Бахшҳо

ВИДЕО: Боло бурдани нархи обу барқ ва роҳкиро “ягон ҷойи даҳшат надорад”?

Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар нишасти ахири матбуотии ин ниҳод нияти мақомоти соҳавиро барои боло бурдани арзиши хизматрасонии обу роҳкиро дар Душанбе тасдиқ намуда, гуфт, корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” барои боло бурдани нархи хизматрасонӣ барои об то 38 дарсад ва муассисаи давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон” барои боло бурдани роҳкиро то 14-15 фоиз, ба ин ниҳод муроҷиат кардаанд.

Ба қавли номбурда, хадамот пешниҳодҳои мазкурро омухта хулосаҳои худро ба мақомоти дахлдор ироа кардааст. Ӯ инчунин таъйид намудааст, ки нархи хизматрасониҳои пулакӣ дар муассисаҳои таълимӣ то 10 дарсад боло меравад. Дар пайи ин хабар ва сару садоҳо атрофи боло бурдани нархи хизматрасониҳо дар Душанбе “Озодагон” аз сокинон ва меҳмонони пойтахт пурсид, ки боло бурдани нархҳоро чигуна мепазиред?

Бештари пурсидашудаҳо гуфтанд, дар шароити имрӯз, ки зиндагии мардум базӯр мегузарад, ин тасмими мақомот барояшон гарон хоҳад буд. Ба гуфти иддае аз сокинон, дар ҳоле ки маош ва нафақа барои як моҳ басанда нест, ин тасмимҳо зиндагии мардумро вазнин мекунад. Аммо нафароне ҳам тасмими боло бурдани нарх аз сӯи мақомоти соҳавиро ба тағйирёбии бозори асъор, беқурбшавии пули миллӣ ва баланд бардоштани моҳона рабт дода изҳор доштанд, “ин амри табиӣ буда, ягон ҷойи даҳшат надорад”.



НАЗАРИ ДИГАРИ СОКИНОНРО ДАР ИН ВИДЕО БУБИНЕД ВА АНДЕШАИ ХУДРО ЗЕРИ ОН БИНАВИСЕД.
Мӯҳр
сокини душанбешахр
баланд кардани нархи рохкиро ва обпули ин бар зарариихалки оддии захматкаш аст. ?0-80 фоизи сокинони пойтахт зиндагиро сар бонуг мегузаронанд. Албатта барои бобачахо таъсир нахохад дошт.Боварии комил дорем: ки шахрдори тарафи халки одиро мегирад ва нарххо бетагир мемонанд. Далелхои овардаи душанбехидматнаклет ва оьу корез асоси вокеи надоштпа, манфиати як гурухи кучакро ифода карда, ба манфиатхои идоравии онхо асос ефтааст. Аммо аксарияти мардуми шахр имконияти чунин пулсупориро пайдо нахоханд кард ва дар фикри тарки чумхури хоханд афтид.Чанбахои сиесии масъаларо ба назар гирифтан лозим аст. Идори зидимонополи бошад,кайхо идораи аз мардум дур мубадал гаштааст

Абдуллох
Аслан ин Хукумат дар фикри мардум нест! Факат дар фикри он хаст, ки чихел аз мардуми бечора пул зиедтар гирад

Шахбоз
Ин хадамотро бархам додан даркор. Хадамоте ки на фикри давлату на фикри халкоро мекунад чи даркор? Ин хадамот тамоми мардумро зидди ХУКУМАТ карданист. Халк ки сум надорад аз нархи баланди об, рохкиро, кувваи барк нолидесан ин хадамот бошад хама нархро боло мекунад.

Муродали
боло бардоштани нархх,о дар ин шабу руз ба фоидаи халк, нест, бинобар ин бигзор хадамоти зидди инхисори имсол хам хамин нархоро баланд накунад. тагийр надихед нархоро!

Ватандор
Хукумати шахр имруз бояд корро дуруст ба рох монад.Хуб мешуд,ки дар хар як махаллахо ва кучахои шахри Душанбе нозирони минтакави корро чоннок кунанд.Хар он нафаре,ки дар кайди шахр нест,аз шахр бароварда ба манзили зисти асосиашон фиристода шаванд.Бе кайди шахрванди икомат доштани мардум,ки аз хар манотики кишвар чамъ омадаанд, хуб нест. Дар маромномаи сокини пойтахт низ ин нукта зикр гардидааст. Имруз шахр обод шуда истодааст,аммо маданияти шахрвандон дар зинаи паст карор дорад. Шахр калон нест,аз ин хотир тозаву обод нигах доштани он вазифаи хукуматдорон ва шахрвандон аст. Як хохиши дигар шахри Душанбе чор дарвоза дорад, хуб мешуд, ки мошинхои боркашу мусофирон дар даромадгохи шахр нигахдори шаванд.Мардуме,ки озими шахр мешаванд аз наклиети дохилии шахри истифода баранд. Аз барои савоб мардуми шахр аз бемаданиятию бефаросатии мардуме, ки аз чор тарафи чумхури меоянд ба дод омадаанд. Мефахмам, онхо низ харид мекунанд, зиндаги доранд, аммо.... Илтимос хукумати шахри Душанбе дар ин масъала ва ба рох мондани этикети шахрванди камари химмат бандед.Шахр бояд шахр бошад, на кишлок... Нозирони минтакави аз паи тинчиву ороми ва бехбудии Душанбе бошед. Хар он нафаре,ки бе кайди шахрванди дар дар шахр карор дошта бошад, аз шахр бароред. Хукуки шахрвандони асили Душанберо илтимос зери по накунед. Аз руи ин беэътиноии аксари шумо дузди, фохишаги ва дигар корхои номатлуб дар шахр зиед шуда истодааст.

мардум
бахудо ки ман нафахмидам ин Хукумата нафахмидам, холо маоша баланд накарда, ки нархоя баланд мекунанд. баъд зиндагии мардуми бечора аз кучо нагз шаваддд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)