Бахшҳо

Пешниҳод: Барои нобиноён ҷойи садақагирӣ сохта шавад

Як хонандаи “Озодагон” пешниҳод кардааст, барои афроди маъюб, ба вижа нобиноён дар ҷойҳои серодам ва масоҷиду беморхонаҳо ҷои махсуси садақагирӣ роҳандозӣ шавад.

Ин хонанда пешниҳоди худро дар пайи нашри хабари “Боздошти 162 гадои ноболиғ: Дар 1 рӯз 300 сомонӣ кор мекунам...” ироа кардааст. Дар ин хабар гуфта мешавад, мақомоти умури дохилии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли равон 162 ноболиғро барои талабандагӣ дар хиёбонҳо боздошт кардаанд. Дар пасманзари ин хабар аз гузориши Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ёд мешуд, ки аз афзоиши талабандагии ноболиғон дар пойтахт иттилоъ дода мешуд. Савригул, гадодухтари наврас дар кӯчаи Лоҳутӣ дар ин навор мегуфт, даромади рӯзонааш 250-300 сомонӣ мебошад.

Хонандаи торнамои хабаргузории “Озодагон” дар пайи ин рақам навишта, “даромади хуб”. Ӯ, ки номашро ифшо накардааст, мегӯяд, ба дунболи хабар фикри ғалатие ба сараш омадааст: “Мефахмам, ки на ҳама онро қабул мекунанд, аммо ба ҳар ҳол мегӯям”. Ин хонанда меафзояд, дар ҳоле ки маъюбон ва хусусан нобиноён аз корхонаҳошон маҳрум шуда, “кор карда зиндагиашонро пеш бурда наметавонанд, шояд ба онҳо дар назди бозору беморхонаю масоҷид ва ҷойҳои мардумгузар ҷои садақагирӣ ҷудо кунем? Бо навбат баромада, кор кунанд. Ҳар хел мардумфиребонро пеш кунанду инҳоро шинонанд”.

Ин дар ҳолест, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе рӯзи сеюми август дар ҷаласаи шаҳрдорӣ аз талабандагӣ дар кӯчаву роҳҳои нақлиётии шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ карда, аз масъулини Раёсати умури дохилии пойтахт хост, ҷилави ин равандро бигирад.
Мӯҳр
Бародар
Ба фикрам хамин муаллиф худаш низ дар хунаш гадои хаст бо хамин пешниходаш! Суратхисоб кушоянд ба хамаи маъюбон, ва вакти мохонагири шахрвандони хамон махалхо хисобчихо аз онхо мувофики хосташон маблаги ночиз хам шавад гирифта гузаронад ба хисобчи ва кормандон хайрашон сари вакт мерасад дигар аз корхои кардаашон назди худованд наметарсанд

ец
Пеш аз як чизро пешниход кардан андеша кардан лозим аст. Оё хамин пешниход амалишаванда аст? Пагох хама худро кур гуфта рафта хамон чо мешинад? Ки тафтиш мекунад, ки кадоми аз онхо кури хакики асту кадомаш не? Чи хел назорат мекуни ки кадомаш чанд соат он чо нишаст? Шлагбаум мегузори? Магар хубтар нест, ки давлат ба курхо нафакаи баланд таъин кунаду он бечорахао ба гадои машгул нашаванд?е

саид
Хукумат ин хама проблемаро бар души мардум гузорад пас вазифаи хукумат чист факат андозбанди.

Душанбеги
Бо пешниходи таъсис додани чойхои махсус барои садакагирандагон катъиян набояд рози шуд. Рохи расидан ба ин максад - дар сар то сари кишвар аз чониби чомеа, хамаи сатххои идораи давлатию хукумати ва уламою масочид пурра ичро кардани Конуни ЧТ "Дар бораи эхсонкори" мебошад. Дар ЧТ шумораи зиеди ташкилотхои гайрихукумати вучуд доранд, ки фаъолияти асосии ойинномавиашон кумакрасони ба табакахои камбизоати ахоли мебошад. Хамин ташкилотхо зимни хамкории зич бо сохторхои хукуматии хифзи ичтимои, кумитаи ваъиятхои фавкулодда, кумитахои махаллахо бояд маводи хайрияро аз шахрвандону идорахою корхонахою масчидхо чамъ карда ба ашхоси ниезманд бевосита (унвони) дастрас намоянд. Рохи назорат аз болои чунин фаъолияти ташкилотхои гайрихукумати хаст - назорати ичрои фаъолияти оинномавии онхо аз чониби вазорати адлия ва Шурои чамъиятии ЧТ.
Ташкил кардани чойхои махсус барои гадохо - барои хар як точикистони шармандагист.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)