Бахшҳо
29 июл 2015 08:10Тоҷикистон / Акс / Тема дня

(АКС) Э.Раҳмон дар Дарвоз: Аз ифтитоҳи филиали бонк то ошхонаву Кохи бонувон ва “Меҳри модар”

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, райисиҷумҳури Тоҷикистон аз Дарвоз аз деҳаи Қалъаи хумб бо ифтитоҳи бинои чорошёнаи хонаҳои истиқоматӣ ва филиали “Тоҷиксодиротбонк” оғоз шуд ва пасон оқои Раҳмон дар маркази ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар бинои шӯъбаи маорифи ноҳия оғоз бахшид.

Дафтари матбуоти президент мегӯяд, ин бино аз 3 ошёна иборат буда, арзиши лоиҳавии он 2 миллиону 481 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва бояд соли 2017 ба истифода дода шавад: “Баъди оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Даштаки ин ноҳия ташриф оварда, аз корхонаи коркарди санги “Карона - мармар” боздид ба амал овард. Корхонаи саноатии Карона - мармар аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ аз Италия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар деҳаи Даштаки ноҳияи Дарвоз сохта шудааст. Дар корхона зиёда аз 30 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид”.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди корхонаи Карона мармар дар ифтитоҳи коргоҳи замонавии Карона - Гавҳарнигор иштирок намуд, ки инҷо аз 75 намуд сангҳои гуногуни қимматбаҳо маҳсулоти ҳархелаи ороишӣ тайёр мешудааст: “Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Умараки ин ноҳия омада, дар вазъияти тантанавӣ бинои Маркази омӯзиши ҳунарҳои кохи бонувон бо номи Меҳри модарро, ки барои 500 нафар пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ намуд”.

Манбаъ мегӯяд, дар Кохи бонувон имкон аст, ки аз кишвари дӯсту ҳамсояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон духтарон барои омӯзиш қабул карда шаванд. Тавре маълум гардид аллакай 1000 нафар духтарон аз давлати ҳамсояи Афғонистон барои омӯзиши касб дар ин кохи бузурги бонувон номнавис шудаанд.
Тамоми таҷҳизоти дӯзандагии Кохи бонувон аз Олмону Япония тариқи лизинг ворид гардида, беҳтарин дастгоҳ барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар ҷаҳон мебошад: “Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба 5 ҷуфти хуштолеъи навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳро супорида, ба онҳо хушбахтӣ ва хонаи обод таманно кард”.

Дар ноҳияи Дарвоз Эмомалӣ Раҳмон инчунин ошхонаи навбунёди қисми ҳарбии рақами 2711-и Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, бо иштироки ӯ бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Дарвоз ифтитоҳ ёфт: “Дар маркази ноҳияи Дарвоз деҳаи Қалъаи хумб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ меҳмонхонаи шашошёнаи замонавиро ифтитоҳ кард”.

Аксҳо аз торнамои расмии Президенти Тоҷикистон
Мӯҳр
дарвози
росташ нав фахмидам, ки Точиддин-ако дарвозии худамон будааст:рахмат барои сохтмони бинои замонави, рухи бобоенро шод кардед, аз калб рахмат мегум.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)