ва баъд, ки ба чон задед, дуд аз димоги мугулу чингизи мебарорем...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)