Бахшҳо
17 авг 2015 12:03Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

“Бархеҳо асли мақсадро дарк накарда, фикр кардаанд, дар Данғара манзилро ҳукумат бунёд мекунад”

Як сокини деҳаи Висхарви ноҳияи Дарвоз мегӯяд, бархе масъулини ҳукумат ва сокинон ҳадафи ба Данғара кӯч додани сокинони русторо нодуруст шарҳ додаву ғалат фаҳмидаанд. Ӯ дар як матлаб андешаҳои худро иншо кардааст, ки пешниҳоди хонанда мегардад.



Ҳодисаҳои харобиовари табиат дар моҳи июл дар минтақаи ВМКБ барои мардуми чанд деҳоти ноҳияҳои Шуғнону Ванҷ ва ноҳияи Дарвоз харобиҳои зиёде овард. Дар пайи ин ҳодисот як зумра мардум бехонаю дар монда манзили бархеи дигар қисман хароб гашт. Аксари заминҳои кишт, роҳҳои мошингард ва купрукҳои пиёдагарду мошингузар зери сел монда, хароб гардид.

Ҳоло ба ҳар сурат рӯзҳои мушкил паси сар шуда, мардум ба маҷрои рӯзгор ва зиндагии аслии хеш баргашта истодаанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои барқарорсозӣ ва таъминоти рӯзгори мардуми осебдида азму талошҳои зиёд карда истодааст. Дастгирии мардуми хонавайронгашта саривақт оғоз ёфта, мардум дастгирии Ҳукумати Тоҷикистонро эҳсос кард. Бахусус ғамхориҳои Президенти малакат боиси таҳсин ва офарин аст. Дар вохӯриҳои доштаашон дар ҳар ноҳияи офатзада бо мардуми деҳоти харобгашта нисбати масъалаи барқарорсозии зиндагонии мардум дар алоҳидагӣ истоданд ва мардумро бо суханони некбинона ва самимӣ баҳри ташкил ва пешбурди ояндаи зиндагӣ ҳидоят сохтанд ва роҳнамоӣ карданд. Ин амали президенти мамлакат аз ҳама дастгириҳо пурарзиштарин дар ин давра ҳисоб меёбанд ва онро бояд ҳамагон дар минтақаи куҳистон дастгирӣ ва қадршиносӣ намоем. Мардум суханҳои президентро, ки гуфтанд, “мо барои Шумо ҳама шароит ва заруриётҳои зиндагиро кумак ва таъмин менамоем, дилшикаста ва руҳафтода набошед” хуш қабул карданд.

Дар ноҳияи Дарвоз дар вақти вохӯриҳо бо мардуми офатзадаи деҳаи Висхарв иброз доштанд, ки “шумо имкон доред, ки интихоб намоед, бо хоҳиши худатон барои шумо шароит медиҳем, ки дар ноҳияи Данғара бароятон шароити зист диҳем ва ё имкон медиҳем, ки дар шароити деҳаатон рӯзгоратонро аз сари нав бо пуррагӣ нисбати пештара сифатан беҳтар барқарор созед.

Хушбахтона дар ноҳияҳои Шуғнону Ванҷ ва ноҳияи Рашт барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ мувофиқи дастурҳои президенти мамлакат бе кӯчонидани мардум аз макони зисташон корҳои барқарорсозӣ пеш рафта истодаанд. Дар ноҳияи Дарвоз бошад, ҳукумати ноҳия варианти ба ноҳияи Данғара кӯчонидани мардумро пеш оварданд, ки ба фикри инҷониб бояд бознигарӣ шавад. Зеро аввалан мардуми хонахаробгашта дар ин деҳа асосан 9 хоҷагиро дар бар мегирад. Президенти мамлакат иброз доштанд, ки сокинони деҳа бо хоҳиши худ ва агар майли кӯчидан ба ноҳияи Данғара дошта бошанд, метавонанд бираванд ва дар ноҳияи Данғара барояшон манзили зистро бо пуррагӣ аз ҳисоби давлат месозанд. Агар хоҳиши кӯчиданро надошта бошанд, дар дохили деҳаи Висхарв шароити устувори бунёди манзилро пайдо созанд ва ин кумаки президенти мамлакат барои онҳо дар ин маҳал расонида мешаванд. Яъне, интихоб дар ҳарду маврид аз тарафи мардуми офатзада мебошад. Барои иҷрои ин амал набояд касе барояшон фишори беруна биёрад ва ё маҷбур созад.

Масъалаи дигари ҳалталаб имрӯз дар деҳаи Висхарв муносибат бо дигар хоҷагиҳое мебошад, ки манзили зист ва хоҷагии онҳо тамоман зарар надидаанд ва фақат роҳ ва купруки мошингард, заминҳои кишти онҳо хароб гаштаанду муҳтоҷи дастгирӣ барои барқарорсозии замин ва инфрасохтори деҳотанд. Чунин хоҷагиҳо 43-тоанд, ки инчунин дар рӯйхати нафаронеанд, ки бояд ба ноҳияи Данғара кӯч дода шаванд. Намедонам ин рӯйхатро худи мардум тартиб додаанд ва ё нафаре аз берун. Бори дигар боят такрор кунам, ки манзили зисти онҳо вайрон нагашта ва касе ҳаққу ҳуқуқи онҳоро кӯчонидан надорад. Агар хоҳишашон бошанд, имрӯз ҳукумати мамлакат барояшон имкон медиҳад, дар ноҳияи Данғара баҳри бунёди манзили зист замин бигиранд, вале бояд худашон аз ҳисоби хуб хонаҳояшонро бисозанд. Бархе мардум асли мақсадро дарк накарда, фикр кардаанд, ки дар ноҳияи Данғара ба онҳо низ манзили зистро ҳукумат бунёд мекунад.

Нисбати барқарорсозии инфрасохтори деҳоти Висхарв гуфтаниям, ки агар сокинони зарардида хоҳиши идомаи зистро дар ин деҳа дошта бошанд, онҳо ҳақ доранд, ба ҳукумати маҳал нисбати эҳтиёҷоташон муроҷиат намоянд ва дар ҳамоҳангии ҳукумати маҳал инфрасохтори вайронгаштаро барқарор созанд ва зиндагиро пеш баранд. Дар ин самт касе онҳоро нисбати интихобашон фишор намедиҳад ва ҳуқуқи фишоровариро низ надорад, зеро ин интихоби онҳост. Мардуми ин деҳа таҷрибаи барқарорсозии шароити зистро тайи садсолаҳо дорад, маҳдудияти куҳистон ин мардумро мисли пулод гудохтааст ва обу тоб низ додааст ва дар ин бобат барои онҳо фақат корҳои фаҳмондадиҳӣ, дилбардорӣ, роҳнамоӣ лозим мешаваду халос.

Дар навбати дигар барои роҳбарияти ноҳияи Дарвоз оварданӣ ҳастам, ки онҳо бояд мардуми кӯчбастаро пеш аз амалӣ намудани нақшаи интихобнамудаашон нисбати мафҳуми калимаи адабтатсия, яъне мутобиқшавиашон омӯзиш намоянд ва онҳоро нисбати шароити иқлими маҳал ва шароити хоҷагидории ноҳияи Данғара фаҳмонанд. Мақсади омӯзиши пешакӣ сари он бошад, ки мардуми кӯчбастаи деҳаи Висхарв дар тӯли садсолаҳо дар иқлими муътадил, ҳарорати аз ҳама зиёд 30 дараҷа гармӣ зиндагӣ намудаанду ҳамеша дар соҳили оби дарёчаи нӯшиданибоби мусаффо зист намудаанд, кишоварзии обӣ доштанд. Дар ин минтақаи интихобнамуда иқлим ва шароити табиат дигаранд ва масъалаи мутобиқшавии мардуми куҳистон дар ин шароит дар мадди аввал меистанд.

Дар охир бояд қайд намоям, ки аз деҳаи Висхарв дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 23 нафар сафарбар шуда, Ватанро ҳифз кардаанд. Ин деҳа ходмони сиёсӣ, ҳуқуқдонҳо, табибони номӣ, олимони забардаст, мутахассисони гуногуни соҳаи хоҷагии қишлоқ ва шоиронро тарбия кардааст. Деҳа нисбати бунёди бозори кишоварзии ВМКБ низ саҳми арзанда дорад. Аз ҷиҳати иқлим ва мавқеи ҷуғрофии хеш нисбати деҳоти поёноб ва марказии ноҳияи Дарвоз фарқ менамояд, яъне баҳори ин деҳа қариб як моҳ қафотар меояд. Ин хусусият барои деҳа имкон додааст, бозори тухмии картошкаро дар ноҳияи Дарвоз таъмин созад, яъне ҳамасола деҳқонони ин деҳа барои таъмини эҳтиёҷоти тухми картошкаи деҳқонони деҳоти ҳамсоя миқдори зиёда аз 50 тонна тухмиро ба бозор мебароранд. Деҳоти поёноб ва марказии ноҳияи Дарвоз ин миқдор тухмиро истифода намуда, бозори картошкаи барвақтиро дар бозори шаҳри Хоруғ, маркази ноҳия таъмин менамояд, ки ин саҳми арзандаи ноҳияи Дарвоз аз ҳисоби деҳаи Висхарв дар ташкил ва таъмини бозори барвақтии картошка мебошад. Аз ин деҳа инчунини дигар мева, сабзавот, маҳсулоти чорво ба бозори ноҳияи Дарвоз интиқол дода мешавад.

Мизробшо Амирбеков, сокини деҳаи Висхарви ноҳияи Дарвоз

Мӯҳр
Шохмансур
Бархе масъулини ин Нохия барои худнамои дар назди Президенти кишвар ин корро амали карда истодаанд , ва умуман термини ,, Адабтатсия ,,-ро хам намедонан чиай ,,,,,,

ванчи
Бисер хуб мебид, ага ба Сурхсангови мо хохишмандон куч банданд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)