Бахшҳо

Ҳамоиши раҳбарони ҲНИТ дар Туркия ва эҳтимоли тағйироти кадрӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Шӯрои сиёсии ин ҳизб гуфтааст, барои баргузории анҷумани навбатӣ, ки яке аз мавзуъҳои меҳварӣ дар он интихоби раҳбари нави ҲНИТ аст, омодагӣ бинанд.

Тибқи иттилои торнамои расмии ҲНИТ, ин масъала дар ҷараёни сафари ҳайати Шӯрои сиёсии ин ҳизб ба шаҳри Истанбули Туркия, ки бо дархости Муҳиддин Кабирӣ сурат гирифт, дар миён гузошта шудааст.

Манбаъ мегӯяд, Кабирӣ аз Шӯрои сиёсии ҲНИТ хостааст, аз ҳоло омодагӣ ба анҷумани навбатии ин ҳизбро шуруъ карда, “машваратҳо ва иртибот миёни роҳбарият ва масьулин дар бораи ислоҳот идома дода шавад”.

Ба гузориши торнамои расмии ҲНИТ, ҳайате аз Шӯрои сиёсии ин ҳизб бо дархости Муҳиддин Кабирӣ барои баррасии масоили муҳим, аз аз ҷумла, омодагӣ ба анҷумани навбатӣ, сиёсатҳои мақомоти давлатӣ нисбат ба ҳизб ва роҳҳои пешгирӣ аз фишору маҳдудиятҳо, инчунин, ислоҳоти эҳтимолии кадрӣ ва сохторӣ озими Истанбул шудаанд”.

Дар ҷаласаи Муҳиддин Кабирӣ бо ҳайати Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар Истанбул сиёсати сабру таҳаммул ва натоиҷи он баҳс шуда, таъкид гардидааст, “бисёриҳо зиёдшавии фишору маздудиятҳо болои ҳизбро натиҷаи сиёсатҳои сабру таҳаммули ҳизб медонанд, вале маҳз ҳамин сиёсатҳо боиси пешгирӣ аз фитна ва дасисаҳо буд, ки баъзеҳо тарроҳӣ мекарданд. Агар ҷое ин сиёсатҳо ба зарари ҳизб анҷом шуда бошад ҳам, дар умум ба нафъи кишвар ва миллат анҷом шудааст”.

Муҳиддин Кабирӣ аз аъзо ва масъулини ҲНИТ хостааст, ба фаъолияти худ дар чаҳорчӯби қонунҳои амалкунанда давом бидиҳанд: “Таъкид шуд, ки ҲНИТ мисли пешина фаъолияти худро дар дохил ва хориӣ барои пешгирии пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ қавитар намуда, бештар аз корҳои равшангароӣ байни муҳоҷирин ва ҷавонони дохил истифода намояд”.
Мӯҳр
тавба
и ХНИТ ягон дарахти пул-бабороваранда дорад ки мачлисхояшонро дар Туркия мегузаронанд

Эркамох
Хизби нахзати исломи то холо ягон кори хуби назаррасро ки ба нафъи халк бошад ба анчом нарасонидааст
пас бехтараш ин хизб бо хуши бархам дода шавад.....

Хато пас аз хато карда истодаед эй бачахо! Дар хорича баргузор кардани чаласаи Шурои сиёси ва анчуман хатои бузурги сиёси аст Акнун Шумо хухуки фаъолияти расми дар дохили Точикистон надоред Ин конуншикании бесаводона шуд. Хато пас аз хато.. Кани тачриба кани савод кани хирад. Айб асат.............

дар точикистон рох намедиханд мачбур дар хорича гузаронад илм надоред бе саводхо факат нахзат бадкуни мекунед.Аз Худо шарм дорад хуни мардию ватандусти доштан даркор.медонам озодагон чоп намекунад ин суханхои морою хай ьо кутохакак навиштам.

Ба донишчу. Бародар, Худо раиси ХНИТ нест, ки аз У шарм дорем. Мо, Алхамдулиллох, хама мусулмонем, хизб дар ин чо чи дахл дорад? Хафт пушти мо бе ХНИТ мусулмон буд-ку.

AntiHNIT KASPERSKIY
Оббо!!! Кариб ба Сурия наздик расидаанд ку.

Наҳзат ё нуҳзат ин ҳаракат аст, яҳъне пешравӣ. Маълум нест, ки ин ҳаракат ба кадом самт аст. Мақсади стратегии ҳар як ҳизб ё ҳаракати сиёсӣ расидан ба сари қудрат ё ҳукумат аст. Аз ин бармеояд, ки ҲНИТ низ ба сурат пинҳонӣ барои расидан ба қудрати сиёсӣ талош дорад.
Дуввум инки, агарчи ҳукумати Точикистон нисбат ба рӯҳониён чанд маҳдудият раво дид, ин ҳам фаҳмост. Ин айби худи рӯҳониён аст, ки ба ҳама сӯрохӣ бинӣ месиханд. Ҷавононро аз илму донишгирӣ ва кори дунё дилсард, ҷиҳоди афсонавиро таблиғ мекунанд. Бибинед, дар бештари давлатҳои исломӣ таркиш, қатлу куштор, ҷангу ҷидол. Дар чанд мамлакат бар зидди исломгароӣ эътирози сокинон шуд. Дини ислом гӯиё ба як дини агрессив ва ҷангҷӯён мубаддал гардидааст. Пас кадом ҳукумат мехоҳад, инҳоро ба сиёсат роҳ диҳад? Ин ҷониб фикр мекунам, ба ҳар як мусулмон намозу рӯза, ҷашни идҳо ва расму оини исломӣ бас аст. Магар ин чиз дар мо маҳдуд аст? Мард барин қойил шавед.

БАЛЕ,ДАР ЯГОНЧОИ КУРЪОН НАОМАДААСТ,КИ ХУДО ХИЗБ ДОРАД.МУЪМИН БАРОДАРИ МУЪМИН АСТ.МУСАЛМОНИ БОШАД ДАР ДИЛИ ХАР ИНСОН АСТ,НА ДАР ХИЗБ!

muslim
Валлохи ки айб аст ХНИТ ягон коре баде накардааст
Аз Аллох битарсед дар хакки бародарони муъминатон (ХНИТ) сухани бад нагуед.

azim
salom man faqat haminro meguyam agar aql yo imon doshta boshed hamin oyati karima bas ast!
lO IKROHA FIDDEEN QAD TABAYYANARRUSHDU MINAL GHAY... ro bikhonaed ba dar borai toghutu toghutiyon justuju namoed pas az on khudaton khudatonro hukm mekuned ki ki hasted!
in hamma gapho behuda ast!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)