Беш аз 10 ҳазор ҷаримаи як ронандаи «Опел» дар Душанбе
Ронандаи автомошинаи “Опел-Зафира” аз шаҳри Душанбе барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахт беш аз даҳ ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Саидамир Маҳмадалиев, ронандаи автомашинаи «Опел-Зафира», аломати қайди давлатиаш 7866 ВМ01 аз 3 ноябри соли 2013 то 11 августи соли равон 42 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.
Қоидавайронкуниҳои Маҳмадалиев тавассути дурбинҳои “Шаҳри бехатар” сабт шуда, ӯ ба маблағи 10 ҳазору 160 сомонӣ ҷарима шудааст: “Ин маблағ тавассути бонки “Амонатбонк» ба буҷаи давлат интиқол ёфта, ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба ба РБДА ВУД пешниҳод карда шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |