Мақомоти шаҳри Маскав қасд доранд дар зиёд намудани қаламрави пойтахти Русия аз нерӯи ҷадиди кории шаҳрвандони хориҷӣ истифода накунанд.
«Ба назари мо барои ба қаламрави Маскав илова намудани қитъаҳои нав ба муҳоҷирони нави корӣ ниёз нест. Барои корҳои сохтмонӣ нерӯи мавҷуда кофӣ аст»,-изҳор доштааст Сергей Собянин, мири пойтахти Русия ба нашрияи «Шоми Маскав». Николай Курдюмов, раҳбари эътилофи байналмилалии «Муҳоҷирати корӣ» низ гуфтааст, барои бунёди иншооти ҷадид ва корҳои дигар дар минтақаҳое, ки ба Маскав ҳамроҳ мешаванд, нерӯи зиёд лозим нест ва аз ин рӯ ба ҷалби нерӯи бештари муҳоҷирони корӣ ҳам эҳтиёҷ намемонад. Номбурда гуфтааст, феълан дар Маскав тибқи маълумотҳои мухталиф бештар аз миллион муҳоҷири корӣ ба сар мебарад. Аз ин теъдод 200000 иҷозаи фаъолият доранд. Ёдрас менамоем, бештари шаҳрвандони Тоҷикистон низ, ки қасди муҳоҷиратро доранд, ба пойтахти Русия мераванд.{jathumbnail off}
Мӯҳр