ВИДЕО: Тоҷикро дар латукӯби раиси “фанат”-ҳои Челябинск айбдор мекунанд
Расонаҳои Русия дар латукӯби Виталий Спиридонов, раҳбари ҳаракати мухлисони дастаи хокейи “Трактор”-и Челябинск шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистонро айбдор мекунанд, ки гӯиё дар пайгарди қонунӣ қарор дорад.
Феълан ин иттилоъ расман тасдиқ нашудааст, аммо расонаҳои русӣ мегӯянд, қазияи латукӯб соати 4-и субҳи 4-уми август дар пеши майхонаи “Топка”-и Челябинск сурат гирифтааст: “Миёни мухлисони “Трактор” ва гуруҳи ҷавонон муноқишае сар задааст. Ҷонибҳо барои ҳалли қазия ба беруни майхона баромадаанд”.
Тибқи навори сабткардаи дурбинҳои майхона ҷавони кулоҳпӯш бо як зарба Спиридоновро беҳуш кардааст. Дар пайи бархӯрд ба замин сари Спиридонов осеб дида, феълан дар ҳолати беҳушӣ дар беморхона бистарӣ мебошад. ВИДЕОИ муноқиша:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |