Бахшҳо

Обама: "Ҳеч кас набояд барои тамоми умр президент бошад"

Барак Обама, раисҷумҳури Амрико дар поёни сафараш ба қораи Африқо ҳушдор додааст, ки агар раҳбарони ин минтақа бо анҷом ёфтани давраи риёсаташон аз қудрат канор нараванд, ин қора пешрафт нахоҳад кард.

Ба иттилои бахши форсии Бӣ-Бӣ-сӣ, Борак Обама гуфтааст, “Ҳеч кас набояд барои тамоми умр президент бошад”.

Раисҷумҳури Амрико аз раҳбарони кишварҳои африқоӣ хостааст, ба сарқонуни давлатҳои хеш эҳтиром бигзоранду бо поён ёфтани давраи риёсаташон аз мақомҳои худ канор раванд: “Гоҳе мешунавед, ки бархе аз раҳбарон мегӯянд, ман танҳо нафаре ҳастам, ки метавонад, ин миллатро нигаҳ дорад. Агар ин дуруст бошад, пас он раҳбар воқеан дар сохтани миллати худ шикаст хурдааст”.

Ӯ дар нишасти Иттиҳоди Африқо, ки 54 кишвар ба узвияти он шомиланд, афзудааст, “Ман намефаҳмам чаро мардум мехоҳанд, барои замони тулоние сари қудрат боқӣ монанд. Бахусус вақте пули зиёд доранд”.

Раисҷумҳури Амрико таъкид кардааст, ки демократия танҳо гузаронидани интихоботи шаффоф нест: “Замоне ки рӯзноманигорон ба хотири анҷоми корашон пушти панҷара қарор мегиранду фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз сӯӣ ҳукуматдорон таҳдид мешаванд, Шумо метавонед, номи демократӣ дошта бошед, на асли онро!
Мӯҳр
Абдулло
Тарчумаи нодуруст! Аз ин агар матни асли мешуд он фахмо буд ба фикрам.

Рустам
Дуруст кайд намудааст Обама, чунин холат дар Осиёи Маркази низ вучуд дорад. То гамуран аз вазифа намераванд, ё ки онро мероси карданианд.

Ватандуст
Беҳтарин ҳушдор!!!
Вале дар давлатҳои автократи президент мехохад ки то охири умр президент бошад.Боз бадиаш ин ки шарикони президент хам то охири умр бо вай дар хукумат мемонанд ва

Ба ЧО
Гоҳе мешунавед, ки бархе аз раҳбарон мегӯянд, ман танҳо нафаре ҳастам, ки метавонад, ин миллатро нигаҳ дорад. Агар ин дуруст бошад, пас он раҳбар воқеан дар сохтани миллати худ шикаст хурдааст”.

Барак Обама

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)