Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКХ иттилоъ доданд, зимни сӯҳбат ҷонибҳо иқтидори бузурги истифодаи захираҳои таҷдидшаванда дар Тоҷикистон ва гузариш ба ояндаи энергетикии боз ҳам устувори кишварро қайд намуданд.Иштирокчиёни мулоқот масоили ҳамкории оянда ва роҳҳои эҳтимолии барқарорсозии муносибатҳои наздик ва мутақобилан судманди миёни Тоҷикистон ва IRENA-ро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маврид ба ёдоварист,Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи таҷдидшаванда (IRENA) соли 2009 таъсис ёфта, қароргоҳи он дар Абу-Заббӣ воқеъ аст. Бо мурури замон IRENA ба шаҳри инноватсионии Масдар Ситӣ, ки ҳоло мавриди сохтмон қарор дорад, интиқол дода мешавад. Дар ҳоли ҳозир 155 кишвари ҷаҳон бо Агентӣ ҳамкорӣ доранд. Тоҷикистон дар миёни аввалинҳо ба Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи таҷдидшаванда (IRENA) ҳамроҳ шуд.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Июн 2023 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 |