“Барқи тоҷик”: Беш аз миллиард сомонӣ қарздорем

Ширкати “Барқи тоҷик” ҳаҷми қарзашро беш аз як миллиард сомонӣ мегӯяд. Даврон Исҳоқӣ, муовини раиси ин ширкат дар нишасти матбуотии рӯзи 28 июл бо таъкиди ин рақам гуфт, аз ҷумла “Барқи тоҷик”аз нерӯгоҳи “Сангтуда- 1” -- 497 миллион ва аз НБО “Сангтуда - 2” -- 260 миллион сомонӣ қарздор аст. Ӯ афзуд, талош хоҳанд кард дар доираи созишномаи басташуда бо ин нерӯгоҳҳо қарзашонро марҳила ба марҳила пардохт намоянд.
Оқои Исҳоқӣ дар идома гуфт, муштариён низ аз “Барқи тоҷик” беш аз миллиард сомонӣ қарздоранд ва агар ин маблағҳо баргардонида шавад, онҳо низ имкон пайдо мекунанд, қарзҳои худро ба дигар ширкатҳо пардохт кунанд. Даврон Исҳоқӣ мегӯяд, аз як миллиарду 157 миллион сомоние, ки муштариён аз онҳо қарздоранд, беш аз 500 миллион сомонияш ба аҳолӣ рост меояд: “Дар 6 моҳи соли равон қарзи аҳолӣ дар назди “Барқи тоҷик” 74,3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Қарзи аҳолӣ аз ширкат дар маҷмӯз аз солҳои пеш то имрӯз 504 миллион сомониро ташкил медиҳад. Нисбати қарзҳои соли пеш кор бурда истодаем, меомӯзем, ҳисобу китоб мекунем, ки кӣ чӣ миқдор қарздор аст”.
Муовини раиси “Барқи тоҷик” иброз дошт, яке аз қарздорҳои калонтарин дар назди ширкат, корхонаҳои пойгоҳҳои обкашонӣ, аз ҷумла Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ мебошад. Ба қавли ҷаноби Исҳоқӣ, дар 6 моҳи аввали соли равон корхонаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ба маблағи 13,8 миллион сомонӣ нерӯи барқро истифода намуда, пардохти онро ҳамагӣ ба маблағи як миллион сомонӣ таъмин намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |