Боздошти ронандае, ки ноболиғи 7-соларо зер карда, фирор намуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, гунаҳкори садамаи нақлиётие, ки сабаби ҳалокати пиёдагарди 7-сола дар ҷамоати деҳоти Шаҳристони вилояти Суғд гардид, дастгир шудааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дастгиршуда сокини 32-солаи ноҳияи Шаҳристон буда, бо мошини “Опел-Зефира”-и худ рӯзи 14 август тахминан соати 18:50 ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Хуҷанд-Душанбе”, дар ҳудуди деҳаи Шаҳристон, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, писарчаи 7-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳристонро, пахш намудааст: “Дар натиҷа, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ мегӯяд, ҳоло тафтишоти далели мазкур идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |