Бахшҳо

Бузургтарин масҷиди Аврупо бо ҳузури Владимир Путин ифтитоҳ мешавад

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфтааст, дар маросими ифтитоҳи масҷиде дар шаҳри Маскав, ки дар Аврупо ҳамто надорад, иштирок хоҳад кард.

Тибқи иттилои нашрияи “Известия”, раисҷумҳури Русия дар мулоқоти ахири худ бо Равил Ғайнуддин, раҳбари Идораи мусулмонони ин кишвар аз тасмими худ барои иштирок дар ин маросим хабар дода, дастур додааст, ин масъаларо дар барномаи кории худ сабт кунанд.

Ифтитоҳи масҷиди марказии шаҳри Маскав рӯзи 23 сентябр, ки ба рӯзи Иди Қурбон, яке аз ду иди мусулмонон рост меояд, баргузор хоҳад шуд.

Масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав дар хиёбони “Мир”-и пойтахти Русия қомат афрохта, масоҳати он наздик ба 19 ҳазор метри мураббаъ дар шаш ошёна арзёбӣ мешавад. Ба иттилои Идораи муфтиёти Русия, ба ин маросим сиёсатмадорон ва чеҳраҳои шинохта аз кишварҳои исломию мусулмонон ҳузур хоҳанд дошт.

Манбаъ афзудааст, то ҳол намояндагони кишварҳои Туркия, Судон, Либия, Ироқ, Ҳиндустон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз омодагии худ барои иштирок дар ин маросим хабар додаанд. Масъулини Идораи муфтиёти Русия гуфтаанд, ба маросими ифтитоҳи масҷиди ҷомеи Маскав раҳбарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Қатар, Кувайт, Фаластин, Урдун ва Арабистони Саудӣ ҳам даъват шудаанд. Аммо ахиран, як масъули Вазорати умури хориҷии кишвар гуфт, мактуберо бо ин мазмун дарёфт накардаанд.
Мӯҳр
путин
магарам Маскав намозхони равкем, вагарна вазъият бо чунин равиш идома ёбад дар чанд соли охир дар ТЧ масчид намемонад.

Dushanbe
ЭРКамох
даххо масчиди хурди мухочирора дар точикистон кам карданд дар Руссия як масчиди калон сохтанд.Хеч гап не Руссия хам Точикистонай-ку

эрач
Путин бародар рах,намо.офарин.

имигрант
Пусть Бог благословить!

Слава В В Путину!

Ардашер
дар давлатхое ки рохбарашон мусалмон нест масчид бунед мешавад ва дар Точикистон ки 98фоизаш мусалмон аст масчидхоро махкам кардаистодапнд. казоват бо шумост.

Ватандор
Иншоалох худо хохад соли оянда дар Душанбе Масчиди калонтарин дар Осиёи миёна ба истифода дода мешавад. Мо метавонем. ..

Кандата зан Путин! Вокеан хам ба масочид хар сол мерави!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)