Бахшҳо
10 авг 2015 11:14Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Баъди 2 соли супориши Президент: Боздошти муттаҳамон дар қатли 2 хонаводаи соҳибкор

Мақомоти умури дохилии вилояти Суғд аз боздошти муттаҳамон дар қатли аҳли оилаи соҳибкори тиллофурӯш аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров-Аҳмадхӯҷа Бобоев ва саррофон аз шаҳри Хуҷанд- Бурҳоновҳо иттилоъ доданд.

Манбаи “Озодагон” дар раёсати умури дохилии вилояти Суғд иттилоъ дод, ки боздоштшудагон дар ду ҷинояти махсусан вазнин-қатли Аҳмадхӯҷа Бобоев бо ҳамсару се кӯдакашон ва инчунин қатли падару писари сарроф-Юлдош ва Фарҳод Бурҳоновҳо айбдор мешаванд: “Саррофон-Юлдош ва Фарҳод Бурҳоновҳо, ки яке 52 ва дигарӣ 29 сол дошт, охири декабри соли 2011 бо истифода аз силоҳи Калашников дар Хуҷанд ба қатл расонда шуданд”.

Куштори Бобоевҳо баъди қариб 1,5 соли қатли Бурҳоновҳо 2-юми июни соли 2013 сурат гирифт, ки сарусадои зиёдро ба бор овард ва ҳатто Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 20-уми июни соли 2013, зимни машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба мақомоти қудратии вилоят дастур дод, ки қотилони хонаводаи соҳибкор, Аҳмадхӯҷа Бобоевро пайдо кунанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ин робита эълон карда буд, соҳибкорони Суғд барои нафароне, ки барои ошкор кардани қатли 5 узви хонаводаи ин соҳибкор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусоидат мекунанд, 30 ҳазор доллар подош хоҳанд дод.

Вазорати умури дохилӣ дар робита ба қатли хонаводаи Бобоев иттилоъ дода буд, ки соати чори субҳи дувуми июни соли 2013 “шахсони номаълум бо яроқи оташфишон мусаллаҳ гашта, бо мақсади роҳзанӣ” ба манзили Аҳмадхӯҷа Бобоев (соли таваллудаш 1973), сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, даромада, ӯ, ҳамсараш ва се фарзанди кӯчакашонро ба қатл расондаанд.

Ба қавли манбаъ, оқои Бобоев ва ҳамсари 39-солааш -- Ҳаётхон Бобоева соҳибкор будаанд. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, афроди ношинос фарзандони ин хонавода -- Рухшона Бобоева, хонандаи синфи 9, Суҳробҷон Бобоев, хонандаи синфи 8-ро бо истифода аз яроқи оташфишони тамғаи АКМ-5,45-мм ба қатл расонда, Санҷарбеки шашсоларо ба ҳаммомхонаи ҳавлии истиқоматиаш маҳкам намудаанд, ки аз дуди оташ заҳролуд гаштаву ба ҳалокат расидааст.”

Ба иттилои манбаъ, ин афрод “дари сандуқи оҳании дар хонаи истиқоматӣ ҷойгиршударо шикаста, тахминан ба маблағи 30 000 доллари амрикоӣ ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф намуда, бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояташон бо истифодаи бензин хонаи истиқоматии Аҳмадхӯҷа Бобоевро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд".

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ғайрирасмӣ муттаҳамон дар ин ду ҷиноят низ узви як хонавода мебошанд, ки феълан дар боздошт қарор доранд ва тафтиши қазия идома дорад.
Мӯҳр
Бисёр навиштахои бемъни. Кихо ва аз кучо менвистед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)