“ФСБ” ду тоҷикро дар марзшиканӣ айбдор мекунад
Додситони вилояти Омски Русия ифтитоҳи парванда алайҳи ду тоҷикро барои марзшиканӣ қонунӣ хондааст.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод Хадамоти амнияти федералӣ ё худ “ФСБ” рӯзи 15-уми июл дар дидбонгоҳи “Исилкул” миёни Қазоқистону Русия ба ду шаҳрванди Тоҷикистон ба далели қонуншиканиҳои қаблияшон иҷоза надодааст, ки вориди Русия шаванд: “Барои он, ки шаҳрвандони мазкур қаблан қоидаи будубош дар Русияро нақз карданд, ФСБ барояшон иҷозаи вуруд ба Русияро надодааст. Бо вуҷуди ин шаҳрвандон бо маслиҳати пешакӣ шаби 19-уми июл талош кардаанд, аз Қазоқистон ба Русия гузаранд, аммо аз ҷониби марзбонон боздошт шудаанд”.
Ба иттилои манбаъ феълан шаҳрвандони Тоҷикистон дар боздошт буда, алайҳашон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз бо маслиҳати пешакӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Додситонии Омск иттилоъ додааст, ки барои чунин қонуншиканӣ то 6 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |