Бахшҳо

Номаи “Шайх Темур” ба Президент ва тақозои иштироки намояндаи ӯ дар мурофиаҳояш

Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур”, ки аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон 16 сол аз озодӣ маҳрум шуд, ба зинаи болоии ин ниҳод шикояти кассатсионӣ бурдааст.

Мавлудхон Салихов, вакили дифои Саидмаҳдихон Сатторов имрӯз, 19 август бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, бо ирсоли шикояти кассатсионӣ аз Додгоҳи олӣ дархост намудаанд, ҳукми зерҳимояаш аз нав баррасӣ шавад. Ӯ афзуд, ҳоло санаи баргузории мурофияи додгоҳӣ тибқи шикояти кассатсиёнӣ маълум нест. Саидмаҳдихон Сатторов инчунин бо ирсоли як нома аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори расидагӣ ба қазияаш шудааст. “Дар нома ба президент зерҳимояи ман хоҳиш намудааст, дар мурофиаҳои минбаъда аз дастгоҳи раисиҷумҳури кишвар намоянда иштирок намуда, ҳақиқатро бо чашми худ бубинад”,-илова намуд Салихов.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 8 июл Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур”-ро дар дузанагӣ, таҳқири ҷасади фавтидаҳо -- несту нобуд ё касиф кардани қабристон, тамаъҷӯӣ ва чанд ҷинояти дигар муҷрим шинохта, барои 16 сол равонаи зиндони низомаш шадид кард. Инчунин, ӯ дар ҳаҷми 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 60 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима шуд. Қабл аз эълони ҳукм Сатторов дар сухани ниҳоияш аз додгоҳ хоста буд, ӯро сафед ва аз толори мурофиа озод кунад.

Номи “Шайх Темур” баъди он вирди забон шуд, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6 феврали соли ҷорӣ филми мустанадеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод. Дар он аз мардумфиребиҳои Сайидмаҳдихон Сатторов, нақл мешуд. Баъдан, Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дархости Додситонии кулл ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифт ва 9 июни соли равон дар боздоштгоҳи №1-и шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии ӯ оғоз шуд.
Мӯҳр
саид
Шайхро озод кунед бечора ягон чинояти вазнин надорад

ш Душанбе
Саидмаҳдихон Сатторов чаро вакти дар озоди буданат вакти кайфу сафоат ба Президент мактуб накарди , ки ЧАНОБ ак сагерахона мада вобаст кнен ма дастгири кунам .ё инки акчои варзшгохи замонави созам ба хал туфа куна ...чаро нагуфтет ....инкадар сол шумора хукумат надид ..чи шумо фикр мекунед Худованхам надид.....Худат казоват кун .......

Фархори
Мухтарам Президент ягон ноами ин Шайхро нахонеду сухнонашро гуш накунед. Агар ин шайх одами хуб мебуд чаро ичозат дод ки занашро шогирдонаш зананд? чаро писаронашро ба мактаб рафтани намемонд? чаро халкро фиреб карада агар гусфанд меовардан як шогирдаш медаромад буз меоварданд дигар шогирдаш медаромад? ГурИ ОДАМОНРО ки хонаи абади хисоб мешавад чаппа карда Ба аташа макбара сохтай. Агар ОЗОДАШ КУНАНД ЭХТИМОЛИ ОН МЕРАВАД КИ ИН ШАЙХРО ДАР БЕРУН ОДАМОНИ ЗАРАРДИДА МЕКУШАНД.

Эдик
Агар ҳамаи ин тӯҳмат набошнду рост бошад. Пас ман ба ҷои Президент мешудам боз 16 соли дигар туро аз озоди маҳрум мекардам.

Панчакенти
Шайхтемури азиз, дар хакикат Шумо худатонро худатон зери чарие тела кардед. ?.......Саловату каттагие мекардед магар ба худатон аён набуд.??? Инкадар хизматгору шогирду чокару навкар дар гирди Шумо чи мекофтанд? ?????? Дар сархади давлати навбунёди Точикон ба чи корхо машгул будед??? Фикр кардед Амнияти Чумхурии мо кор намекунад? ???.........Ман агар Суд ё пракурор мебудам Шуморо бо хамун дастаатон 20 сол медодам. .......Нав чоятонро ёфтед. ..бовар кунед дааааа. ............. ..Ростгуе аз дехаи хурдакаки Панчакент

о
Хамин шахсоне ки ин муйсафедро тухмат карда говсуд кардаанд магар аз худо наметарсанд? Бовари дорам подоши кардагиашонро хоханд гирифт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)