Бахшҳо

11-уми август, рӯзе барои ҳукмҳои хос

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Акнун бо 29 сол зиндону 34 миллиюн сомонӣ ҷаримаву мусоидира шудани молу амволи Зайд Саидов 11-уми август рӯзе самбулӣ хоҳад буд, зеро соли 2006 дар ин рӯз Ғаффор Мирзоев, яке дигар аз чеҳраҳои пурнуфузи Тоҷикистон ба ҳабс маҳкум шуд. Миёни ин ду парванда ва ҳукум, албатта ба ҷуз тасодуфи рӯзи судури ҳукм дигар кадом пайванди мантиқие нест. Вале ҳамоно ин рӯз самбулӣ хоҳад буд.

11-уми августи имсол аз замони ба ҳабс гирифтан (6-уми августи 2004) ва судури ҳукми абад барои Ғаффор Мирзоев (11-уми августи 2006) 11 сол сипарӣ мешавад. Ғаффор Мирзоев субҳи 6 августи соли 2004 замоне ба коргоҳ ворид мешуд, ки атрофи сохтмони Ожонси мубориза алайҳи маводи мухаддирро неруҳои ОМОН-и ВКД таҳти контрол доштанд ва вақте афсари навбатдоро вазъро ба генерал гузориш медод, “омони”-ҳо ӯро бисёр зуд печондаву дастоншро ба пушт занҷир заданду дар даҳонаш “искоч” задаву ба мошин бор карданду бурданд.

Зайд Саидов ҳам вақте аз сафар бармегашт аз фурудгоҳ ба Ожонисии мубориза алайҳи фасод бурда шуд. Гуфта буданд, ки барои суҳбат, вале суҳбат бисёр тӯлонӣ шуд, 29 сол.

Ғаффор Мирзоев як замоне зимни мусоҳиба дар мавриди боздошт ва сарнавишти Ёқуб Салимов, шахсияти калидии дигар аз тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ гуфта буд: “Дар давру бари Ёқуб инсонҳое буданд, ки шахсияти ӯро истифода карда, ҷиноят содир намуданд. Вале худи ӯ, ман фикр мекунам ҳеч вақт наметавонист алайҳи миллати худ биравад. Мутаассифона, Ёқуб баъди ин гуна ҳаводис ҳеч талоше накард, ки бегуноҳии худро собит кунад, ҳарчанд ман ба ӯ машвара дода будам”.

Аммо сарнавишти худи ӯ ҳам ин шуд, ки имкон наёфт бегуноҳии худро исбот кунад, ҳарчанд баъди барканорияш аз мансаби қумандони Гвардияи президентӣ зимни як мусоҳиба бо “Рӯзи нав” гуфта буд, “мо дигар ба даст силоҳ намегирем, алайҳи мардуми худ барнамехезам”.

Зайд Саидов ҳам замоне ки дар Порис қарор дошт аз Душанбе машварташ медоданд, ки барнагардад. Вале ба расонаҳо гуфт, ӯ гуноҳе накардааст, ки барнагардад ва меояду бегуноҳии худро собит мекунад, аммо мисле, ки дида шуд фурсат наёфт, ки бегуноҳ будани худро нишон диҳад.

Ғаффор Мирзоев дар судури 112 ҷиноят бар асоси 34 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, бо мусодираи молу амвол ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Зайд Саидов танҳо дар доираи парвандаҳои наваш дар содири ҷиноятҳое гуногуне бар асоси моддаҳои 245, 262, 292, 314, 340 гунаҳкор ва маҳкум шуд. Бар асоси парвандаҳои пешин Зайд Саидов ба 26 сол зиндон ва молу мулкаш мусодира шуда буд.

Нуқтаи утф ва пайванд дар ин ду ҳукме, ки ҳарду дар сани 11-уми август содир шудаанд ва ҳукми хос гуфта мешаванд, як чиз аст. Ҳар ду ҳам худро бегуноҳ медонистанд. Ҳатто банда дар яке аз мурофиаҳои додгоҳии Зайд Саидов иштирок доштам, ки комилан худро бегуноҳ медонист ва тамоми айбдоркуниҳоро сохтаву бофтаи тафтишот мегуфт. Вале бо вуҷуд яке ба ҳабси абаду мусодираи молу мулк бар нафъи давлат ва дигаре ба 29 сол зиндону 34 милюн ҷаримаву мусодираи молу амволаш бар нафъи давлат равонаи маҳбас шуданд.

Ин додрас аст, ки бо ба назар гирифтани қонун, адолат, арзишҳои инсонӣ ва ҷаҳонӣ, имону мусалмонӣ ва дониш ва таҷрибаҳо ҳукм содир мекунад, вале бояд дар ҳар ҳукм ҷомеа ва мардум қаноат дода шаванд, ки чаро чунин ҳукм? Дар ғайри сурат мардум ба адолати иҷтимоӣ бо шубҳа менигаранд ё ба қавли шаҳиди истиқлол ва озодӣ -- Аҳмадшоҳи Масъуд: “Аз назари мо, ваҳдати миллӣ, дар таъмини адолати иҷтимоӣ нуҳуфта аст”.

Ин ду маҳкуми 11-уми август, ки иддао доштанд бегуноҳии худро собит мекунанду натавонистанд, акнун ба умеди Худову расидани вақтанд!

Вале Зайд Саидов аз шеваи баррасии парвандаҳои наваш умедвор буд ва ба банда, ки дар яке аз мурофиаҳо иштирок карда будам, гуфта буд, “намедонам чаро, вале умедворам ин парвандаҳо мунсифона барассӣ мешаванд”. Ҳоло бо судури ҳукм, мо дигар ба мантиқи мунсифона сарфаҳм намеравем. Шояд “тақозои замон” бошад!!!
Мӯҳр
Точик
11 - ин яьне рузи мотам барои миллати Точик

11 сентябр катли Ахмадшох Мас'уд низ шояд рамзй бошад
11 август Сидой, Зайд ... шояд ин саршавии мархалаи нав бошад..?

ман
канори ҳам гузоштани аксҳои абармарди тоҷик ва қотили миллат тамоман мантиқ надорад!!!!!!!
ҳатто агар 11 августашон яке бошад

Гайбулло
Худо сабр дихад, ва адолатро чори намояд.

Чоми
Озодагон, мо медонем, ки Шумо бо нони авлоди Зайд зиндаги мекунед. Илтимос, ба ифрот рох надихеду ин кадар ин чинояткорро (бо икрори суд) сафед накунед. Акнун хама гап зада буду хамин Иршод монда буд. Ты кто такой, давай до свидания!

Навои
Чоми,
Бародар макоми азиз Чоми, о мегуй Озодагон аз хисоби Зайд зиндаги дораву неки хамаи чизу чораша гирифтен ин бечорара ку. Мегуй ба наздики Озодагона хам мегирен?))

Шорид
Ба Навои! Агар хминхел дуруг навиштан гиред чаро не, хатман мебанданд расонаи дуругинатонро. Барои чи? Барои он, ки Иршод умуман дар мурофиахо иштирок накардааст ва уро дар наздикии дари СИЗО рох намедиханд. Иршод киро дуруг кардан мехоста бошад ё аз оилаи З.Саид чикадар маблаг гирифта бошад хавола ба ВИЧДОНАШ!

салом алейкум инчо Иршод сад дар сад дуруст кайд кардаги хаст аклу заковату инсоф надоред харчи гуфтан мегиред аз вичдонатон акалан шарм доред то кай бо чахолату нодони кор мекунед.Касе як сухани хак менависад дарав вая санг мезанед гуё барои хамин коратон фармон ё музд мегиред.не ин коротонки шумон бар акс душманиро дар чомеа зиёд карда истодаед.хамин озодагон пура тарафдорои хукумат аст вакте менависи чоп намекунад вакте таъриф мекуни дарав чоп мекунад ин озодиш намондагиаст..шукр ки байни инхонанда Иршодборин инсонхо хастки барои милат дилаш месузад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)