Ашт: Зани 56-сола худро овехтааст
Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд як зани 56-сола худкушӣ кардааст. Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят иттилоъ дода, афзуданд, ин ҳодиса рӯзи 3 августи соли равон ба вуқӯъ пайвастааст.
Ба иттилои манбаъ, ин зан, ки дар ҷое кор намекардааст, дар манзили истиқоматиаш худро овехтааст: “Феълан мақомоти дахлдор иллати даст ба худкушӣ задани ин занро дақиқ мекунанд”.
Нодира Мирзозода - раҳбари Раёсати кор бо занон ва оилаи Суғд дар нишасти хабарие рӯзи 7 июл гуфт, дар шаш моҳи сипаришуда дар қаламрави вилоят 56 намояндаи ҷинси латиф худкушӣ кардааст. Ба қавли ӯ, аксари ҳолатҳои худкушии бонувон дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Исфара ва Ғончӣ ба қайд расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |