Бахшҳо

Шикояти милисаҳо аз пулҷамъкунии раҳбарият барои “ин сӯ он сӯ”

Гуруҳе аз маъмурони пулиси Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод аз роҳбарияти худ шикоят доранд, ки ҳар моҳ муҳосибот аз маошашон беасос маблағи муайянро мегирад.

Кормандони ин ШКД, ки нахостанд номашон ифшо шавад, дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, “ҳар моҳ тақрибан аз 25 то 70 сомониро аз маош мегиранд. Вақте сабаб ва ҳадафи пулҷамъкуниро мепурсем, шарҳ намедиҳанд, мегӯянд барои “ин су он сӯ”.

Як корманди дигари ШКД-и Шӯрообод афзуд, дар баробари пулҷамъкунӣ масъалаи рухсатии меҳнатӣ низ онҳоро нигарон кардааст: “Мо барои рухсатии меҳнатӣ гузориш менависем, ҷавобамон намедиҳанд. Вақте сафари корӣ равонамон мекунанд, маблағи онро ҳам намедиҳанд. Талаб мекунем, мегӯянд, натиҷаи корӣ надоред”.

Аммо Саидаҳтам Одинавев, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод дар шарҳи шикояти кормандонаш ба “Озодагон” гуфт, дар мавриди пулҷамъкунӣ чизе гуфта наметавонад: “Агар ном ва насабашро нагӯед, чизе гуфта наметавонам”.

Оқои Одинаев қайд намуд, рухсатии меҳнатӣ тибқи қонуни меҳнат дода мешавад ва барои суҳбати бештар хост ба утоқи корияш ҳозир шавем.

Дар ҳамин ҳол милисаҳои норозии ШКД изҳор доштанд, дар маҷмӯъ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба кормандони ин ниҳод қаноатманданд, танҳо хоҳиш доранд, вазорат фаъолияти роҳбарияти ШКД-и Шӯроободро мавриди санҷиш қарор диҳаду мушкили кормандонашро ҳал кунад.
Мӯҳр
Дохилӣ
Магар ягон ҷои ҳайронӣ аст?
Ин кор дар ҳама шуъбаҳо ва управленияҳо ҳаст.

Freedom
Бинобар хамин хам онхо мекушанд то дар бозору кучахо аз мардум пул чамъ кунанд. Бояд маошашонро бардошт.

Мухиддин
Ин конуни табиъат аст:хар хуррандаро мехуранд.

ш Душанбе
пулиси Шӯъбаи корҳои дохилии ...бечорахо рост мегуянд ..охир холеки милисаяи Точик дорад дар ягон давлати Дуниё нест ...умуман дар мо дар хама сохахо маош бастаст чихел дилашон мешавад аз маоши мо мегиранд ин соф даркор аст.... дустони азиз худатон казоват кунед чихел корупсияро аз байн мебардорем ....

Охй!!! Ин амал дар вазорати маориф чанд сол шуд хаст. Хафтаи пеш барои Бадахшон то 1000 суми чамъ карданд. Канда хуру пул нате. Кор кардан намемонанд.

Дар шуъбаи ШХДМ-И (ШКД) нохияи Рашт хол аз ин хам батар аст .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)