Бахшҳо

Даъвати Маматалиев аз вазорату идора ва соҳибкорон барои кумак ба Тоҷикистон

Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон аз омодагии кишвараш барои кумак ба ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди рафъи хисороти офати табиии ахир хабар додааст.

Муовини нахуствазири Қирғизистон дар ҷаласаи кории рӯзи 29 июлаш аз масъулини ниҳодҳои зиррабти давлатии ин кишвар хостааст, масъалаи кумак ба сокинони осебдидаи Тоҷикистонро ҳал кунанд. Ӯ гуфтааст, “бо назардошти хисороти офати табиии ахир ба сокинони Тоҷикистон фикр мекунам, ҳама гуна кумак аз ҷониби мо дар ин вазъият барои ҳамсоякишварамон бисёр саривақтӣ хоҳад буд. Тавре ҳамаи мо медонем, ҳоло бо Тоҷикистон равобити хуби дӯстона дорему вақтҳои охир он боз ҳам тақвият меёбад”.

Муовини нахуствазири Қирғизистон изҳор доштааст, ҳоло ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи хисороти офати табиӣ ба сӯзишворӣ, семент, арматур, лӯлаву сеткаҳои оҳанин, трансформатор ва масолеҳи дигари сохтмонӣ ниёз дорад: “Барои мо зарур аст, ки ин масъаларо ҳар чи зудтар дар асоси хоҳиши ҳамсоякишвар ҳал кунем”.

Маматалиев аз тамоми раҳбарони ниҳодҳои зиррабти кишвараш хостааст, ин масъаларо дар муддати се шабонарӯз ҳал кунанд ва Вазорати умури дохилии Қирғизистонро муваззаф кардааст, корвони мошинҳои ҳомили кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистонро ҳамроҳӣ кунанд. Муовини нахуствазири Қирғизистон афзуда, ӯ ба тамоми гузаргоҳҳои марзии кишвараш дастур додааст, то ҳангоми убури мошинҳои ҳомили кумак аз дигар давлатҳо ба Тоҷикистон монеа эҷод накунанду аз ҳама гуна иқдомҳои бюрократӣ худдорӣ кунанд.

Дар ин ҷаласа ба раҳбарони ниҳодҳои давлатии Қирғизистон дастур шудааст, то аз тоҷирон ва соҳибкорони қирғиз даъват кунанд, барои кумак ба сокинони зарардида аз офати табиӣ дар Тоҷикистон саҳм гузоранд.
Мӯҳр
Раҳмат ба падарат. Ин аст оини ҳамсоягӣ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)