Бахшҳо
18 авг 2015 10:44Тоҷикистон / CV / Иҷтимоӣ

Убайдуллоев хост, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолкунандаи қуму сангреза санҷиш шаванд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдории Душанбе бори дигар масъалаи санитарию экологии пойтахтро ба миён гузошта, дастур додааст, дар нуқтаҳои партовҷамъкунӣ дурбинҳо насб ва назорат ҷиддӣ гирифта шавад.

Шавкат Саидов, сухангӯи Убайдуллоев дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин масъала дар ҷаласаи корию ихтисосии шаҳрдорӣ бо ширкати роҳбарони сохторҳои алоҳидаи масъули ҷумҳуриявию шаҳрӣ ва раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба миён гузошта шудааст.

Ба қавли ӯ, “дар ҷаласа масъалаи аз ҷониби сохторҳои зидахли ҷумҳуриявӣ мавриди санҷиш қарор додани ҳолати санитарию экологӣ, пешбурди назорат аз ҷараёни то 31 августи соли 2015 муттасил дар назди 1116 нуқтаҳои партовҷамъкунии шаҳраку маҳаллаҳо, бо насби камераҳои мушоҳидавӣ аз соати 05 то 20, дар се бахши панҷсоата, мутаносибан роҳандозӣ намудани навбатдории кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо, масъулини сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва санҷиши вазъи беҳдошту истифодабарии дарёҳои марзгузари шаҳр, қабл аз ҳама фаъолияти корхонаҳои саноатии ба истеҳсоли қуму сангреза машғулбуда баррасӣ шуда, аз ҷониби Убайдуллоев дастуру супоришҳо дода шуд".

Инчунин, дар ҷаласаи рӯзи 17 августи Убайдуллоев бо назардошти фарорасии соли нави хониш дар мактабҳои системаи маорифи шаҳр масъалаи омодабошии мактабҳо ва баланд бардоштани масъулияти коллективҳои омӯзгорию кумитаҳои падару модарон дар роҳандозии таълиму тарбияи босифат ва зери назорати доимии ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама назорати интерактивии волидону комиссияҳои марбутаи Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои пойтахт қарор додани раванди таълим дар мактабҳо аз ҷониби Раиси шаҳр ба риштаи таҳлил кашида, ба роҳбарони соҳа дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Мӯҳр
Бисёр икдоми хуб Мухтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев як чизи дигаро ман кайд кунам,ки дар н.Рудаки махалаи Шапкина дар назди дарё 3-то корхонаи куму шагал хаст ягон мошинхои онхо санчида намешаванд хучат надоранд аз меъёр зиёд бор мекунанд рохоро вайрон кардаанд бо рохи асоси намераванд аз тарси кормандони БДА-ро акалан рохи худашонро таъмир намекунанд дар назди сохил партовгох ташкил карданд Милитсияи Экологи ягон маротиба ончоро назорат намекунад хама сеххои хасиб барори устагонхояшонро дар лаби дарё мепартоянд Мухтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев як ин бетамизонро гуштоб кунед аз шумо минадорем барои чунин хизматхо барои халки азизамон

Хасан
КАНДАША ЗАНА МУХТАРАМ УБАЙДУЛЛОЕВ ИН ШАХСИЯТИ БУЗУРГ БА ХАМА ЧИЗ АРЗАНДА АСТ ИН ХЕЛ СИЁСАТМАДОР ДАР ТОЧИКИСТОН НЕСТ БИГЗОР ХАМА СИЁСАТМАДОРОНИ ТОЧИК БА МИСЛИ УБАЙДУЛОЕВ БОШАНД НАИНКИ ДАР ФИКРИ ПУР КАРДАНИ КИСААШОН

Бенихоят икдоми хуб дар нохияи Сино кишлоки Лучоб 2-то корхонаи коркарди куму сангреза фаъолият менамояд намедонам аз чи бошад ягон бор аз чониби давлат тафтишот намешавад ба фикрам на налог месупоранд на пули барк як бор хаминхорохам тафтиш мекарданд нагз машуд бар замми ин оби пас аз шустушуи кум оби лойкати ба дпрёи Лучоб чори мешавад бад рафта ба дарёои Варзоб илтимос як бор санчида бинен барои саломатии мардум зарар дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)