Бахшҳо

Э. Раҳмон қоидаро вайрону ба Фарангис “через” кард (ВИДЕО)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фарангиси Раззоқ, хатмкардаи мактаби миёнаи рақами 12-и деҳаи Дуршери ноҳияи Ванҷ ваъда дод, ки сарфи назар аз натиҷаҳои тести супоридааш дар Маркази миллии тестӣ ӯ ба ҳар ихтиссосу муассисаи таълимие, ки мехоҳад, қабул хоҳад шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон 28-уми июл дар мулоқот бо фаъолони Ванҷ аз баромади Фарангиси Раззоқ тавсиф намуд, ки озодона ва бо нутқи бурро суханронӣ кард. Фарангиси Раззоқ дар баробари дигар намояндагони ноҳияи Ванҷ суханронӣ карда, сулҳу суботи Тоҷикистонро натиҷаи талошҳои Эмомалӣ Раҳмон хонда ва афзуд, ки муҳассилини муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ аз сиёсати хирадмандонаи раисиҷумҳур пуштибонӣ мекунанд.

Дар пайи баромади ин ҷавондухтар Эмомалӣ Раҳмон суол кард, ки ба кадом ихтиссос, ба кадом кластер ҳуҷҷат супоридааст ва посух гирифт, ки ба кластери 5. Раисиҷумҳур афзуд, ки ин кластер тахассуси марбут ба тибро фаро мегирад ва ваъда дод, ки сарфи назар аз нишондодҳои компютер ин духтар ба ҳар муассисае, ки худаш мехоҳад, метавонад дохил шавад: “Духтарам, дар як деҳаи дурдаст, байни куҳҳои сарбафалак, озоду бо чунин нутқи бурро дар назди роҳбари давлат ва ҳазорон ҳамватан суханронӣ кардан, худаш қаҳрамонӣ аст. Як ҷаҳон ташаккур. Байни ҳамаи мардум мегӯям, агар ҳамон компютер ҳам агар вай дошта бошад, ҳисоб кун, ки баҳоят 5. Ин ҷо биё назди вазир. Кадом донишгоҳе, кадом ихтисосе, ки завқ дорӣ, навис, рав хон”.

Ин дар ҳолест, ки тибқи қоидаҳои дохилшавӣ танҳо аз холҳои гирифта ва натиҷаҳои тесту нишондодҳои компютер вобаста аст, ки довталаб ба кадом муасссиса ва ихтиссос қабул хоҳад шуд. Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо фаъолсозии Маркази миллии тестӣ таъсири омили инсонӣ кам шуда, тағобозию ба истилоҳ “через” аз байн меравад.


ВИДЕОИ мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳияи Ванҷ
Мӯҳр
ш душанбе
ин хелам мешудаст ку ..Маркази миллии тестӣ гуфтан ки баъмеди хечкас нашавед....хато як нафарро мо дастгири кунем 30 нафари дигар аз накашаи марказ аз доираи копутер бечо мешавад ...чихел ин Духтарак аз мандат нагузашта табрикаш карданд..Мо нафахмидем...мохам аз рохи дур омадааем....

Руми
паёмаки Маркази миллии тести, ки ба довталабон мефиристад" Шумо ба озмуни таксимот рох ёфтед" маънои донишчуй шуданро надорад. Онхое, ки баллашон кам нишон дода шудааст, бо дигар рох дохил мешаванд.

Точикам
дар вазифахои поён будагиё льгот,доштанду сарвари давлат хукуки як льготро надарорад...!

бетараф
мухтарамон, бахили накунед, дар хакикат ин духтар босавод аст ва мумкин худ дохил шуда бошад.Чаноби оли барои он чунин гуфт, мумкин фактори одами дар маркази тести рох наефта бошаду, чунин шахсони босаводи дехоти канор намонанд. Дигар инчо чизе нест. Мардуми кухистон кариб хамаашон босаводанд ва лоики дохил ба хар донишгохро дороанд. Чаноби Оли исбот намуданд, ки он кас дар хакикат гамхори мардуми одди хаст ва менмонад. Дустон биёед вазро холисона бахогузори намоем.

Ватандор
Ин Радиои "Озоди" ягон вакт дар ободию тинчии Точикистон набуду нест. Чаноби Оли -Рохбари Давлат аст, хукук дорад, ки 1садхо духтару писарбачаро бе озмуну бе имтихон ба мактабхои оли роххат дихад. Барои ин хизмат кардааст. Шумо ба дахони бахилон калима наандозед. Вай духтараки Ванчи низ меарзад.

кулябец
Ин хам омади кор!! Бигузор як кухистони хонад!! Агар баромад намекард 15000$ аз кучо меёфт барои дохил шудан!???

Ой Мардум Чаро ба ин Духтарак бахили мекунед? чи тавре ки мо медонем духтарони Дехотихо босавод ба назар мерасанд .....бахили накунед бгзор духтарак хонда мутахасиси хуб шуда барои халку ватанамон хизмат намояд дар оянда.......

просто андеша
Салом ба хама иштирокдорони ин камент . Акидаи ин мардумро хеч намефахми ба андешае "Хам дар наъл мезананд хам дар пошна" Агар хамин як духтари рохбар мешуд мегуфтанд, ки тагобози ба ин то чое бовар кардан мумкин буд. Вале худ казоват намоед,ки Сарвари давлат холисона аз сухбатащ ифтихор кард ва чунин имтиёзро дод пеш аз хама ба волидонаш ахсан гуфт. О замин ба осмон нарасидааст ку як духтари дехоти тасодуфн саводнок шуд. Шояд инро хама тавассути шабакахои телевизиони асл диданд, худ казоват намоед, ки сайтхои Озодию Озодагон ба чуз чангандозию фитнарези ба кори дигаре машгул нестанд, Наход дар ин кадар сухбатхои бо мардуми бадахшон кардааш сухане ба манфиати чомеа нагуфта бошад, ки дар хакии хамин духтарак зомин шуда аз паша фил месозед. Мухтарам рохбарияти озодагон ва муалифи ин матлаб ба маошро халол карда дихеду халол карда гиред садкаи оромии точикистон шави ин сухан ба сурогаи муаллифи ин матлаб. Агар вокеъбин боши ин матлабро интишор кун ва гарна ту хам намояндагии ифротагроёни Сурия беш нести

Дар хакикатанхам ин падари бузург ин марди бо хирад хамеша дар фикри халку миллат аст,худованд нигахбон бошадаш ин сарвари миллати Точикро.

Шахбоз
Як духтар аст. хеч гап не. бояд ба тамоми духтарон чунин мукофот дода шавад. Зеро мо проблемаи чидди дорем. Духтурзан барои чарохии занон, Корманди ВКД зан барои занони чинояткор, Зан таможный барои чустучуи либоси занон, зан муаллима. ОФАРИН Чаноби Оли!!!

Фикр мекунам ягончои койида вайронкуни нест, хамасола аз хисоби Президенти мамлакат квотахо пешбини мешавад ва ин квотахо хос ба донишчуени бояд амали гардад. Дар хамин радиф Чаноби Оли пурра хукуки пешбари карданро дорад.

МО ТОЧИКХО ХЕЧ АЗ ХИСЛАТИ БАХИЛИ БА ЯКДИГАР НАМОНДЕМ ДААА!!!МО МИЛЛАТИ ХУДКУШИ БЕГОНАПАРАСТ ХАСТЕМ.ОШ ШАВАД БА ХАМОН ДУХТАРАКИ КАМБАГАЛ,ХУДОЧОН ДОДАСТША.ЧАНОБИ ОЛИ БОШАД ХАМЧУН РОХБАРИ ДАВЛАТ ХАК ДОРАД ДАР БАЪЗЕ МАВРИДХО ЧУНИН РАФТОР НАМОЯД. БИЁЕН ХАМИ БАХИЛИРА МАХСУСАН НИСБАТ БА ЯКДИГАР МОНЕМУ ВАТАНАМОНА САРЧАМЪОНА ОБОД СОЗЕМ. ФИКРИ МАН ХАМИН АСТ, КИ МО БОЯД ХИСЛАТХОИ ХУБИ ИНСОНИРО АЗ ДИГАР МИЛЛАТХО ГИРЕМ,МАСЪАЛАН АЗ ЧЕЧЕНХО ВА РОХБАРИ ОНХО РАМЗАН КОДИРОВ, КИ ДАР ОНХО ДАСТГИРИИ ЯКДИГАР ВА ХУРМАТУ ИЗЗАТ НИСБАТ БА КАЛОНСОЛОН ДАР ХАР МАВРИД ДАР МАДДИ АВВАЛ МЕБОШАД.

Ин хуб аст. Лекин аз хисоби квотаи президенти чой додан лозим, на аз хисоби умуми. Набошад баробари ва коидахои кабул ба МОТ вайрон мешаванд. Дигар чавонони довталабро низ бояд фикр кард - барои онхо принсипи адолат зери по мегардад.

Пас Маркази тестӣ чӣ лозим аст?

Чамшед
Салом дустон
Ба ингуна кор через намегуянд, ташвик ва чазби чавонони бо савод мегуянд. Э. Рахмон бехтарин корро анчом додааст. Дуруд бар Э. Рахмон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)