Бахшҳо

Дар бораи боло бурдани нархҳо: Ба шаҳрдорӣ расондан даркор, ки...

Мақомоти зидахли Тоҷикистон ахиран эълон карданд, нархи хизматрасониҳо дар кишвар боло бурда мешавад. Аз ҷумла дар назар аст, нархи оби нӯшокӣ, барқ ва роҳкиро баланд гардад. Зимнан, “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид: БОЛО БУРДАНИ НАРХРО ЧӢ ГУНА МЕПАЗИРЕД?


Абдурраҳмон РАҲМОНОВ, рӯзноманигор ва сокини шаҳри Душанбе

Дар шаҳре, ки фасли тобистон ба биноҳои баландошёна об намебарояд, дар шаҳре, ки қариб ҳама васоити нақлиёти хидматрасонӣ аз ҳисоби мардум аст, чӣ гуна метавон нархи ин ҳамаро боло бурд? Шахсан ман дар ошёнаи чаҳорум зиндагӣ мекунам. 20 сол боз танқисии обро дорам. Вақте обҳисобкунак насб карданд, шодӣ кардем, ки акунун ин тобистон беоб намемонем. Ҳангоми ифтор об нест! Аслан ҳар иқдоме, ки шаҳрдорӣ пеш мегирад, бояд миёни сокинони пойтахт назарсанҷие дар пайи он баргузор намояд, то шаҳрдор бидонад, ки сокини пойтахти ӯ ба чӣ ниёз дорад ва ба чӣ қодир аст. Баланд бардоштани ҳар гуна нарх дар ин шабу рӯз, бахусус дар авҷи буҳрони молӣ аз рӯи инсоф нест. Шаҳрдорӣ бо командааш бояд роҳи ҳалли ин мушкилро ёбад. Камбудиро набояд аз киссаи мардум пӯшонид, зеро “харҷ агар аз киссаи меҳмон бувад, Ҳотами Той шудан осон бувад” гуфтаанд.

Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшинос

Пеш аз боло бурдани нархҳо бояд бо истифода аз тарз ва усулҳои илмӣ сатҳи зиндагии сокинони пойтахтро муқаррар намуда, сифати хидматрасониро таҳлил кард, ки то чӣ андоза талаботи истеъмолкунандагонро қонеъ мегардонад. Аниқ аст, ки новобаста аз чораҳои андешида ва чанд маротиба иваз шудани масъулини соҳаи нақлиёти мусофирбар, ин соҳа мушкилиҳои зиёд дорад. Муомилаи дағалонаи ронандагон бо мусофирон, надодани бақияпулӣ, суруду мусиқиҳои гӯшхарош, аз меъёр зиёд гирифтани мусофирон ва риоя нагардидани фосилаи ҳаракат ва ғайраҳо. Оид ба таъмини об бошад, нахуст манзили зисти ҳамаи шаҳрвандонро бо таҷҳизоти қаблан ваъдашуда таъмин кунанд, фишори муътадили оби нӯшокиро дар аксарияти биноҳои баландошёна, ба хусус дар фасли баҳору тобистон таъмин кунанд, маҷмӯи даромади шаҳрвандон ба воситаи доштани ҷойи кори доимӣ таъмину кафолат бояд дода шавад ва ғайраҳо. Ин роҳи осон аст, ки бидуни машварату таҳлили ҷиддӣ ҳар сол бар хилофи манфиатҳои мардум нархи хидматрасониро боло бурда, масъаларо ҳал кунанд. Ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи ҷахонӣ дар ин соҳаҳо масъалаи алоҳида мебошад.

Муҳаммадюсуф ШОДИЕВ, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Хеле ба асабоният қабул кардам. Зеро ин боло бурданҳо танҳо бар зарари маънавӣ ва иқтисодии ҷомеа аст. Дар ҳоле, ки нархи арзи асосӣ боло рафтаасту ҳама чиз бе ин ҳам қиммат шудааст, боло бурдани нархи обу роҳкиро масали “дуздро қарақчӣ зад”-ро мемонад. Оё мешуда бошад рӯзе, ки нархи ягон чиз поин шавад, чуноне ки таърихи давлатдориҳои ҷомеавӣ борҳо исбот кардаанд, ки МЕШАВАД. Мисол СССР, Канада ва то инқилобҳои арабӣ кишварҳои арабӣ ҳаракат мекарданд, барои мардум сабукие биоваранд. Мо-ку ҷомеае ҳастем, ки метавонем, ҳадди ақал об ё барқро каме арзон намоем. Сабаби ин ҳама боло бурданҳо фикри киссаи худро кардани соҳибмансабон аст, на фикри сохтани ҷомеаи мутамаддин. Моро орзу ин аст, ки ҳамасола ингуна хизматрасониҳо на гарон, балки арзон шавад, он гоҳ мегӯем мо ҷомеае бунёд дорем, ки дар он зистан гуворост, алъон баръакс ҷомеае сохта мешавад, ки нигаронкунанда асту оқибаташ ба хайр бошад. Зеро таҳавулоти ҷамъиятӣ аз ҳамин гуна майда чуйдаҳо рух мезананд.

Абдумалик ҚОДИРОВ, коршинос

Аслан, болоравии нарху наво дар иқтисоди бозаргонӣ як ҳодисаи маъмул аст, ки вобаста ба пешниҳоду талабот танзим меёбад. Боло бардоштани қиммати молу коло ё хидматрасониҳое, ки монополияи давлат ҳастанд, бояд вобаста ба зарурат, бо назардошти қобилияти харидории мардум, бо иҷозаи мақомоти зидди инҳосорӣ сурат гирад. Ва дар сурати зарурат, маоши мардум низ бояд вобаста ба баландравии нарху наво “индексатсия” шавад. Вале имрӯз ҳақиқат чунин аст, ки қобилияти харидории мардум хеле паст аст, маош “индексатсия” нашудааст (ба истиснои ваъдаи баланд бардоштани маоши кормандони буҷавӣ дар моҳи сентябр), мақоми зиддиинҳосорӣ мустақил нест ва ҳарчӣ ҳукумат гуфт, ҳамонро мекунад. Дар чунин ҳолат, ягона роҳи дуруст, ин баланд кардани нархи обу роҳкиро “аз рӯи инсоф” асту халос...

Хушдил РАҲИМҶОН, сокини шаҳри Душанбе

Гумон намекунам, ки роҳи ягонаи раҳоӣ аз мушкилот ва ё бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самтҳо қимат намудани нархи хидматрасониҳо бошад. Зеро то ин муддат маротибаҳое шоҳид будем, ки боло бурдани нархи хидматрасониҳо нақши чашмрасе дар бартарафсозии мушкилот надоштаанд. Пардохти хизматрасониҳо бо фоизҳои баландшуда, агар асосҳои устувор ва муҳлати муайяну кафолате дошта бошанд, ба сахтӣ ҳам бошад, сурат мегирад, вале вақте чунин намешавад, сатҳи хушбинӣ ба ояндаро мекоҳонад. Ба гунаи мисол, асосе, ки барои боло бурдани нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт пешниҳод шудааст, қонеъкунанда нест ва гумон мекунам, набояд аз ҷониби роҳбарияти шаҳр пазируфта шавад. Мо зиёд атрофи мушкилот мегӯем ва ҳамзамон, фаромӯш намекунем бигӯем, ки масъулин бояд чораҷӯӣ кунанд. Агар роҳи ягонаи раҳоӣ аз мушкилоти соҳаро дар боло бурдани ҳаққи хидматрасониҳо дида бошанд, пас, ҷойи таассуф аст.

Ато МИРХОҶА, муовини раиси Иттифоқи нависандагон

Боло бурдани нарх бидуни зарурат сурат намегирад. Мақомот бе асос ба ин гуна амал даст намезанад. Дар мавриди об гуфтаниам, ки шаҳрдорӣ бояд ҳар чӣ зудтар ҳисобкунакҳои истеъмоли обро барои тамоми аҳолӣ ба итмом расонад. Он гоҳ ҳар кас мувофиқи масрафаш пул месупорад, об сарфа шуда, ба тамоми аҳолӣ мерасад ва онро ҳар кас ба полизи худ сар намедиҳад.

Мавҷуда СОҲИБНАЗАРОВА, воқеанигори масоили иҷтимоӣ

Аслан дар тамоми дунё барои хизматрасонии хуб маблағро баланд мебардоранд. Дар мо хизматрасонӣ бо ду пой мелангаду нархҳо рӯз ба рӯз боло мераванд. Ин аз он дарак медиҳад, ки ниҳоде нест, ки сатҳи хизматрасониро ба аҳолӣ пайваста, таҳлил кунад ва барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод ироа кунад. Ба ғайр аз ин нархҳо бояд баъди омӯхтани шароити иқтисодии мардум, ки қобилияти харидорӣ доранд ва ҳаққи хизматрасониро пардохта метавонанд ё не дида шаванд. Масалан, дар мавриди роҳкиро нархи роҳкиро чанд вақт баланд бардошта мешавад, аммо оё ба сифати беҳтар шудани хизматрасонӣ чӣ ниҳодҳо ва чӣ худи мардум таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Албатта, не. Ҳарчанд дар ҷумҳурӣ қонун дар бораи ҳифзи истеъмолгарон амал мекунаду яке аз бандҳои ин қонун ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон аст. Чашми касе намепарад. Умуман, худи мардум ҳам гунаҳкор ҳаст, чунки ҳуқуқҳои худро намедонанду талаб намекунанд, Агар таҳлил карда бароем, дар як моҳ як ронанда як мусофирро ҳудуди 30 - 40 сомон ба ҳисоби миёна фиреб мекунад, аммо мусофир ба ҷое муроҷиат намекунад, чунки медонад гӯши ҳақшунав нест. Магар мақомоти шаҳр инро намедонад, ё худ боре мушоҳида кардаед, ки корманди бозрасии нақлиёт, стандарт, бозрасии давлатии автомобилӣ аз салуни нақлиёт дидан карда бошанд, ки мусофир дар кадом вазъ аст. Барои вайрон кардани қоидаи роҳ ҷарима мекунанд. Пас чаро барои вайрон кардани қоидаи мусофиркашонӣ ва поймол кардани ҳуқуқи мусофир ҷарима намекунанд? Ба шаҳрдорӣ расондан даркор, ки агар ин навбат нархҳоро балан кунад, бе танга кунад, дар Тоҷикистон ҳоло ба бақия додан одат накардаанд.
Мӯҳр
Наклиёти мусофирбари шахрро аз руи график омода созед, тамоми мушкилихо хал мешаванд (ин конуни наклиёти шахрдори аст). Наход барои шахрдори ин мушкил бошад? 23 сол аст ки ин бардак хали худро намеёбад. Бовар кунед хамаи маршруткахои каллоб аз байн мераванд. Тамоми маданияти наклиёти шахрдориро ронандахо ва пулчамъкунакхои автобусу троллейбус вайрон кардаанд. Хеч набошад 2 моха курсхои маданиятдориро хам ба ронандахо ва пулчинакхро ташкил кунед.

Наход обро кимат кунедаааа. Рахму шафкататон кучо шуд? Ба чое ки нархро фароред баланд мекунед. Чаро пас нархои амволи мардумро дар бозорхо контрол мекунед? Давлат дар паст кардани нарх як боракак намунаи ибрат шавад намешад???

О кани гарантия ки вакте ки хисобкунак мечаспонанд боз нархи 1 литр об боло намеравад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)