Бахшҳо

Озодии Самандару Парвиз дар пайи фармони президент

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар асоси фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, шоми 14-уми август ду ҷангҷӯи собиқи “Давлати исломӣ”-ро аз боздоштгоҳи Душанбе озод карданд.

Тибқи иттилоияи расмӣ озодшудагон- Қосимов Парвизи 20-сола ва Қаландаров Самандари 25-сола мебошанд, ки аз узвият дар гуруҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» пушаймон шуда, ихтиёран аз Сурия ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Озодии ин ва дигар ҷанҷӯёни собиқи “Давлати исломӣ” дар ҳолст, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба моддаи 401-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон замимаи 1 илова гардидааст, ки бар асоси он ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ҳаракату амалҳои ҷангӣ дар кишварҳои хориҷӣ ихтиёран даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мегардад.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта мақомоти амниятии Тоҷикистон бо пахши як гузориш тариқи шабакаи аввали телевизиони кишвар аз бозгашти даҳҳо ҷавони тоҷик аз ҷангҳои Ироқу Сурия хабар доданд. Дар ин гузориш бархе ҷангҷӯёни собиқи ДИИШ ҳангоми вуруд ба хоки Тоҷикистон дар фурудгоҳ ба зону зада, хоки Ватанро мебӯсиданд ва қисми дигар хок ба пешонӣ молида, изҳор медоштанд, ки бояд шукронаи оромию осоиштагии Ватан кард. Бозгаштаҳо аз кори кардаашон изҳори пушаймонӣ карда, аз ҷавонони кишвар даъват намуданд, ки фирефтаи гуруҳҳои ифротӣ нашаванд, зеро Исломи воқеӣ дар Тоҷикистон аст.
Мӯҳр
Эдик
Худо медонад, ки ино пушаймоншудагон бошанд. Бо якта якта ба Тоҷикистон омада кору кирдори дар онҷо мекардаашонро иҷро накунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)