Бахшҳо

Ҷузъиёти тирпаронӣ ва ҳалокати ҷавони 20-сола дар Бадахшон

Шаби 29-уми июл дар пайи муноқиша миёни ҷавонон дар ноҳияи Рӯшон як ҷавони 20-сола аз пешонияш тир хӯрдааст.

Тавре манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, муноқиша миёни ҷавонони деҳаи Баррӯшон ва Вомар-маркази ноҳия сар задааст, ки дар натиҷа Бадавлат Хушбахтзода, донишҷӯ аз деҳаи Вомар аз тири таппонча ба ҳалокат расидааст: “Ӯ аз пешонияш тир хурда, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Пеш аз зуҳри имрӯз, 30-юми июл ҷанозаи марҳум ба хок супорида шуд”.

Манобеи “Озодагон” мегӯянд, муноқиша миёни ҷавонони ду деҳа аз он оғоз шудааст, ки чанд рӯзи қабл сокинони деҳаи Баррӯшон роҳи корвони мошинҳои тӯёнаи домоду арӯс аз деҳаи Вомарро баста, 600 сомонӣ ҳаққашонро талаб кардаанд ва ин боиси таниш миёни ҷавонон шудааст. Дар пайи ин қазия ҷавонони Вомар рӯзи гузашта, як ронанда аз деҳаи Баррӯшонро бо як духтари ҳаммаҳали худ дида, латукӯб кардаанд. Ҷавони латукӯбшуда бо таппонча баргашта дар маркази Вомар ба пешонии Бадавлат тир холӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, номи нафаре, ки тир холӣ кардааст, маълум аст, аммо дар бораи боздошташ то ҳол иттилое дода намешавад.


Дар сурати дастрас шудани шарҳи расмии ин хабар “Озодагон” онро ироаи хонандагон хоҳад кард.


Акси Бадавлат Хушбахтзода аз шабакаи иҷтимоӣ гирифта шудааст
Мӯҳр
Рохгузар
Салом Худо гузаштаро рахмат кунад. Баъдан хаминро гуфтани хастам тамоми намуди конунбароварда мешавад як конуни дигар бароран то рохбанди дигар нашавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)