Бахшҳо

Вазири хориҷии Тоҷикистон гуфт, зидди таҳримҳои зиддирусиянд

Вазири хориҷии Тоҷикистон таҳримҳои зиддирусиро таҳримҳои зидди тамоми кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил хонд. Сироҷиддин Аслов, имрӯз, 28 июл дар нишасти хабарии ниҳодаш дар Душанбе гуфт, онҳо аз рӯзи аввали ҷорӣ шудани таҳримҳо аз сӯи кишварҳои Ғарб дар маҳофили гуногун эълон карданд, ки мухолифи ин таҳримҳоянд.

Ӯ гуфт, Русия шарики стратегии Тоҷикистон аст ва ин таҳримҳо ба кишвари мо низ бетаъсир нахоҳанд буд. Сироҷиддин Аслов бо ишора ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия афзуд, ин таҳримҳо сабаби коҳиши интиқоли маблағ ба хонаводаи ин муҳоҷирон шудааст. Аз сӯи дигар вазир гуфт, Русия аз нигоҳи табодули тиҷорӣ дар Тоҷикистон мақоми аввалро касб мекунад ва дар ин масъала низ таъсири манфии таҳримҳо эҳсос мешавад. Сироҷиддин Аслов мегӯяд, Тоҷикистон дар сатҳи дипломатӣ ин масъаларо ҳамеша ба миён мегузорад ва умед доранд, садояшон шунида мешавад. Вазири хориҷии Тоҷикистон дар идома гуфт, таҳримҳои зидди Русия на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки дар гузашта як давлати воҳид буданд ва ҳоло низ бо ҳам пайвандиҳое доранд, бетаъсир нахоҳад буд.
Мӯҳр
Мирзониёз
Чаноби вазир. Агар сад бор мо эълон кунем, ки тахримхо барои Россия нодурустанд, кишвархои бузург моро гуш нахоханд кард ва сиёсати Россия хам нисбати мухочирони мо одилонеа ва нарм нахохад гашт. Полиси авбоши рус ба чуз тахкири точики бенаво ва бечораи точик бо каси дигар кор надорад. Демократия дар ин кишвар нест ва харчи кишвархои бузург нисбати Россия мегуянд дуруст аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)