Бахшҳо
12 авг 2015 15:20Тоҷикистон / CV / Сиёсат

Сафирони Ҳиндустону Туркия Тоҷикистонро тарк мекунанд

Сафирони Туркия ва Ҳиндустон дар Тоҷикистон ба хотири анҷоми ваколати дипломатии худ шаҳри Душанберо тарк мекунанд.

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон Меҳмет Мӯнис Дирик - сафири Туркия ва Аситх Кумар Бхаттачарҷӣ – сафири Ҳиндустон дар Душанберо ба хотири анҷоми ваколати дипломатияшон ба ҳузур пазируфтааст.

Ин дипломатҳои хориҷӣ дар суҳбат бо Расулзода изҳори боварӣ кардаанд, ки дар оянда низ равобити кишварҳои худ бо Тоҷикистон рушд хоҳад ёфт.

Меҳмет Мӯнис Дирик аз моҳи декабри соли 2010 то ҳол ба ҳайси сафири Туркия дар Тоҷикистон кор мекард ва ҳоло ба ҷои ӯ Озтурк Йилмоз, собиқ консули ин кишвар дар шаҳри Мавсили Ироқ таъйин шудааст.

Аситх Кумар Бхаттачарҷӣ низ аз соли 2010 ба ин сӯ ба курсии сафири Ҳиндустон дар Душанбе такя зада буд ва ҳоло ин курсии дар ихтиёри Бираҷа Прасад, консули пешини ин кишвар дар Русия гузошта шуд.
Мӯҳр
сафири Точикистон дар Анкаре кай иваз мешавад. гап гапай ки дипломатхои точик дар Анкара аз фаъолияти сафир норозиянд, байнащон чанг мешавад

Кай сафири точикистон дар туркия аз кор озод мешавад, охир дар як сафорати майда ки панч шаш коргар доранд, ду гурух пайдо шудааст, одамони сафир ва одамони бегона, боз байнашон хашхаша хам мешавад, чорачуи кунед илтимос

Одамхои сафир хамаш наркоману авбош ва дузданд, ки аз пеши акошкаи консули дур намешаванд, аммо бегона барои сафир инхо кормандони дипломати ва коркунони ВКХ Точикистон хастанд. Амният як тахлил кунед илтимос.

Diamond,
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол анъана шудааст, вақте касе сафир таъин шуд, бо худ коргар мебарад. Баъзан он "коргарон" ба умури дипломатӣ тамоман алоқа надоранд. Сохтор ва таъиноти сафоратро вобаста ба қудрати иқтисодӣ бояд Вазорати корҳои хориҷӣ тасдиқ ва анҷом диҳад, на сафир! Худи сафир як шахси фиристодаи ВКХ аст ва бояд бе чуну чаро дар ихтиёри Вазорат бошад. Сафир бояд ҳар як қадами хешро бо машварати шӯъбаи дахлдори ВКХ бигзорад ва пас аз он ба он шӯъба гузориш фиристад. Усули кор ана ҳамин тавр аст. Агар дар сафорат гурӯҳбозӣ ва вуҷуд омад , ин камбудии ҷиддии аввал сафир ва сипас худи Вазорат аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)