Ошкор шудани фасодхона дар маҳаллаи 33. Онро як зани 25-сола ташкил кардааст
Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, як манзилро дар маҳаллаи 33-и шаҳри Душанбе ошкор кардаанд, ки макони истеъмоли маводи нашъаовари гуруҳе аз ҷавонон будааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, кормандони Агентӣ хабари фаврӣ гирифтанд, ки меҳмонони яке аз хонаҳои маскунии маҳаллаи 33-и пойтахт дар ҳолати мадҳушӣ қарор доранд. Манбаъ мегӯяд, ҳангоми кофтуков бо истифода аз саги хизматӣ дар ин хона якчанд сӯзандоруи истифодашуда, вояи героин ва афюн ошкор гардид: “Меҳмонон дар ҳолати мадҳушӣ аз маводи нашъаовар қарор доштанд. Маълум гардид, ки меҳмонон дар ин хона маводи нашъаоварро бе ягон мамониат истеъмол мекардаанд. Дари ин хона барои дӯстдорони маводи нашъаовар доимо кушода будааст”.
Агентии назорати маводи нашъаовар мегӯяд, маълум гардид, дар як рӯз дар ин хона то ҳашт ҷавони синни аз 20 то 30-сола ҷамъ омада, маводи нашъаовар истеъмол мекардаанд. Манбаъ мегӯяд, ташкилкунандаи фасодхона зани 25-сола, сокини пойтахт, модари ду фарзанди хурдсол будааст, ки хонаро иҷора мегирифтааст.
Ба иттилои Агентӣ, дар пайи ин амалиёт ҳамчунин як сокини 30-солаи шаҳри Душанбе дастгир гардидааст, ки давоми ду моҳи охир меҳмонони фасодхонаро бо маводи нашъаовар таъмин менамудааст: “Ӯ иқрор шуд, ки якчанд моҳ инҷониб худаш ҳам героин истеъмол мекардааст”.
Масъулини Агентии назорати маводи нашъаовар мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи 205, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ташкил ё нигаҳдошти фасодхона барои истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |