Бахшҳо
04 авг 2015 09:10Тоҷикистон / Сиёсат

Далер Ғуфронов: Марг дар замони осоишта ҷомеаро воқеан ба таҳлука меоварад

Чаро бо вуҷуди дастури президенту чораандешии мақомот ва вокунишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ раванди марги сарбозон дар қисмҳои низомии кишвар хотима намеёбад? Чӣ бояд кард, то раванди кушта шудани сарбозон аз дасти хамхидматонашон хотима ёбад? "Озодагон" андешаи се соҳибназари тоҷикро дар ин маврид пурсид.

Файзинисо ВОҲИДОВА, ҳуқушинос

Ин ҷо як қатор омилҳое ҳастанд, ки яку якбора решакан кардани “сарбозозорӣ” ё “бобосолорӣ” (дедовшина)дар қисмҳои низомиро ғайриимкон мекунад. Афсаре, ки ду сол қабл ба қисми низомӣ даъват шуда, шаттаи бо ном “дед”-ро хӯрдааст, дар фикри интиқом мешавад ва ҳатман то поёни хидмат қасду ғарази худро амалӣ мекунад. Яъне, сарбози навомадаро таҳти мушту лагад қарор медиҳад, аммо фикр намекунад, ин сарбоз гуноҳ надораду ӯро дигарон латту кӯб намуда буданд. Ба ҳамин васила ин “анъана”-и ғайрирасмию ғайриинсонӣ идома дорад ва хоҳад дошт. Омили дигар ин саҳлангории афсарон дар хизмат, бе назорат мондани сарбозон ва аз рӯи оиннома иҷро накардани салоҳияти худи афсарон мебошад. Агар барои марги ҳар як сарбоз афсарон ва роҳбарони қисмҳои низомӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд, қисмҳои низомӣ бе назорат намемонданд.

Султони ҲАМАД, коршиноси масоили амниятӣ

Сабаби асосии идома ёфтани ин фоҷиаи бузурге, ки неруҳои мусаллаҳи моро дунболагир аст, яъне аз тарафи ҳамхидматон ба қатл расидани сарбозон, дар сафи артиш вуҷуд доштани падидаи номатлуби “бузургсолорӣ” ё “дедовшина” мебошад. Ин падидаи бадро, ки аз даврони шӯравӣ ба мо мерос мондааст, мо натанҳо натавонистем аз байн бубарем, балки мутаассифона ба назар мерасад, дар даврони истиқлолият бештар шудааст. Барои ҳамин бояд бо ҳамин падидаи номатлуб муборизаи оштинопазир бурда шавад. На танҳо касоне, ки бо ин кор машғул шуда, муртакиби ҷиноят мешаванд, бояд сазовори ҷазои сахттарин бошанд, инчунин бояд фармондеҳони бевосита ва худи вазоратҳои зидахл ҳам ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Вобаста ба зиёни расондашуда ҷаримаҳои ҳангуфтеро бояд болои онҳо ба фоидаи зарардидагон таҳмил кард. Имрӯз имконияти зери назорат гирифтани ин падидаи номатлуб дар қиёс бо замони шӯравӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳи мо хеле бештар аст. Имрӯз ҳар сари қадам дар хиёбону кӯчаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, масоҷид дурбинҳои назоратиро дидан мумкин аст. Чаро аз ин имконият дар қисмҳои ҳарбӣ истифода набарем? Шояд ин кор ба роҳ монда шуда бошад, вале самараи онро надида истодаем. Васоити ахбори омма танҳо бо овардани хабари фоҷиа иктифо накунад. Бояд як маъракаи маҳкум кардани ин падидаи номатлуб пайваста, доимӣ ва густурда ба роҳ монда шавад.

Далер ҒУФРОНОВ, сардабири “Элита”

Ба ростӣ, ман чораандешии мақомотро дар ин самт чандон мушоҳида намекунам. Аввалин мушкиле, ки вобаста ба ин масъала вуҷуд дорад, ин сидқан ҳавасманд набудани масъулин барои ҳалли мушкил аст. Зеро то кунун мо мешунавем, ки аксаран марги зӯроваронаи сарбозонро масъулин нодида гирифта, баръакс фарзияҳои афсонавии ин мусибатро эҷод мекунанд. Ин амал таҳқири сарбозон ва мотамзадагон аст. Агар ҳар кадом аз ин ҳодисаҳоро ҷиддӣ пайгирӣ карда, ба қотилон 26-соли зиндон (на каму на беш!) диҳанд, он замон умеде барои беҳбудӣ пайдо мегардад. Вагарна мо ба рӯзе хоҳем расид, ки ҳеч як марди ин миллат барои ҳимояи Ватан ирода нишон нахоҳад дод. Зеро марг дар замони осоишта ҷомеаро воқеан ба таҳлука меоварад.
Мӯҳр
Хизматро 1 сола карда баъзе имтиёзхоро ба аскархо раво бинанд хама мушкилихо хал мешаванд. То хатто муйсафедхо орзуи хизмат мекунанд. Лекин ин аробаи шикастагии артиши моро махсус рохбарият хаст ки намемонад тачдид шавад. Чунки аз ин хисоб манбаи даромади онхо хело хам хароб мешавад. Дар ин чо ба фикри ман худи сардори давлат бояд бо карори чиддии худ артишро тахти назорат гирад. Гарчанде, чандин маротиба сардори давлат оиди "облава" баромад карда буд. Лекин нархархо барои кисаи худ давраи даъват кардани аскархоро як манбаи даромади худ карор додаанд. Тасаввур кунед як чавонро аз куча доранд хатман 100 доллар гирифта уро рахо мекунанд. Гап бисёр аст, лекин гуш мекардаги нест.

Самак
Ман ба фикри муаллиф рози нестам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)