56 ҳазор еврои Иттиҳодияи Аврупо ба осебдидаҳои офати табиӣ дар Тоҷикистон
Иттиҳодияи Авпупо барои осебдидаҳои сел дар вилояти Бадахшон ва ноҳияи Рашт 380 ҳазор сомонӣ, муодили 56 ҳазор евро кумаки башардӯстона ироа кардааст.
Аз Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки ин маболиғ бо дархости ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон ҷудо шуда, ба 105 оила дар Бадахшон ва ноҳияи Рашт хайма ва лавозимоти рӯзгор, монанди курпача, болишт, сатил, бел ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин мешавад.
Аз 1 то 22 августи соли равон дар вилояти Бадахшон ва водии Рашт селобҳо ба 929 оила осеб расонидаанд. Ин оилаҳо ба оби ошомиданӣ ва нерӯи барқ дастрасӣ надоранд. Афзун бар ин, дар натиҷаи фаромадани селобҳо роҳ, пул, канал ва дигар зерсохторҳо зарар дидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |