Бахшҳо

“Кортеж”-и тӯёнаи бародари Шаҳроми Абубакр бо 21 мошин

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар идомаи силсилаиттилоияҳои худ дар мавриди қоидавайрокунии сарояндаҳои тоҷик аз “кортеж”-и тӯёнаи хонаводаи овозхонҳои шинохта - Азизовҳо хабар додааст, ки 21 мошини гаронарзишро дар бар мегирад.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи масъулини Вазорати умури дохилиии кишвар, қатори мошинҳо дар тӯй набояд зиёда аз 4 адад бошад, дар “кортеж”-и тӯйи домодии Баҳром Азизов - бародари Шаҳроми Абубакр, сарояндаи тоҷик 21 мошин ҳаракат мекарданд, ки боиси эҷоди монеа ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва роҳбандиҳо гардидааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорат, тӯйи домодии Баҳром Азизов рӯзи 6 августи соли равон баргузор шуда, дар қатори мошинҳои тӯёнаи ӯ тамғаи "Range Rover" рақами қайди давлатиаш 60-07 ВА, тамғаи "Галингваген" рақами қайди давлатиаш AH 00-10 РТ 01, "Лексус-Ҷип" рақами қайди давлатиаш 60-14 ВМ 01, "Порше" рақами қайди давлатиаш 74-74 AM 01, "Галинваген" О1-01 СХ 01, "РАВ-4" 11-00 ВК 01, "Тойота-королла" 56-85 АВ 01, "Range Rover" 21-00 АХ 01, "Тойота-Лендкрузер" ХК 963 01, "Тойота-королла" 80-40 DD 01, "Лексус" 00-93 АК 01, "Тойота-кэмри-4" 45-54 АО 01, "Порше" 66-66 ВН 01, "Мерседес классик" 00-10 АМ 01, "Ҷип мерседес" 00-83 АР 07, тамғаи "Тойота-кэмри" 48-38 ВС 01, тамғаи "Мерседес МL" рақами қайди давлатиаш 00-08 АР 07, тамғаи "Мерседес МL" рақами қайди давлатиаш 00-07 ВК 01, тамғаи "Галинваген" 61-61 АМ 01, ду автомашинаи дигари тамғаи хориҷӣ рақамҳои 19-09 СВ 01 ва 06-85 ЕВ 01 ҳаракат доштанд.

Масъулини Вазорати умури дохилии кишвар гуфтаанд, ҳоло алайҳи соҳиби ин тӯй ба иттиҳоми нақзи талаботи қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" маводҳо таҳия ва ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан ин ниҳод бо иттилоияҳои ҷудогона аз қоидавайронкуни ситораҳои эстрадаи тоҷик -- Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Афзалшоҳ Шодиев, Меҳрнигори Рустам, Шаҳроми Абубакр, Гулрӯ Табарова, Манижа Давлатова, Низияи Кароматулло, Зулайхо Маҳмадшоева ва Сарвиноз Юсуфӣ хабар дод, ки тариқи дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ба қайд гирифта шудаанд.
Мӯҳр
ш Душанбе
Вазорати умури дохилиии кишвар..хоиш карда мешавад конун барои хама як мебошад....ин картежро ба чавобгари кашида шавад..

Рустам
Тавба, як хофизча ика катаги, мегуи ягон шохбача бошад. То ин кадар вохима кардан, намозата хону ба ягон камбагал хайр куни бехтар аст.

ц
Точик аз дасташ гайр аз понт дигар чизе намеояд.

Точикистони нав
Зури шахри бехатар танхо ба хофизхову мардуми одди мерасидааст! Коида вайронкунии мансабдоронро ки бояд сабт кунад?

ОЁ ХАМИНХОРО ЦАРИМА МЕКАРДА БОШАНД ХА? Ё ИН КИ СУМИ 1 ТУЙШОНА МЕСПОРАНД ХАМЧУН ЦАРИМА.ИНА БАД 21МОШИН,500 МЕХМОН,3 ТАОМ ВА Г.ро ташкил мекнанд да.

Душанбе
Чи тавр ин мошоинҳои ба номерҳо махсус ва қимат арзиш ин коркунони ГАИ манъ намудан инаш аҷоиб ку. Охир онҳо дар чароғакҳои роҳ на сурхро ба этибор намегиранд борои онҳо ҳама вақт чароғакҳо сабз мебошад. Кане бинем ки чи чазо мегиранд. борои мо ҳаминаш аҷоиб агар онҳоро аллакай чазо надода бошанд.

агар ин хукумат аз Конуни танзим сахт риоя мекунад, гираду бо нархи яке аз ин мошинхои гаронарзиш оилаи Азизовхоро чаримакунад ва пули чарима ба хонаи кудакон такдим шавад, то дигарон пушти по задани конунро бас кунанд. Е конуни танзим факат барои бечорахост?

Сами
Точикон содда ва аблах мешаванд. Хамон 21 мошин кати рафтан ба ту чй медихад?

каа
Тонистай када бача, чи дар дига туе нест ихели картеч ? Хамаи мо гунох мекнм ва конун вайрон мекнм

Хайр чи чавонхо як руз хурсанди карданд шумо хам бошед дар ин руз намехохед бачатона хафа кунед як хамсояи мо туй кард милисахо худшон рохи кучаро як руз бастанд кадоме метона ош шава

Боз шахрванд
шахрванд,
кумитаи дин ба бизнеси Хач машгул аст...бесаводиро бинед ки мудири шуъбаи танзими анъана ва чашну маросимхои миллиро раиси ситоди хач-2015 гузошта аст хач истодаги танзимро назорат мекунанд...

Ин оила дар таъмири магозаи худ дар рузи истиклолияти давлат дар назди бинои ЦУМ пул надод ва гуфт, ки У БАРОИ РУЗИ ИСТИКЛОЛИЯТ ТУФА СУРУД ЭЧОД КРДААСТ БОЗ ЧУНИН ХУДНАМОИ МЕКУНАД. АЗ ТАРАФИ ХУКУМАТИ И. СОМОНИ МАН МАСЪУЛ БУДАМ ТАЪМИРИ ИН МИНТАКАРО ИЧРО КУНАМ ВА ПУЛРО МАГОЗАХО ДИХАД. ХАММА ДОДУ МАГОЗАИ ОНХО НАДОД. ИН худнамоиши мебошад. Дар як чо мунсуки мекунану дар дигар чо худнамоиши.Шарм бояд кард . Агар пул дошта боши ба чамъият фоида биёру чавонмард шав.

Таккабури худнишондих,и понткуни чи лозим.
Аку ука овозхонам нестен, ки дига интиресни бтовен. Инсон бояд овозхон аст ë раис аст, одди ва хоксор бошад. Зеро дар назди Худованд мо х,ама якем.
Ман боварии комил дорам, ки дар он рох,е ки онх,о ба ронандах,ои мошинхои гайри туй монеа эч,од кардаанд, х,амаи он ронандах,о дашном медих,анд туйдорро ë не?

Fira
Аз вкд хох,иш мекунем, ин шахсро чаримаи маьмури нею бурда ин беаклро хабс кунанд, то ин ки ба дигарош ибрат шавад! Хохиш мекунам Озодагон чоп кунед!

Дар Точикистон конун нест!!!агар бошадхам танхо барои камбагахост.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)