Бахшҳо
10 авг 2015 17:31Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Селиакия - "бемории ордӣ"

Маркази матбуоти Беморхонаи Ибни Сино

Селиакия бемории вазнини ирсӣ буда, бо халалдор гаштани таҷзияи як ё якчанд сафеда дар рӯдаи борик зоҳир мешавад. Ҳангоми селиакия дар натиҷаи вайрон шудани мӯякҳои рӯдаи борик бо маҳсулоти дорои сафедаи ширешаки ғалла (глютен, глиадин, авенин), ки дар растаниҳои ғалладона монанди ҷав, ҷави русӣ (овес), гандум ва ғ. воқеъ гардидаанд, системаи ҳозимаи инсон низ халалор мегардад. Яъне дар рӯдаи борик бо сабаби халалдор гардидани пардаи луобии он, сафедаҳои ин ғалладонаҳо пурра таҷзия намешаванд. Ба ҳамин хотир ин бемориро гоҳе "бемории ордӣ" низ меноманд.

Ин беморӣ метавонад дар ҳар синну сол пайдо шавад. Аломатҳои клиникии ин беморӣ бениҳоят гуногун мебошанд. Ба ҳамин хотир ташхиси беморӣ ва табобати саривақтии он, ки бо хориҷ намудани глютен ва гладиан аз хӯроки бемор асос меёбад, кори бениҳоят душворест. Аммо номумкин нест. Ин беморӣ хеле моҳирона дар ниқоби бемориҳои зиёди дигар пинҳон мегардад. Нишонаҳои селиакия низ гуногунанд, аммо қариб дар нисфи ҳолатҳои гирифтор шудан ба ин беморӣ, халалдоргардидани аъзои ҳозима (дилбеҳузурӣ, қайъкунӣ, пайдошудани газҳо, варами шикам), ақибмонӣ дар рушди ҷисмонӣ, аллергия, фаромӯшхотирӣ ва хастагӣ ба назар мерасанд. Бештари беморон кори зиёди ҷисмониро бардошт намекунанд , аз бехобӣ азият мекашанд ва ҳамеша як ҳолати ҷиддии "набудани ҳиссиёти истироҳат" ро эҳсос мекунанд. Қариб 60% и беморони селиакия, аз камхунӣ низ азият мекашанд. Ҷараёни ин беморӣ ҳамаи узвҳо ва ситемаи организми инсонро иллатдор менамояд. Аломатҳои асосии селиакия иборатанд аз дардҳои пайваста дар шикам, қабзияти (сахтшавии) меъда ё дарунравӣ, якбора иваз шудани иштиҳо ( набудани иштиҳо метавонад бо иштиҳои якбораи баланд ҷойгузин гардад), қайъкунӣ, варами пойҳо, дард дар усухонҳо, ақибмондагии сахт дар нишондодҳои вазн ва қад, остеопороз, рафтори хушунатомез, варами шикам, маълули (сустшудани) мушакҳо, ҳолати хашмгинӣ, рӯҳафтодагӣ, ҳолати дури ҷустан аз мардум, реаксияҳои аллергикии пӯст, сӯзиши пӯст, пӯстпартоии зиёди тамоми бадан, ихтилоҷи (кашиш) мушакӣ, бемориҳои зуд зуди вирусӣ, хунравӣ аз бинӣ, камхунӣ ва шикастани худ ба худи устухонҳо.

Агар беморӣ муддати тулонӣ ташхис нагардад ва бемор табобати дуруст нагирад, заҳролудшавии дурударози организм бо глютен ба амал меояд ва дар натиҷа системаи муҳофизатии (иммунитет) организм халалдор гардида, ҳолати умумии саломатӣ бад мегардад. Дар ин ҳолат аломатҳои зерини селиакия монанди пайдоиши захм дар милки дандонҳо, гепатит, анорексия, бемории диабети қанд, стоматит, безурётӣ (ҳам дар зан ва ҳам дар мард), таъхир дар рушди равонӣ, маҷзубият (шизофрения), бемории саръ (эпилепсия), пасту баланд шудани ҳарорат, артрит, норасоии кори ғадудҳои болои гурда, варамҳои узвҳои ҳозима ва ковокии даҳон буруз мекунанд. Дар баъзе ҳолатҳо беморӣ метавонад ба марг мунҷар гардад. Ҳангоми гирифтор шудан ба бемории селиакия қариб 80% хатари пайдошудани саратони сурхрӯда, рӯдаҳо ва даҳон афзоиш меёбад. Хатари пайдоиши ин беморӣ баъди парҳез аз глютен, ки бояд 5 сол риоят шавад, паст мегардад.

Ин беморӣ метавонад чанд сабаб дошта бошад. Пеш аз ҳама ин тамоюли ирсӣ (генетикӣ) доштан ба ин беморӣ ба шумор меравад. Дуввум омилҳои беруна монанди: дар хӯрок масраф кардани маҳсулоте, ки ба миқдори зиёд ширешаки ғалларо (клейковина) доро мебошанд. Ҳангоми истеъмоли хӯрок, ширешак мӯякҳои пардаи луобии рӯдаро мечаспонад ва онҳоро ба таъбире сементӣ мекунад. Маҳз ин ба ҷараёни дурусти таҷзияи моддаҳо, ки барои фаъолияти комили организм зарурӣ мебошанд ( асосан карбогидратҳо, равғанҳо, витаминҳо ва микроэлементҳо), халал ворид мекунад.

Муддате, ки аз оғози беморӣ то ташхиси дурусти он тӯл мекашад метавонад аз чанд моҳ, то солҳои дароз идома ёбад. Дар бештари беморон новобаста бар он, ки онҳо бо саломатиашон мушкилоти зиёд доранд ва мунтазам ба духтурон муроҷиат мекунанд, ташхиси саҳеҳи ин беморӣ танҳо баъди чанд соли оғози он гузошта мешавад. Ва сабаби ин дар он нуҳуфта шудааст, ки бештари табибон селиакияро бемории бисёр нодир медонанд ва ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки бемор маҳз ба он мубтало гардидааст. Ташхиси ин беморӣ чанд усули таҳқиқотиро дар бар мегирад. Асоситарини онҳо иборатанд аз таҳқиқи хун (агар дар хун миқдори калтсий, витамини А, натрий, оҳан, рағанҳои бетараф, калий, холестерин ва миқдори сафедаи умумӣ кам гадад, ин омилҳо метавонанд аз нишонаҳои ин беморӣ бошанд); таҳқиқи саргин (калл) ба равғанҳо метавонад халал дар таҷзияи равғанҳоро муаян намояд; таҳқиқ бо глиадин ( дар ин ҳолат ин маҳсул бояд тез дар хун ҷамъ гардад). Бемориҳои ҳамроҳикунандаи селиакия низ метавонанд аз пайдоиши ин беморӣ дарак диҳанд. Селиакияро ба 4 дараҷа тақсимбандӣ намудаанд: селиакияи классикӣ, селиакия бо аломатҳои атипикӣ, селиакияи хомӯш (бе аломат) ва селиакияи марговар.

Беҳтарин роҳи табобати ин беморӣ пеш аз ҳама парҳез аз глютен мебошад. Маҳз ин усули табобат беҳбудии ҳолати беморонро кафолат медиҳад. Дар натиҷаи парҳез ҳолати бемор хуб гардида, аломатҳои клиникии беморӣ аз миён мераванд ва сохти пардаи луобии рӯдаҳо барқарор мегардад. Дар ҷараёни табобат бояд тамоми маҳсулоти дар тарикибаш ғалла доштаро (нон, шӯла, макарон, пиченӣ, тортҳо, наҳорҳои хушк, маҳсулоти гуногуни ордӣ, панири обкардашуда, сосис, шоколот ва ғ) аз хӯроки худ дур намуд. Бояд қайд намуд, ки ин сафеда (ширешаки ғалла ё глютен) дар ғалладонаҳое монанди биринҷ, марҷумак (гречка), ҷуворимакка ва сӯк (пшено) вуҷуд надорад ва истеъмоли онҳо барои беморон иҷозат дода шудааст. Ва бояд ҳамеша дар ёд дошт, ки ҳатто миқдори ками ширешаки ғалла ё глютен метавонад зарари зиёде барои организми бемор ба бор оварад. Беморони селиакия бояд танҳо маҳсулоти барояшон бе зарарро истеъмол намоянд. Ҳатто нон барои ин беморон ( аз ҷуворимакка ва марҷумак) бояд дар биное таёр шавад, ки чанги гандум дар он ҷо мавҷуд набошад. Дар ҳолати парҳез динамикаи беҳбудӣ дар аксарияти беморон (97,5%) баъди 3-6 моҳи оғози табобат фаро мерасад. Аломатҳои заҳролудшавӣ аз миён мераванд, кори рӯдаҳо ба танзим медарояд ва аломатҳои дигар низ оҳиста оҳиста нопадид мегарданд.

Селиакия бемориест, ки пеш аз ҳама узвҳои ҳозимаи инсонро фаро мегирад. Ба ҳамин хотир ба табобати ин беморӣ, табибон гастроэнтерологҳо машғуланд. Дар ҳолати ошкор намудани аломатҳои дар боло зикр шуда фавран бояд ба мутахассис мероҷиат намуд. Дар шӯъбаи гастроэнтерологии Бемористони Ибни Сино мушкилоти системаи узвҳои ҳозимаро ба хубӣ бартараф мекунанд. Ва бемории селиакия низ истисно намебошад. Шӯъбаи гастроэнтерологӣ бо таҷҳизоти муосири зарурӣ муҷаҳҳаз гардонидашудааст ва дар он мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ фаъолият мекунанд. Барои паст намудани нархҳо ва дастрасии бештари мардум ба дастовардҳои тибби муосир, дар назди бемористон ташкилоти суғуртавии "Суғуртаи миллӣ" фаъолият мекунад. Шумо метавонед худ ва наздиконатонро суғурта намуда, хароҷоти худро ба маротиб кам кунед.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)