Бахшҳо

“Лайк”- аслиҳаи муассири ҷанги иттилоотӣ

Атохон ҒАНИЕВ

Вазъи амниятии Осиёи Марказӣ имрӯз ба мавзӯи хеле ҳассос мубаддал шуда, баҳсҳои тезутундеро дар доираҳои сиёсиву дипломатӣ ва васоити ахбори омма ба вуҷуд овардааст.

Бо ҷамъ шудани ҷангҷӯён дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Туркманистон доираи ин баҳсҳо боз ҳам васеътар гардид ва гуруҳҳои манфиатдор бо истифода аз фурсат вазъиятро боз ҳам даҳшатноктар нишон додан мехоҳанд. Ба ҳар сурат сиёсатмадорону кормандони дипломатӣ, ҳарбиёну коршиносони мухталифу гуногунандеш дар сари хавфи воқеии вуҷуд доштани эҳтимолияти ҷангҳои гибридӣ ва иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ ва ё шаклҳои дигари ихтилофу муноқишаҳо фарзияву тахминҳои худро баён мекунанд.

“Бояд эътироф кунем, ки ҷанги сеюми ҷаҳон амалан аллакай оғоз ёфтааст. Дар ҳама ҷо, дар гӯшаҳои мухталифи олам муноқишаҳои ҳарбӣ сурат мегиранд. Ин на он ҷангест, ки қаблан дар бораи он мафҳум доштем. Мо бояд онро ба назар гирем, ки нишонаҳои ин ҷанг дар остонаи мо қарор дорад”- гуфтааст генерали Хадамоти вижаи Қирғизистон Токон Мамитов.

Ҷанги гибридӣ - маҷмӯи чорабиниҳои ҳарбӣ ва ғайриҳарбӣ аст. Намунаи ҷанги гибридиро метавон зимни ҳодисаҳои дар Африқою Шарқи наздик ва Украина рухдода мушоҳида кард.

Илёс Субанқулов, муовини сардори Ситоди генералии Вазорати мудофиаи Қирғизистон ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, “мо қушунҳои худро барои бурдани амалиётҳои хурд оид ба пешгирӣ ва аз байн бурдани хатар омода карда истодаем. Инчунин ба васоити ахбори умум кор мекунем, зеро яке аз шаклҳои хатар - ин ҷанги иттилоотӣ аст”.

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу низ изҳор дошта, қушунҳои мусаллаҳи кишвараш ва давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд ҳамеша дар ҳолати омодабош бошанд.

Сиёсатшинос Марс Сариев дар асоси андешаҳои сиёсатшиносони Ғарб мегӯяд, вобаста ба хомӯш шудани ихтилоф дар Украина муноқишаҳо дар Осиёи Марказӣ авҷ хоҳад гирифт: “Ба фикри сиёсатшиносони Ғарб сухтор дар Осиёи Марказӣ баъди интихоботҳои парлумонӣ дар Қирғизистон оғоз мешавад. Ин як ахтаре барои барафрӯхтани муноқиша дар тамоми минтақа хоҳад буд”.

Интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон 4 октябри соли 2015 дар назар аст.

Ҳарчанд то интихобот беш аз як моҳи дигар вақт аст, муборизаи тезутунди сиёсӣ миёни намояндагони ҳизбҳои сиёсии Қирғизистон оғоз ёфтааст. Дар ин интихобот аз 34 ҳизб намояндагони 30 ҳизби сиёсӣ ширкат хоҳанд намуд, аммо ба гуфти коршиносон танҳо ҳамагӣ чанд ҳизб имконияти воқеии ғалаба дар интихоботро дорад. Ба фикри сиёсатшинос Марат Казакбоев ҳизбҳои сиёсие, ки ҳоло дар Қирғизистон фаъоланд, дорои ягон ғояҳои идеологӣ нестанд. “Ягон ғояи сиёсӣ надоранд, танҳо мехоҳанд ба парлумон роҳ ёбанд. Барои ҳамин мо чунин бетартибиро мебинем. Мардум хеле руҳафтода шудааст, барои он ки чанд сол аст, интихобот мегузаронем, вале натиҷа ҳамон як аст”- изҳор дошт сиёсатшинос ба хабарнигори бахши русии “Озодагон”.

Агар ҳизбҳое, ки дар интихобот комёб нашуданд, аз рӯи сенарияи солҳои қаблӣ амал кунанд, хавфи сар задани муноқишаҳои гуногун аз эҳтимол дур нест. Дар пасманзари афзудани хатари сар задани низоъҳои гуногун дар Осиёи Марказӣ роҳбарони ин кишварҳо саъй доранд, бо усулҳои мухталиф пеши роҳи ин хатарҳоро бигиранд. Муборизаи ин кишварҳо алҳол бо гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбии кишварҳои ҳамсоя, чораҳои тарғиботию профилактикӣ ва қисман ба зери назорат гирифтани фаъолияти дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд мегардад.

Шабакаи иҷтимоӣ, воқеан имрӯз чун яке аз омилҳои муассири ҷангҳои иттилоотӣ муаррифӣ гардидааст. Аз ин рӯ тамоми қувваи хадамотҳои махсус ва ҳифзи ҳуқуқ ба он нигаронида шудааст. Шаклҳои мубориза дар ин самт дар ҳар кишвар бо усулҳои гуногун аст. Акнун гузоштани “лайк” (қайд кардан, ки ин мақола ё хабар, навор ё расм ба шумо писанд аст) зери маводи шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад, оқибати нохуше ба бор оварад.

Чунончӣ, 31 июли соли ҷорӣ Суди шаҳри Оши Қирғизистон шаҳрванд Б.И.-ро барои машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ барои гузоштани “лайк” ва “класс” зери хабарҳо ва суратҳои дорои хусусиятҳои динӣ дар шабакаи “Одноклассники” гунаҳкор дониста, ӯро як сол шартан аз озодӣ маҳрум кард.

Маҳкумшуда маъюби 35-солаи гуруҳи дуюм, падари чор фарзанд Б.И. изҳор доштааст, зери баъзе маводҳое, ки онҳоро ҳадиси паёмбар гумон мекард, “лайк” гузоштааст. Комиссияи давлатӣ ба хулосае омада, ки ин маводҳо ба “Ҳизб ут-Таҳрир”, ки фаъолияти он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ манӯъ аст, дахл дорад.

Дар Тоҷикистон низ шахсоне кам нестанд, ки гузоштани “лайк”-ро дӯст медоранд. Бе он ки ба маънии аслии он сарфаҳм раванд ва мақсади дар шабака ҷой додани онро дарк кунанд, аз сари эҳсосот дар зери он “лайк” мегузоранд. Аммо ғофил аз онанд, ки ҳар як “лайк”-у “класс” ифодакунандаи мавқеи ин ё он шахс буда, шумораи зиёди “лайк” тарафдори бисёр доштани он маводро нишон медиҳад.

Ба қавле ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ, имрӯз на танҳо афкори ҷамъиятиро ташаккул медиҳанд, балки ба силоҳи даҳшатангезе мубаддал шудаанд, ки ноаён мағзҳоро шуста, ҷараёни инъикоси ҳодисаҳои гуногунро вобаста ба манфиати ин ё он гуруҳ инъикос мекунанд ва тавзеҳ медиҳанд. Ва ҳар як истифодабарандаи шабакаи иҷтимоӣ метавонад ба қурбонии ҷанги иттилоотӣ, ки пораи ҷанги гибридист, табдил ёбад.
Мӯҳр
.
Хеле хам маколаи бемаъни.

кишлоки
Лайкгузорон танхо мардуми (чавонони) шахрхо ва марказхои калони нохияхо мебошанд. Дар мо холо свет нест ва бо компютер фарзандони мо баъди 40-50сол ошно мешанд. 70%-и мардуми точик аз иттилооти интернети бехабаранд. Ин хуб ё бад намедонем1
.,

Ховари Пурод
ОФАРИН, МАВОДИ ХЕЛЕ ТАХЛИЛИИ ХОНДАНИ!

Reiters
Чунонеки хама чангхои гузаштаи дунё бемаъни буданд чангхои оянда хам бемаъни ва омили асосии он кишвар абаркудрате мебошанд ки кишвархои хурди заифу берахбари дилсузе монанди кишвари моро торумор мекунанду хуни миллаташро мемаканд.

Ин кадар маколаи пучу бемаъниро дар умрам нахондаам. Ман хайронам, ки чаро ходимони сайт онро чоп кардаанд,

Ҳақиқат
Дехоти,
Худат воқеан пучу бемаънӣ ҳастӣ, барои ҳамин ту баринҳоро дар Русия Ҷамшуд ё чурка мегӯянд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)