Бахшҳо
29 июл 2015 10:03Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Президент: “Санобод” Бадахшонро ҳамчун тавлидкунандаи барқи арзон муаррифӣ менамояд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 29 июл дар доираи сафараш ба вилояти Бадахшон бо сокинони ноҳияи Рӯшони ин вилоят мулоқот намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо сокинони Рушон аз бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Санобод” ояндаи наздик дар ҳудуди ноҳия хабар додааст. Ба қавли президент, нерӯгоҳи “Санобод” барои рушди минтақа дар маҷмӯъ такони ҷиддӣ бахшида, ба афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, рушди инфрасохтор ва муҳайё гардидани ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард. Эмомалӣ Раҳмон афзуда, фаъолияти нерӯгоҳи “Санобод” дар ноҳияи Рушон вилояти Бадахшонро ҳамчун тавлидкунандаи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ тоза муаррифӣ менамояд.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати энергетика ва захираҳои об супориш додааст, санадҳои асосноккунии техникиву иқтисодии нерӯгоҳи барқи обии “Санобод”-ро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин таҳия намуда, ҷиҳати оғози сохтмони он ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодоти мушаххас манзур намояд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, президенти кишвар дар ин мулоқот қайд намудааст, солҳои 2012-2014 ва шаш моҳи соли равон аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо мақсади тараққиёти ноҳияи Рӯшон, махсусан сохтмону азнавсозии иншооти иҷтимоӣ, биноҳои маъмуриву таъмири роҳҳо, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, рушди кишоварзӣ, инчунин дастгирии буҷети ноҳия зиёда аз 100 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст: “Дар ин давра дар ноҳия татбиқи панҷ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 40 миллион сомонӣ ба анҷом расида, амалисозии як лоиҳаи дигар идома дорад. Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна дар се соли охир ба соҳибкорони ноҳия 84 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки 15 миллион сомонии он ба шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ рост меояд”.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, соли гузашта ва шашмоҳаи соли равон дар маркази ноҳия ва як қатор деҳаҳои он чандин коргоҳҳои дӯзандагӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки дар самти таъмини аҳолӣ бо шуғли доимӣ ва ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ нақши муҳим доранд ва тибқи нақша то охири соли ҷорӣ дар ноҳия боз 4 корхонаи саноатӣ оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди мӯина ва меваю сабзавот сохта, ба истифода дода мешавад. Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури кишвар иброз доштааст, ки имсол бо мақсади таъмири қисмати боқимондаи роҳи водии Бартанг иловатан қариб як миллион сомонӣ ҷудо гардидааст ва имрӯзҳо корҳои таъмиру сохтмон идома доранд: “Ҷиҳати рушди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон қарори махсуси Ҳукумати мамлакат ба тасвиб расидааст. Дар натиҷаи амалӣ гардидани чорабиниҳои пешбиникардаи қарори мазкур дараи хушманзараи Бартанг ва ҷамоатҳои он ободу зебо гардида, роҳ ба кӯли Сарез боз мешавад ва водии Бартанг ба макони дӯстдоштаи меҳмонону сайёҳон табдил меёбад, ки ин ҳам манбаи даромад ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинони маҳаллӣ мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон гуфта, дар баробари дастоварду пешравиҳо дар ноҳия як қатор мушкилоту масъалаҳои ҳалношуда низ мавҷуданд, ки бояд ҳарчи зудтар ҳаллу фасл карда шаванд. Номбурда қайд намудааст, ки то ҳол бо баъзе сабабҳо масъалаи ба кор андохтани Корхонаи муштараки кони “Икар”-и ноҳия роҳи ҳалли худро наёфта, кашидани хатти барқ ба рустои Деҳи ҷамоати деҳоти Муъминшо Абдулвосиев ба анҷом нарасидааст: “Вобаста ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, вазорату идораҳои дахлдор бори дигар таъкид менамоям, ки ҷиҳати иҷрои ҳатмии супориши мазкур чораҳои бетаъхир андешида, аз ҷараёни иҷрои он то охири соли равон ба Ҳукумати кишвар гузориш диҳанд”.

Эмомалӣ Раҳмон иқлими Рӯшонро нисбат ба дигар ноҳияҳои Бадахшон муътадил ва барои боғпарварӣ хеле мусоид хонда, таъкид намудааст, ки пешрафти ин соҳа, дар навбати худ, боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мегардад. Раисиҷумҳур ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла хушк кардани меваро яке аз роҳҳои аз талафот эмин нигоҳ доштани маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ дар ноҳяи Рушон гуфтааст: “Бинобар ин, зарур аст, ки бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда ба рушди соҳаҳои чорводорӣ, зироату сабзавоткорӣ ва боғдорӣ ҳарчи бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, афзоиш додани саршумори чорвои хушзот, навъҳои серҳосили зироат ва истифодаи усулҳои нави боғдорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ тақвияти бештар дода шавад”.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарону мутахассисон ва хоҷагиҳои кишоварзиро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус истеҳсоли картошка, меваю асал ва маҳсулоти чорво тадбирҳои иловагӣ андешанд: “Дар баробари ин, бояд гуфт, ки бо сабаби фаъолият накардани насосҳои обпарто сатҳи обҳои зеризаминӣ дар баъзе мавзеъҳо баланд шуда, ба ҳосилнокии заминҳо таъсири манфӣ расонида истодааст”.

Ба иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба ин масъала ба Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Рушон супориш додааст, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои Дашти Вомар, Барзуд ва Таговҷангал, инчунин ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои ботлоқшуда чораҳои зарурӣ андешанд.
Мӯҳр
Салом Мухтарам Чаноби Оли ба харчоеки кадам нихед ончо обод мешавад дар тули 20-23 соли сарвариатон ба Бадахшон 54 маротиба рафтед Бадахшоне,ки сангзор хаст обод шуд дар хамон Вилояти Хатлон як нохия хаст Шурообод агар имконият мешуд якбор мерафтед яки хамон нохияхам бо кадами мубораки Шумо обод мешавад маркази нохияро аз як дехаи дурдаст фарк намекуни минадории худро ба Шумо мерасонем ман ободи хар як дехаи Точикистонро ободии хонаи худ медонам бо хтироми беандоза аз мардуми Сарбаланди Шурообод

Озодагон аз шумо эхтиромона хохиш менамоям хамон мавзуи манро пайгири кунед пешаки аз шумо минадорем

тарсу
мухтарам часур дар маркази Шурообод аллакай хонахои бисерошена комат афрухтаанд, бахили накунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)