Бахшҳо
29 июл 2015 17:52Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Амрико: 78 тоҷикистонӣ истисмори шаҳвонию меҳнатӣ шудаанд

Департаменти давлатии Амрико бо нашри гузориши ҷаддид дар мавриди қочоқи инсон изҳор доштааст, ки истисмори мардон, занон ва кӯдакони тоҷикистонӣ дар дохилу хориҷи кишвар ҳанӯз ҳам ҷой дорад.

Ин ниҳод бо нашри гузориш барои соли 2015 изҳор доштааст, ки “муҳоҷирати густурдаи меҳнатии мардон ва ҷудошавии ғайрирасмияшон аз ҳамсар, занону кӯдаконро осебпазир кардааст. Мардону занони тоҷик дар сохтмон ва хоҷагии қишлоқи Русия, Аморати Араб ва ба ҳадди камтар дар кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ мавриди истисмори меҳнатӣ қарор гирифтаанд. Занон ва кӯдакони тоҷик умдатан дар Аморати Араб, Русия ва инчунин Арабистон Саудӣ, Қазоқистон, Афғонистон ва худи Тоҷикистон ба истисмори шаҳвонӣ дучор мешаванд”.

Вазорати умури хориҷӣ афзудааст, гузоришҳо нишон медиҳанд, ки занон ва духтарони тоҷик барои издивоҷи иҷборӣ ба Афғонистон интиқол ёфтаанд, ки ин мунҷар ба бардагӣ мешавад.

Манбаъ инчунин аз меҳнати кӯдакони тоҷик дар хоҷагии қишлоқ зикр карда, илова намудааст, ки тибқи гузориши ҳукумат соли гузашта се хоҷагии фермерӣ барои истифодаи меҳнати кӯдакон дар майдони пахта ҷаримабандӣ шудаанд. Тибқи ин гузориш соли 2014 мақомоти тоҷик 26 ҳолати қочоқи инсонро ошкор кардаанд. Ин нишондод соли 2013 ба 17 адад баробар будааст.

Аммо созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, соли 2014 ба 78 қурбонии қочоқи инсон дар Тоҷикистон кумакҳои ҳифозатӣ кардаанд, ки аз ин 53 нафарашон мавриди истисмори меҳнатӣ, 23 нафар мавриди истисмори шаҳвонӣ ва 2 нафар ҳам истисмори меҳнатию ҳам шаҳвонӣ шудаанд.

Вазорати умури хориҷии Амрико ба мақомоти тоҷик тавсия додааст, ки тариқи корҳои профилактикӣ, фаҳмондадиҳӣ ва такмили қонунгузорӣ мубориза алайҳи қочоқи инсонро пурзӯр кунанд.
Мӯҳр
Маълум мешавад, ки Амрико кори дохилии худро монда, моро назорат дорад. Ин амрикоихо ба мо чи кор дорад. аз инхо эхтиёт бояд шуд.

Давлат дороги МО кучора нигох доранд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)