Бахшҳо

Пурсиши “Озодагон”: Сирри 600 сомонии гумрук ва агентии зидди фасодро медонед?

Маоше, ки Оҷонсии мубориза бар зидди фасод барои 38 нафар ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои 21 коргар бо эълони озмуни ҷои кори холӣ пешниҳод кард, камтар аз маошест, ки омӯзгорон дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон мегиранд. Аммо баръакси макотиби миёна, ки аксаран аз норасоии омӯзгорон мушкил доранд, ин ду ниҳод дар гирифтани кормандон интихоби зиёд доранду то даҳ нафар барои як ҷой довталаб шудаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин “Озодагон” ба коршиносон чунин суол дод: СИРРИ 600 СОМОНИИ ГУМРУК ВА АГЕНТИИ ЗИДДИ ФАСОДРО МЕДОНЕД?


Ҳикматуллоҳ САЙФУЛЛОЗОДА, коршинос

Фикр мекунам, ҷӯё шудани посух ба ин суол ё ошкор кардани масъалаи боло будани довталабон барои дарёфти курсӣ дар ин ду ниҳоди зикршуда ҳеч мушкилие надорад, ба ҳар ҳол аз нигоҳи банда, Оҷонсии мубориза алайҳи коррупсия ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш бо доштани салоҳиятҳои гушношунид, барои кормандону масъулинаш ҳам маоши баланде таъин шуда буд, вале онҳое ҷову мақом касб карданд, ки "худӣ" буданд. Дар баробари ин ҳама, имконияти дарёфти пул аз роҳи дигар ҳам барои кормандони ин мақомот як кори одӣ менамуд, чун низоми коргузорӣ ва зиндагӣ дар Тоҷикистон тарзе шакл гирифтааст, ки як зани роҳрубро ҳам ба коррупсия гунаҳкор кардан мумкин аст. Пас ин ҷо василаҳои дарёфти пули муфт низ хеле зиёданд. Дар мавриди Хадамоти гумрук бошад, худи сардори феълии ин ниҳод иқрор кард, ки дар низоми кории онҳо "муомилаи тоҷиру гумрукчӣ" як амри табиӣ гаштааст. Пас ин ду ниҳод таваҷҷуҳангез барои ҷавононе қарор мегирад, ки аввалан пушту паноҳ доранд ва баъдан муҳаббат ва хидмат нисбати миллату кишвар дар андешаи онҳо шояд ҷой надорад. Ҳадаф ҳарчи бештару осонтар ба даст овардани пул ва бо ин васила касби шуҳрат аст, эхтимол ин шуҳрат барои баъзеҳо тулонӣ бимонаду барои дигаре кутоҳмуддат.

Мардон МУҲАММАД, рӯзноманигор

Ба назари ман, ин ҷо тасаввури пешин, ки ин ниҳодҳо манбаъи даромад ҳастанд, нақши калидӣ дорад. Чун ҳар нафаре мебинад, ки чӣ гуна як корманди маъмулии гумрук ё ожонси зидди фасод соҳиби манзили зебо, мошини гаронбаҳо ҳастанд. Ҳамин мафкура бисёриҳоро ба ин даргоҳ мекашад. Ба иддаъои мақомоти ин ниҳодҳо барои мубориза бо ришвахорӣ ва поксозии суфуфи онҳо аз афроди нолоиқ чандон бовар надоранд.

Ҳумайрои БАХТИЁР, рӯзноманигор

Фикр мекунам аксари мардум посухи ин пурсишро медонанд. Ҳатто, ҳамин мақомот. Мутаасифона, давоми солҳои истиқлол як андешаи носолим дар зеҳни мардум ҷой гирифт - вазифаи давлатӣ василаест барои даромад ва зиндагии боҳашамат. Тамом. Дигар хислатҳое ба монанди - дониш, ҷаҳонбинӣ, рисолат, садоқат, истеъдод дар кишвари мо бегона шудаанд. Бо ин гуфтанӣ нестам, ки сад дарсад кормандони давлатӣ орӣ аз ин хислатҳоянд. Вале, теъдоди ин гунаҳо кам аст. Мардум ба омузгорӣ намеравад, чун билохира имкони гирифтани "пора" онҷо вазнинтар, ва ба қавле "ставка"-ҳо ҳам ба андозаи як мақомот нест. Вақте ҷавон мебинанд, ки чи гуна як ҳамсолаш ба осонӣ диплом мегирад, ҷойи кор пайдо мекунад, соҳиби мошин ва манзил ҳам мешавад, ҳеч имкон надорад, ки барои кор роҳи мактабро пеш бигирад. Ин воқеъияти кишвар шудааст. Дар сурати дигар, чӣ маҷбур карда, ки ҷавонон барои маоши ночиз, ки шояд барои роҳкирояшон кофӣ набошад, навбат биистанд?

Шуҳрат ЛАТИФОВ, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ

Латифае ёдам омад оид ба яҳудиҳо - оё боз маош ҳам медиҳанд? Чӣ тавре ба ҳамагон маълум аст, кор дар мақомоти қудратӣ, давлатӣ на танҳо барои пора гирифтан, балки боз барои бархурдор шудан аз имконятҳост. Ман гумон дорам бархӯрд ва талош барои соҳиби кор дар Оҷонсии мубориза бар зидди фасод барои имконот мебошад. Кор дар мақомот ранги дар афсонаҳост, маоши кам лек як моҳ пас соҳиби қаср!

Раҷаб МИРЗО, таҳлилгар

Ба андешаи ман дар ин шакли бархурд 2 паҳлӯ аст. Яке, аслан дар мақомоти ҳуқумат одамон ба хотири маош кор намекунанд. Ҳатто гушзадҳое буд, ки бархе масъулин дар варақаи маош имзо мегузоранду онро ба дигарон мебахшанд. Дуюм, ин ду ниҳод, хоса Агентии мубориза бо фасод, макон барои парвози оянда ё тавре дар замони шӯравӣ мегуфтанд, "лифти иҷтимоӣ" хизмат мекунад. Манзур, бисёриҳо бовар кардаанд, ки Рустами Эмомалӣ, агарчи имрӯз шахси бисёр муҳими Тоҷикистон аст, дар оянда ба муҳраи асоситарин табдил ёфтанаш мумкин. Аз ин хотир, мехоҳанд аз будани худ ӯро ба ин ё он тарз огоҳ созанд. Гуруҳи сеюм ҳам дар ин ҳолат вуҷуд дошта метавонад. Яъне, онҳое низ ҳастанд, ки бовар кардаанд, писари президент ба пулу мол ниёз надораду ришва намегирад. Ва мехоҳанд аз ин истифода карда, худро дар мақомоти ҳукумат ҷо кунанд. Зеро то ин замон кушишҳояшон барабас рафта буду аз онҳо ё барои маҳалли номувофиқ ё пул надоштану ришва надоданашон ба кор дар сохторҳои ҳукумат нагирифта буданд.

Абдумалик ҚОДИРОВ, коршинос

Қабл аз ҳама бояд гуфт, ки ташаббуси интихоби кадрҳо тариқи озмун падидаи хубест, ки ин ду ниҳод пеш гирифтаанд. Ва Худо кунад, ки натиҷагирии ин озмунҳо беғаразона бошаду кадрҳои воқеан ҳам ҳирфаӣ ба кор гирифта шаванд. Мо барои ин кори хайр дуо мекунем. Вале савол ин аст, ки чаро, новобаста ба маоши ночизе, ки ин ниҳодҳо ба кормандони нав пешниҳод мекунанд, теъдоди довталабони ин курсиҳо хеле зиёд аст? Ман як вақт, дар солҳои шуравӣ, як дӯсти яҳудӣ доштам, ки агар касеро дуои бад карданӣ мешуд, мегуфт: “Илоҳо рӯзат ба маош монад!”. Яъне барои вай маош муҳим набуд; муҳим он буд, ки “мечакад” ё “намечакад”? Ва ин ҳама довталабони имрӯза гумон мекунанд, ки ин ду ниҳод ҷое ҳастанд, ки он ҷо “мечакад”. Мантиқи онҳо хеле содда аст. Онҳо мебинанд, ки кормандони имрӯзаи ин ниҳодҳо бо маоши каме, ки доранд, соҳиби мошинҳои дакаданг ва кӯшкҳои боҳашамат мебошанд. Албатта, ин довталабони бечора намедонанд, ки ин мошину кӯшкҳоро “хешҳои соҳибкор” тӯҳфа мекунанд. Ва ё ин бечораҳо аллакай “хеши соҳибкор” пайдо кардаанду танҳо бояд корманди гумрук ё оҷонсии зидди фасод шаванд, то ин “хешовандон” барояшон мошини дакаданг ва кӯшки боҳашамат “тӯҳфа” кунанд. Ин ҷо мантиқ танҳо ҳамин аст.

Меҳмоншоҳ ШАРИФЗОДА, докторанти Донишгоҳи Бергени Норвегия

Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон фазои фасод ва бефарҳангӣ ҳукмрон аст, аз ин рӯ талабгорони кор дар ниҳодҳое мисли Хадамоти гумрук ва Оҷонсии зидди фасод зиёдтаранд, зеро дар ин ниҳодҳо, новобаста ба маош, имкони “сарватҷамъкунӣ” бештар аст. Ва дар ҷомеа муқовимат бо фасод ва дигар маризиҳои иҷтимоӣ аслан вуҷуд надорад ва он чи дар шабакаи забонӣ ё рамзии мо имрӯз зиёд ҳарф мезананд аз воқеияти ҷомеа дур аст. Воқеият дигар қисса дорад ва он аз зершуури ҷомеаи имрӯзаи тоҷик хабар медиҳад ва онро наметавон бо тафсирҳо ва шиорҳои дурӯғандуд пӯшонд. Инчунин наметавон бо намоиши сунъӣ, ки гуё мубориза бо фасод рафта истодааст мардумро фиреб кард. Бо маҳдудаҳо ва арзишҳои маҳаллӣ ва бо фасод наметавон фасодро аз байн бурд...

Шокирҷон ҲАКИМОВ, доктори илмҳои ҳуқушиносӣ

Маҳз музди меҳнати кам яке аз омилҳое мебошад, ки кормандони Оҷонсии мубориза бар зидди фасод ва Хадамоти гумруки бар хилофи манфиатҳои миллӣ ва амнияти иқтисодӣ дар содир шудани ҷиноятҳои хусуияти иқтисодӣ ва коррупсионӣ дошта мусоидат мекунанд. Довталабон барои ишғоли вазифаҳо дар ин ниҳодҳо новобаста аз кам будани музди меҳнат ва дигар кафолатҳои иҷтимоию меҳнатии онҳо ба хуби дарк менамоянд, ки манбаъҳои иловагӣ ва ғайрирасмӣ зиндагии арзандаи онҳоро бо дар назардошти ваколату салоҳиятҳояшон таъмин мекунад. Тавре маълум аст мақомоти прокуратура, амният, милиса, палатаи ҳисоб ва дигар сохтторҳои вижаи соҳавӣ низ бевосита бо ошкор кардану додани баҳои ҳуқуқӣ машғуланд, вале боиси таасуф аст, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ на камтар, балки бештар мешаванд. Барои паст кардани сатҳи муносибатҳои коррупсионӣ низоми ҳокимияти давлатиро мукаммал намуда, назорати парламентӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро низ пурзур бояд кард. Инчунин таҳавулоти ҷиддӣ дар сиёсати кадрӣ ва ба вуҷуд овардани муҳити солиму мусоид ҷиҳати рақобат дар ҳамаи соҳаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ ва маҳкум кардани маҳалгароӣ бо дар назардошти иродаи сиёсӣ метавонанд кору фаъолияти мақомоти марбутаи давлатиро самараноку шаффофтару ҳисоботдиҳанда ва ба хусус масъулияти онҳоро афзуда, муносибатҳои коррупсиониро камтар бикунанд.
Мӯҳр
Абдуллох
шукр кунед,ки холо рози хастанд ки 600сомони маош медиханд) агар нафорашон хамон 600сомони маошам намедиханд! Так что Шукрона кунед
Шукрона кунед,ки дар ватане зиндаги мекунед ва маоши як мохинаш 600сомони мебошад

...Shokirjon ako o Shumo kor kofta gashted yak chod konem karda dar hamin konkurs ishtirok mekarded!?..Shoyad az konkurs meguzashted va sohibi kor meshuded va bo in bahona ba Chalku vatan chizmataton duchand merasid.. Guftaniam ki agar sohibi kor meshuded ham chizmatchieni on soharo az nav darsi hukuku muomila-ro ed medoded....Meguyand shayton noumed banda ba umed ast??...Salomat boshed!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)