ВИДЕО: Поёни ҳамоиши машваратии Душанбе
Ҳамоиши машваратии умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои башардустӣ, ки тайи се рӯзи ахир дар Душанбе идома дошт, ба кори худ хотима бахшид. Ҳамоиши мазкур бо иштироки 200 намоянда аз 16 давлат ва ташкилоту идораҳои байналмилалӣ як даври Ҳамоиши умумиҷаҳонии башардӯстӣ аст, ки 23 ва 24 майи соли 2016 бо ҳузури дабири кулли СММ дар Истанбули Туркия баргузор мешавад.Гюн-ва Кан, ёвари дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои башардустӣ доир кардани чунин машваратҳоро имкони хуби пайдо кардани роҳҳалҳо барои бартараф сохтани норасоӣ ва мушкилоти ашхоси аз офатҳои табиӣ ё низоъҳо зарардида хонд. Хонум Кан дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, машваратҳои Тоҷикистон як қисмати ҷараёни бузургест, ки дар самти кумак ба зарардидаҳо оғоз шудааст: “Ин ҳамоиш барои ҳалли мушкилоти мардуме дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ равона шудааст, ки зери таъсири буҳронҳо ҳастанд”. Ин намояндаи СММ аз офатҳои табиии Тоҷикистон ёд оварда гуфт, солҳои охир ҷаҳон зиёд шоҳиди чунин офатҳо шудааст ва барои пешгирии он фаъолияти дастаҷамъона зарур аст. Хонум Кан аз меҳмоннавозӣ ва роҳандозии шароити хуб ҷиҳати баргузории ҳамоиш аз ҳукумати Тоҷикистон изҳори ташаккур карда гуфт, “мутаассифона имкон надоштам аз шаҳри Душанбе дидан кунам, вале нақша дорам, ба тамошои обанбори Норак биравам”. Доктор Ҷамила Маҳмуд, дабири кулли ҳамоиши машваратӣ оид ба масъалаҳои башардустӣ мегӯяд, дар доираи конфронс се мавзӯи муҳим -- офатҳои табиӣ, низоъҳо ва гурезаҳо баррасӣ гардидааст. Ӯ гуфт, “агар дар доираи чунин чорабиниҳо намояндагони ҳукумат, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, сохторҳои СММ ва хусусӣ гирди ҳам биёянд, пайдо кардани роҳҳалҳо соддаву осон мешавад”. Ҳаштумин Ҳамоиши машваратии умумиҷаҳонии башардӯстона дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, охирин ҳамоиши машваратӣ ва заминагузории рӯзномаи Ҳамоиши умумиҷаҳонии башардустӣ мебошад, ки тайи ду рӯз (23-24 майи соли 2016) Дар пойтахти Туркия баргузор мешавад. VIDEO
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30