Бахшҳо

Тураҷонзода дар бораи қулфовезии ошиқон ва навхонадорон

Эшони Маҳмуд, руҳонии шинохтаи тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо амали бархе аз ҷавонону навхонадоронро, ки ба хотири пойдории ишқу муҳаббати худ ба якдигар қулферо муҳкам карда, калиди онро дур меандозанд, ғарбгароӣ ва хуруфот хондааст.

Ин руҳонии тоҷик дар посух ба суоли Акбар, корбари торнамои хонаводагии Тураҷонзодаҳо - Turajon.org, гуфтааст, “ин амал як навъ хурофот мебошад, ки ҳеч асоси шаръӣ надорад ва тақлид ба олами Ғарб аст, ки мутаассифона ҷавонони миллати мо кур-курона пайравӣ аз дигар миллат мекунанд”.

Эшони Маҳмуд аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки вақтҳои ахир баъзе аз нафарон пайравӣ аз паёмбару Худои худро канор гузошта, ба миллати ғайримусулмон пайравӣ мекунанд: “Ба зоҳири онҳо дода шуда онҳоро пешво ва қудваи худ қарор додаанд. Ҳарчиро онҳо писанданд, меписандад ва ҳарчиро бад гӯянд, бад мегӯянд”.

Ба гуфтаи ӯ, мусулмон бояд ба ҷои пайравӣ аз фисқу хуруфот ба илми мардуми Ғарб таваҷҷқҳ намояд: “Мусалмонҳо бояд бидонанд, ки илм марзу бум надорад ва асри тақаддуми технологӣ ба дин, урф ва анъанаҳои онҳо иртиботе надорад. Имрӯз, ки онҳо байрақбардори илм ҳастанд, пас аз онҳо илм бигиред, на фисқу фасоду хурофоташонро. Худо нигаҳбонатон бошад”.

Ин посухи Тураҷонзода дар ҳолест, ки ҳоло дар маркази шаҳри Душанбе барои овехтани қулфҳо сутуне қад афрохтаву ошиқон ва навхонадорон «барои як умр гарм мондани хонаи ишқу муҳаббати хеш» қулферо дар он овезон карда, калидашро дур мегузоранд.
Мӯҳр
анти-фанат
хаминчо хам ин муллохо бинишона халонданд. мон як кора барои таъби дили худ кунем. аз ин кор охир якон кас намурд ё ягон иншоот натаркид мисле ки шумо "мусулмонхо" мекунед

Худо нигахбонат хазрачон.ин корхо хурофот хастанд ман хайрон мардуми мова дигар халкхо кайхон ба гаштас мо холиям як стуни хушкба бовар карда гаштим..ээээ бахт мухабат аз чониби Аллох аст...

в
Якеаш як корро меунад, дигаронаш хам аз пода кафо намонем гуфта, рафта кулф меовезанд. Наход инсон то хамин дарача содда бошад. Хайр чавонон беакл хастанд, лекин волидонашон чи?

Ба Анти-фанат=====
Ту ки худ зидди мусалмонхо хасти, ба ту макул аст, ки мисли Аврупоихо гейу лесбиянкахо боши, пас бирав

ХОКИМ
албатта сину соли эшонро ба назар гирифта ман уро хурмату эхтиром мекунам, лекин ин хама норозиггии эшон маъни надорад, кулфовезии мардум ягон маънои ба дигар дину дигар маданият тарафдор будани онхоро надорад. Ин як намуд элементи нишон додани хурсандиву хушбахтии онхост, агар пас аз чанд соли зиндаги омада онхо хамун кулфхояшонро дар чояшон бинанд лахзае аз хушбахтии хамон солхо ба ёдашон мерасад, ман худ агар хонадор шавам, як кулф не, ду кулф мемонам!

muallifi aks
Вақте танбалӣ карда ҳавсалаи рафтан ва худ акс гирифтанро надоред, ба ҳангоми истифодаи акс лутфан ба манба ишора кунед!!

ор
ХОКИМ,

Наход ту дар хакикат гумон мекуни, ки нисбати эшон боаклтар боши? Аз хамон куфловезиат маълум аст, ки холо кудак хасти.

санам
рост мегуянд эшони Махмудчон мухаббат аз тарафи Аллох аст агар дар такдиру кисмат набошад хафтод кулф махкам куни капида наметони кулфоя накушода чудо мешаванд мардуми таклид ба хама мекунанд шумо бубинед ягон халки аврупо ё дигар миллатхо ананаъхои моро таклид мекунан масалан таги чодар даровандани арусу домодро ба худо шармам меояд ах корхои баъзе хамватанонам шумо таклид ба илму донишу техникаи аврупо кунед на балки ба ананахояшон

Гаибулло
Сатхи дониши диную дунявиамон паст аст. Инро бояд пештар рухониён мегуфтанд...

Ин расму оини яхудай

Дар кулфгузори ба сутум шахсан ман ягон бадбахти е ин ки гайри дини кирдорро надида истодаам ва инчунин ба гуфтахои ХОКИМ шахс рози хастам яъне
"кулфовезии мардум ягон маънои ба дигар дину дигар маданият тарафдор будани онхоро надорад. Ин як намуд элементи нишон додани хурсандиву хушбахтии онхост, агар пас аз чанд соли зиндаги омада онхо хамун кулфхояшонро дар чояшон бинанд лахзае аз хушбахтии хамон солхо ба ёдашон мерасад, ман худ агар хонадор шавам, як кулф не, ду кулф мемонам! "
Инчунин кайд карданиям ки ба як сутум кулф овехтанро хамзамон дида ба онхо норозиги баен мекунед, вале чаро он туйхоеро намебинед ки дар онхо таги 30 000 доллар масраф мешавад, дар он хофизо сарояндаги мекунад, зану мард дар як толор нишаста май ва шароб нуши мекунанд, хангоми масти ба раксу бози ва корхои гайр даст мезанан. О ин корхо хамаш гайри дини нест ми ? Худо куват ва инсоф дихад чавонон ва волидайнхои моро, ва дар оянда аз масрафкори ва туйхои вадваданок даст кашанд, чун ки солхои охир чудошавии оилаи чавон хелохам биесер шудааст ва туйхои вадваданок и ин ки сарояндаи хуб ШАРОБИ худ оилаи фарзандони Шуморо мустахкам намесозад. Инкадар харочот кардан мехохед дар рузи туи арусии фарзандотон ба ятимхона, хонаи бепарастон кумаки худро гузоред ин бехтар аст ба назари ман. Ва дар охир кайд кардани хастам ки дар хакикатан кулфовезонкуни ин дорои нишон додани як мехру мухабат ба хамдигар дар асри 21 мебошад =)

Бахс накунед бародархо аз ин сутун метелаломи хуб мебарояд ))))

анти фанат!!!
Ту гумрох асти,ки харфхои ночо мегуи...
Мардуми мо думболи гумрохи рафта истодаанд мефахми? Агар пеши ин маризиро нагири,фардо духтархо урен мешаванду (алхол шудаанд) писархо ....дар кучахо шарм надошта гаштугузор мекунанд.... Ин мусибат аст барои мо.
Бубин чавонхоро ба ихтиери худ гузоштанд,ба кучохо рафта расидандд.
Боз бадбахди ДОИш чавонхоро туъмаи худ кардаистодааст. . Панох аз доиш-и хунхор,Доиши даччол.
Панох аз ихтилофхо,
Панох аз бесаводи,
Панох аз гумрохи,
Панох аз чизпарасти.
Ру ба суи Худо биер. Омин

Ману
Кумитаи холатхои фавкулода аз он ки аз зери об чанд куфл ёфтаву аз хурофотпарасти нигарони мекунад, хубтараш аз ин куфловезонкунии ошкоро нигарони кунад. Барои миллати бо фархангу мусалмон айби бузургест. Магар як охан метавонад бахти инсонро нигах дорад. Ба чойи эътикод ба Худо чаро ба сангу охану дарахт эътикод мебандед? Аз латтабанди ба куфлбанди гузаштанатон чи маъни дорад? Хардуяш хам кори аблахона. Агар хамин бемаърифатию бесаводи идома ёфтан гирад, агар хазор куфл хам бандед боз аз хам чудо мешавед. Онхое, ки ба чойи хама чизро аз Худо хостан аз охан интизоранд, хеч гох лоики эътимод нестанд. Онхо ба Худои худ содик нестанд, чи гуна метавонанд ба як махлукаш содик бимонанд? Озодагон чопаш кун.

Халкро таклидашон барбод дод, ин ду сад ланат бар ин таклид бод

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)