Бахшҳо

Суғд: Чор нафар барои “хидматҳояшон дар назди давлат” ройгон Хонаи Худо мераванд

Шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Суғд мегӯяд, то имрӯз зиёда аз 30 ҳазор сокини вилоят барои рафтан ба зиёрати Хонаи Худо дар навбат истодаанд.

Аз Шӯъбаи мазкур ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бештари дар навбатбудаҳо сокинони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Исфара ва Панҷакент мебошанд: “Инчунин, бояд гуфт, ки то имрӯз ҳуҷҷати 1655 нафар сокини вилоят омода шуда, ба Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон фиристода шудааст ва ин теъдод 912 нафарро мардон ва 743 танро занон ташкил дода, 4 нафар бо квотаи президентӣ ройгон ба зиёрати Хонаи Худо мераванд”.

Ба иттилои манбаъ, “ин 4 нафарро раисони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Чкалов, Истиқлол ва Спитамен хидматҳояшонро дар назди давлат ба назар гирифта, пешниҳод кардаанд”.

Шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Суғд маблағи сафари ҳаҷи имсолро 1584 доллар гуфт: “Сафарбаркунӣ охирҳои моҳи август шурӯъ гашта, то 10 сентябри соли равон идома мекунад ва дар назар аст, 9 парвоз анҷом шавад”.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Пардохти маблағи ҳаҷҷи соли гузашта 18 ҳазору 164 сомониву 92 дирамро ташкил медод ва ба қавли мақомот, дар ин хизматрасониҳо пули чиптаи ҳавопаймо (рафту бозгашт), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, 3 маротиба ғизо дар як рўз, хидмати роҳбаладон, кўмаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайраҳо дохил мешаванд.
Мӯҳр
Охиста охиста хочиро давлат муайан мекунад. Браво

Ватандор
Кучо мераванд, кучаи худро, дехаи худро, шахри худро ... Ватани худро обод намоянд. Бо нуги сузан маблаг чамъ карда, ба мулки араб мебаранду, купруки пушти хонаашон, рохи назди хавлиашон, рохи кабристон... вайрон, инхоро обод кунед, савобаш баландтар.

Осмон
Ман Кафолат медихам, ки Квотахое, вокеан аз номи Рохбари Давлати гамгори мо ба собикадорон ва фаьолоне, ки дар рушду нумуи кишаври мо сахми арзандае гузоштанд, аз чониби Сардори шуьбаи Дин ва танзими Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон галбер е бо суистифода (бе зиерати сардори ин шкьба) аз руйхат на мегузаранд! мухтарам масьулин?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)