Бахшҳо
13 авг 2015 10:12Тоҷикистон / Тема дня

Даъвати гузоришгари вижаи СММ аз Тоҷикистон: Кодекси нави обро қабул кунед

Лео Хеллер, гузоришгари вижаи Созмони миллали муттаҳид аснои як сафар ба Тоҷикистон аз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва вазъи беҳдошт изҳори нигаронӣ карда, аз ҳукумат хостааст, барои мардум дар се замина шароитҳои хубтаре фароҳам биёварад.

Хеллер баъд аз анҷоми боздид дар гузорише Тоҷикистонро дорои захираҳои зиёди об дониста, таъкид мекунад, ҳукумат бояд бо фароҳам кардани дастрасӣ ба об ва беҳбуд бахшидан ба вазъи санитарияву гигиена пешгом бошад.

Ин намояндаи СММ дар гузориши худ аз ҷумла гуфтааст: “Камбуди об дар манотиқи дурдаст мунҷар ба густариш ёфтани бемориҳои домана ва тиф шудааст. Мушкилиҳо дар масоили об, беҳдошт ва гигиена ҳанӯз дар муассисаҳо боқӣ мондааст, ки сабаби душвориҳо дар пешгирӣ кардани сироят дар беморхонаҳо ва мактабҳо мешавад. Тоҷикистон бояд аз масъулиятҳои худ дар мубориза бо мушкилиҳои об ва санитария канорагирӣ накунад. Ҳукумат бояд дар фароҳам кардани хадамоти об барои қишри камбизоат ва осебпазир кафолат диҳад”.

Лео Хеллер дар идома аз парлумони Тоҷикистон даъват кардааст, бо қабули кодекси нави об, “ҳуқуқи инсонро ба обу беҳдошт таъмин кунад”.

Дар гузориш ҳамчунин таъкид мешавад, дар манотиқи рустоӣ бештар аз 90 дарсади мардум аз ҳоҷатхонаҳои дастсохти кӯчагӣ истифода мекунанд: “Одамоне ки бо онҳо суҳбат кардам, мегуфтанд, баъди он ки ҳоҷатхонаҳо пур мешаванд, онҳоро баста, ҷои дигар аз нав чоҳ мекананд, чун тоза кардани ҳоҷатхонаҳои пуршуда маблағи зиёд талаб мекунад”. Ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват карда, дар ин масъала низ бояд таваҷҷуҳ намояд.
Мӯҳр
Обе
Э акаи смм! Дар шахри Душанбе пойтахти оби тоза оби тооа нест, чи расад ба минтакахо. Агар хамин шумо сирхои ин давлатдорони точикро фош накунед худашон сирашонро ба таги курпа мебаранд сирхояшонро. Боз аз мардум барои хамин оби нотоза пули калон мегиранд. Дар холе ки додувой мекунанд ки аз об бой хастем. Хануз як мох нашуда ман аз вадакнал гуфта дар пеши дари хонаат хозиру нозир...

saad
ТЕЗ кабул кунед ки хамаи моро об мебарад аммо дар Помир свет 18-дирам аст)))

кулябец
Даъвои соли оби тоза чи мешуда бошад? Дар чахон соли оби тоза эълон мекунему худ оби хурдани надорем!!! СММ хама лофу таърифи моро мачак кард!!! Чи кадар таачубовар ва аламнок хаст, ки пайравони дини Исломро тарзи хочатхона сохтану ва гигиенаро меомузанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)