Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 “Даст кашидан аз мошинҳои хизматӣ барои буҷа сабуктар аз хариди мошинҳои шахсӣ нест” » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 19 июл 2019, 06:38

“Даст кашидан аз мошинҳои хизматӣ барои буҷа сабуктар аз хариди мошинҳои шахсӣ нест”

25 август 2015, 14:18

Хабарнигори “Озодагон” – Сайф САФАР бо Камолиддини БОЗӢ, устоди риштаи иқтисод дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон перомуни коҳиши бошиддати қурби рубли русӣ дар кишвар ва имзои протокол аз сӯи ҳукумат ҷиҳати муқобила бо буҳрони молӣ суҳбате анҷом дод.


Озодагон: Далели поин рафтани қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон чӣ аст?

Камолиддини Бозӣ: “Яке аз далоили бунёдии поён рафтани қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон вобастагии иқтисодиёти кишвари мо аз иқтисодиёти Русия ё худ аз маблағҳои интиқолгардидаи муҳоҷирони тоҷик аз он ҷо мебошад. Ҳамин, ки рубли русӣ дар бозори худи Русия ва бозори ҷаҳонӣ поин рафт, дар мо ба таври утумот поин меравад”.

Озодагон: Мегӯянд, уфти қурби рубли русӣ ба поин рафтани қурби сомонӣ ҳам таъсир дорад?

Камолиддини Бозӣ: “Уфти қурби рубл ҳатман боиси уфти қурби сомонӣ мегардад, аммо бояд қайд намоем, ки ин таъсир ба арзиши сомонӣ нисбат ба дилхоҳ воҳиди пулии давлатҳои хориҷӣ метавонад гуногун бошад. Масалан, дар бозори асъори давлатҳои Осиёи Миёна қурби ҳамон кишваре бештар поин меравад, ки агар аз иқтисодиёти Русия камтар вобаста буда, содироти нисбатан бештар дошта бошад”.

Озодагон: Аз мушоҳидашои Шумо Тоҷикистон барои пешгирии таъсири уфти қурби рубли русӣ ба сомонӣ ва умуман ба иқтисод чӣ барномаеро рӯи даст гирифтааст?

Камолиддини Бозӣ: “Албатта дурнамо ва барномаҳои аз тарафаи Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазоратҳои марбут дар ин самт кам нестанд. Аммо чӣ гунае, ки дар боло қайд намудем барои Тоҷикистон, ки камтарин таъсирро ба бозори ҷаҳонӣ надорад ва 60 фоизи иқтисодиёташ танҳо аз интиқоли муҳоҷирон ва танҳо аз як кишвар вобаста мебошад, фикр намекунам ин барномаву дурнамоҳо то андозаи таъсири тағйирот дар бозори ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишвар ва сатҳи таваррум бошанд. Яъне, нақши тағйирот дар бозори ҷаҳонии асъор ба қурби сомонӣ аз таъсиир сиёсат ва барномаҳои дохилӣ калидитар аст”.

Озодагон: Дар пайи буҳрони феълӣ ҳукумат бо имзои як протокол вазорату идораҳои давлатиро вазифадор кард, маблағҳои буҷаи давлатиро назорат кунанд ва аз хароҷотҳои дувуминдарҷа ба монанди истифодаи мошинҳои даст бикашанд. Ба андешаи Шумо ин тасмим то кадом андоза корагар аст?

Камолиддини Бозӣ: “Ростӣ дар ин хусус то ҳол маълумот надоштам, аммо вазифадор намудани вазорату идораҳо барои назорати маблағҳои буҷаи давлатӣ ва бардоштани хароҷоти дуюминдараҷа барои як кишвари 24 сола дер шудааст. Ин мавзӯъ бояд кайҳо ҳалли худро меёфт. Мутаассифона, даст кашидан аз мошинҳои хизматӣ барои буҷет сабуктар аз хариди мошинҳои шахсӣ нест. Фикр намекунам кормандони мақомоти назораткунанда сартосар соҳибкор бошанд”.

Озодагон: Як истилоҳи иқтисодӣ “свободное плавание”аст, ки ҳангоми поин рафтани қурби пул аз он кор мегиранд. “Свободное плавание”аслан чӣ аст ва оё мешавад онро дар Тоҷикистон таҷриба кард?

Камолиддини Бозӣ: “Свободное плавание” ё нархи арзи шиновар агар оддӣ бигӯем ҳавола кардани қурби асъор ба худи бозор аст. Яъне, дар ин росто қурби асъорро худи фурӯшандаҳо ва харидорони бозори асъор муайян менамоянд. Фикр мекунам агар дар Тоҷикистон аз ин равиш кор бигиранд сабаби боло рафтани қурби як қатор пулҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла доллари Амрико мегардад, ки бевосита арзиши зистро дар Тоҷикистон боло мебарад. Инро бештар давлатҳое ба кор метавонанд бубуранд, ки нақши содироташон дар иқтисодиёти кишварашон назаррас аст. Мо, ки ҳатто об - нӯшокиҳоро бо доллар аз ҳамсоякишварҳо ворид менамоем, фикр мекунам барои истифода аз ин усул бароямон ҳанӯз фурсат нарасидааст”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман аз номи муйсафеди 88 сола менависам, ки замоне дар вилояти Ленинобод мансабдор будааст. Ин кас мегуянд, ки дар солхои 60 ум мошини хизмати гуфтани гап набуд ва хангоми ба сафр баромадан аз мошинсарой, гаражи умумии хукумат истифода мебурданд. Яъне раис когази сафари хизматиро имзо мекард ва ин е он мошин, ки дар гаражу умум буд, меомаду он касро ба сафар мебурд. на имсли имруза, ки раис дар хона хобу мошинаш дар таги тирезааш. Он мошинхо дар рузу соати таъинкарда нафари заруриро ба ин е он чой мебурданду меовардан, раис намедонист, дар ин сафар кадом мошин уро мебарад. Аз ин ру, суиистифода аз мошин- масалан, бурда овардани зани раис ба базор, номумкин буд, зеро шофери омада аз он кас имзо мегирифт.
Агар имруз хам дар хукумахо мошинсарои умуи кунанду мудири он ба кучо рафтани ин е он мошинро назорат мекард, ба манфиати шахси истифода бурдани мошини идора бархам мехурад, ки ин ба манфиати бучаи давлат ва аз байн рафтани кататсаи маъшукахо бо мошини шефхо мешавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин яке аз роххои такон додан ба истехсолоти дохили аст, чунки нархи махсулот бо пули дохили хамон монад хам, ба доллар гардонед, арзонтар мешавад ва бо махсули воридоти ракобат карда метавонад. Аммо барои рушди сохибкори шароитхои дигарро мухайё намудан лозим. Бе ин мардум гайри рохи мухочират чустан илоч надоранд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ба хамин протоколи 9 андозам медаровардан хуб буд савдо нест неки андоз сара бо ов метарошаsalimjon,
Посух додан
  • Bobojon

  • 25 август 2015 20:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Масъалаи мошинхои хидмати ин хандаовар аст. Ё мегуянд: "Не хочу плакат а смеяться боюсь". Бубин, ба бинову кур асо: - 1000 мошини хизматии масрафаш 12 литра агар ба 8 литра иваз карда шавад фаркият 4 литр ва ин дар як шабонаруз ба хисоби минимали 4000 литр ва дар як мох 120000 литр ва дар як сол 1440000 литр аст. Бо нархи 5 сомони 7200000 мешавад (1066666$) бо курси 6,75сомони = 1$. Аз ивази мансабдорону Карори Хукумат доири расму оинхо чи суд, ки боиси заминаи хосилхези коррупция дар тую маъаракахо шуд. Холо масъалаи нотариус ва МБТИ вахо казои дигар чудогона аст, ки дар як сол метавон миллионхои дигар сарфа хохад шуд, ин сухан ба гуши вазирони масъул пилтачуб аст.
Посух додан
  • Точик

  • 26 август 2015 03:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
salimjon,
Он вакт замона дигар буд, Шурви буд, одамон боинсофу халолкор буданд. Холо чи, хама бандаи нафс, дуруггуву фиребгар. Ягон мансабдор парвои миллату ватанро надорад. Хатто Президентро фиреб медиханд. Хуб шудааст, Чаноби Оли мегуянд, дастро боло дил мегузоранд, аз мачлис мебароянду боз дар сар хаёли Варзобу маъшука ва хисобу китоби пулхои бедардумиен. О Президенти бечора хамаи онхоро назорат карда наметавонад-ку. Проблемаи асосии мо ин мансабдорони беномус хастанд, ки манфиати шахсиро аз манфиати миллату ватан боло мегузоранд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!