Бахшҳо

Кумитаи амният: Қирғизҳо бо силоҳ ва “котейли Молотов” 6 тоҷикро захмӣ карданд

Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитати амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия муноқиша миёни тоҷикону қирғизҳоро дар марз шарҳ дода, яке аз дастандаркорони муташанниҷ шудани вазъ дар сарҳадро Роза Усарова, вакили мардумӣ аз маҳаллаи ҷамоати Оқсойи Қирғизистон арзёбӣ кардааст.

Дар иттилоияи ин ниҳод, ки хабаргузории “Ховар” нашр кардааст, қазия муфассал чунин шарҳ дода шудааст: "25 июли соли ҷорӣ тахминан соати 11.30 дақиқа якчанд истиқоматкунандагони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара бо мақсади обёрӣ намудани маҳаллаи номбурда бо оби нӯшокӣ дар наздикии дарёи Исфара ҷамъ омада, қубурҳои обгузар мегузарониданд. Ин ҳангом, истиқоматкунандагони маҳаллаи Кок-Тоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Ботканти Ҷумҳурии Қирғизистон аз ин иқдом бохабар шуда, бо сардории яке аз иғвогарони маълум - Роза Усарова, вакили мардумӣ аз маҳаллаи ҷамоати Оқсой, ба назди дарёи Исфара ҳозир мешаванд, ки шумораашон тақрибан 130-150 нафарро ташкил медод. Роза Усарова бо ғавғоҳои иғвоангезонааш сокинони маҳаллии қирғизро ба шӯр оварда, ба фоидаи Ҷумҳурии Қирғизистон даровардани роҳи пиёдагарди минтақаи Мазор - оромгоҳи муштараки сокинони деҳаи Сомониёнро ба миён мегузошт”.

Манбаъ мегӯяд, баъд аз хархашаҳои дуҷониба, тахминан соати 16.00 ба ҷои муноқиша раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ва раиси ноҳияи Бодканд Кэниш Салихов ҳозир шуда, вохӯрии корӣ оид ба масъалаи мазкур доир намуданд ва ба хулоса омаданд, ки то санаи 28 июл тартиби гузаронидани қубурҳоро ҳал менамоянд: “То ҳол масъалаи бамиёномада ҳалли худро наёфта, ба ҷои ҳодиса аз ҳар ду тараф сокинони маҳалӣ ҷамъ меоянд ва муқобили якдигар сангпартоӣ мекунанд. Дар ин раванд, имрӯз санаи 4 август соати 12.30 аз ҷониби сокинони маҳаллаи Кок-Тоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканд Ҷумҳурии Қирғизистон истифодабарии силоҳи оташфишон-яроқи шикорӣ ва “коктейлҳои Молотов” ба сӯи сокинони ҷамъшудаи маҳаллаи Сомониён ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 6 нафар захмӣ гардида, айни замон 2 нафари онҳо бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи маҳалаи Наймани ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара бистарӣ карда шудаанд".

Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти сарҳадии Қирғизистон, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар робита ба таниши ахири марзӣ бо Райимбердӣ Дуйшенбиев, сардори Хадамоти марзбонии Қирғизистон суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ин суҳбат рӯзи 4 август сурат гирифта, дар он раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон ба зарурати муътадилсозии вазъ дар хатти марзи ду кишвар таъкид кардаанд. Инчунин ҷонибҳо аз омодагии худ барои ҳамкорӣ дар сурати тағйири вазъ хабар додаанд. Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби Тоҷикистон ба макони ҳодиса муовини сардори қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон сафарбар хоҳад шуд.

Дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон афзудааст, ҳоло барои ҳамоҳангсозии амали мақомоти қудратӣ ба вилояти Бодканд Искандар Мамбеталиев, сардори ситоди ин ниҳод сафарбар шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, намояндагони ду кишвар дар сатҳи ҷамоату ноҳияҳои марзӣ ба хулосае омадаанд, то музокиротро дар сатҳи раҳбарони вилоятҳо идома хоҳанд дод. Дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон вазъ дар маҳалли Майи ноҳияи Бодканди вилояти Бодканди ин кишварро муташанниҷ арзёбӣ кардааст. Манбаъ мегӯяд, ҳоло намояндагони ниҳодҳои марзбонии ду кишвар ҳамроҳ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъро пайгирӣ намуда, миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Суҳбати масъулини хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи сангандозии сокинони навоҳии сарҳадии ду кишвар сурат гирифтааст.

Рӯзи 3 августи соли равон таниши марзие дубора дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба миён омад. Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” ин муноқиша миёни сокинони марзии ду кишвар баъди он сар задааст, ки қирғизҳо роҳи оби тоҷиконро бастаанд: “Вақте тоҷикон хостанд, қубурҳои обгузарро барқарор кунанд, қирғизҳо ба сангзанӣ оғоз карданд. Тоҷикон низ ҷавоб дода, тарафи онҳо санг андохтаанд”.
Мӯҳр
точик
киргизхо бинанд: ки каме нарми болоят савор мешаванд,Хуб мешуд, ки ришдоронро ба ончой ба хизмат мефиристониданд.Чойи марди ончост, мухтарам Шох

чоркухи
кариб якмох мешавад ки кубурхоро бастаанд зироатхои мардум кайхо хушкшуда дарахтон баргашон забзард шуда кариб баргашонхам намондааст агар ба ин махалхо равед инчо тирамох мегуед албатта инсон дилаш месузад як дарахтро барои сабз кардан чикадар вакт лозим зийода аз садхо хазор дарахтон хушкшуда истодаанд ана сабаби замину рохфуруши якбор бахалк маслихат накарданд чунки аз сардори кишлок саркарда тоболо ба халкихуд намесузанд ин холо саршавиш холо мо бисйор азоб мекашем озодагон агар хамин хакикатро чоп накунед шумохам мо лагандбардори киргиз мехисобем

эрад Дж
Ку мардуми баори Исфара худатон кушиш кунен ба умеди давлат.....хам заминато мегиранду хам джонатонв..

ислом.70mail.ru
Бародар ин кадар Шох нагуед Шохатон дар назди Киргизхо муттахам аст. Иншооллох худи кумита аз уддааш мебарояд. Боз дар ин чо мардуми бо ъору номуси Хочаъало яъне Масчохиен зиндаанд метавонед хотирчамъ бошед.

Акаи Точик баръакс инхо ришдоронро ба турма меандозанд.

Албата ман ин хабарро аз радио шунида бисёр гамгин шудам. Ман бо як рафикам дар мошин будем. У гуфт ту девона хасти барои ин гамгин мешави. Ман ин суханонро аз у шунида боз хам гамгин шудам. Чаро мо Точикон дар дунё кадре надорем. Узбак моро мезанад, Киргиз мезанаду, Руссия ва гайра. Моро чи шудааст, ки бо хар васила заминхои камзаминамонро аз даст медихем. Мумкин аст, ки бо чунин рафтор Точикистон рузе аз байн меравад.Ин бади он сар шуд, ки мо кисме аз заминхоямонро ба хитой додем. Мо омодаем, ки ба ивази чон заминхоямонро аз чашмтангони бадру химоят кунем.

Точикистон
Ин киргизхо бисер аз худ рафтен, замини точикхоро забт карданд, давлати Киргизистонро ташкил намуданд, бо хамин ками кардаст мехоханд даръёхоро забт карда гиранд Мо бояд Артиши миллиро бакувват кунем, ки то душманон аз мо тарсанду ларзанд.

Масчоӣ
айби мардуми маҳал ҳам ҳаст.Дар Чоркуҳ 35 ҳазор аҳоли аст 90 фоиз ба дунёгӣ ғӯта зада парвои хоки Ватан надорад. Қирғизҳо бошад ҳамагӣ 1500-2000 Барои чӣ қирғизҳо чунин рафтори худро нисбати мардуми Хоҷаи Аъло раво намебинанд*? Барои он, ки ҳарчанд мардуми Хоҷаи Аъло ҳамагӣ 2-3 ҳазор нафаранд, қирғизҳо сахм метарсанд. Мард шудан даркор баору номус шудан даркор мардуми чоркуҳ вагарна фардо хонаатонро кашида мегиранд.

точик
ришдорон дар назар аст харакати исломии узбекистон ва агар каме бо дарахо коридор ташкил карда шавад пасон чи гуна зурии бародарони киргизро мебинем ва он вакт ба кадри хамсояги ва бародарии точикон мерасанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)