АКС: Дар Брюссел барои осебдидаҳои офатҳои табиии Тоҷикистон аксия баргузор кардаанд
Дар шаҳри Брюссел ҷиҳати кумак ба осебдидаҳои офатҳои табии ахири Тоҷикистон аксияи башардӯстонае роҳандозӣ шудааст.
Аз Сафорати Тоҷикистон дар Брюссел гуфтанд, дар ин аксия, ки бо ташаббуси ҷамъияти тоҷикистониёни муқими Шоҳигарии Белгия, Шоҳигарии Нидерланд ва Гертсогии Бузурги Люксембург ва бо дастгирии сафорат баргузор шуд, акс, сувенир, сӯзанӣ, либос ва тоқиҳои анъанавии тоҷикиву хӯрокҳои миллӣ пешниҳод гардид: “Дар чорабинӣ кормандони сафорат, Консули фахрии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Клаус Ван Дейк, инчунин аъзои ҷамъияти тоҷикистониёни муқими Шоҳигарии Белгия, Шоҳигарии Нидерланд ва Гертсогии Бузурги Люксембург ва дӯстони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои Бенилюкс истиқомат менамоянд, иштирок намуданд”.
Манбаъ мегӯяд, маблағи гирдовардашуда аз ин аксия ба суратҳисоби махсуси Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" интиқол дода шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |