Бахшҳо
25 авг 2015 15:17Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Буҳрони фишорбаландӣ

Маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино

Буҳрони фишорбаландӣ ҳолатест, ки дар он фишори артериалӣ ногаҳонӣ ва сахт боло меравад. Баландии фишор низ барои ҳар як бемор дараҷаи хосе дорад. Барои як инсон болоравии фишор аз 140/90 то 160/100 ҳолати бисёр вазнинро ба бор меорад. Аммо нафари дигар, ки гипертонияи кӯҳнашудаи (хроническая) дараҷаи 3 юми вазнинро дорад дар фишори доимии 180/110 метавонад худро хуб ҳис кунад ва ҳангоми шиддати буҳрон фишораш аз 220 ҳам боло меравад. Буҳрони фишорбаландӣ бо шаклҳои гуногун зоҳир мешавад. Аҳволи мариз бад гардида, фишори баланд метавонад ба дил, мағзи сар, нерӯи биноӣ ва гурдаҳо таъсири манфӣ расонад. Гирифторони фишорбаландӣ нёз ба ёрии таъҷилӣ доранд ва мақсади табобати таъҷилӣ аз он иборат меёбад, ки иллат ёфтани узвҳои хатарнокро раъф намуда, аломатҳои бемориро бартараф намоянд. Якбора поин омадани фишор низ метавонад хатарнок бошад. Дар ин сурат имкон дорад бофтаҳо аз хун ба пуррагӣ таъмин нагарданд ва ин дар навбати худ ба гуруснагии оксигенӣ боис мешавад. Дар истеъмоли доруҳо низ бояд диққати зиёд ба харҷ дод. Танҳо табиб доруҳои барои бемор аз ҳама мувофиқ, миқдор ва тарзи истеъмоли онҳоро интихоб мекунад. Дар баробари ин, табиб нақшаи суръат ва ҳаҷми поин фаровардани фишори артериалиро, вобаста ба ҳолати бемор ва вуҷуди авориз муайян мекунад. Барои дуруст ба роҳ мондани табобат барои табиб бениҳоят муҳим аст, ки чи маъни доштани шикояти мариз ва аломатҳои бемориро бифаҳмад. Ва танҳо мутахассиси ботаҷриба ва дорои дониши амиқ, дар ҳолати таъҷилӣ, ки буҳрони фишорбаландӣ маҳз ба ин ҳолат тааълуқ дорад метавонад ин коррро ба дурусти анҷом диҳад.

Дар кишварҳои пешрафта бо истифода аз дастовардҳои илми тибб, мутахассисон дар 20 соли охир поин рафтани теъдоди буҳрони фишорбаландиро қайд мекунанд. Ин пеш аз ҳама ба он вобастаги дорад, ки табибон тавонистанд фишорбаландиро дар аҳоли хубтар ташхис дода табобат намоянд. Аммо дар кишварҳои дигар фишорбаландӣ ҳанӯз яке аз мушкилоти асоси боқӣ мемонад. Буҳрони фишорбаландӣ имрӯз яке аз сабабҳои асосии даъвати ёри таъҷилӣ ва бистари намудани беморон ба шумор меравад. Гирифтор шудан ба буҳрони фишорбаландӣ маънои онро дорад, ки табобати доимии бемории гипертония номувофиқ ё нокофӣ будааст. Вале дар бештари маврид маълум мегардад, ки табобат дуруст ба роҳ монда шудааст, аммо бемор доруҳои таъиннамудаи табибро номунтазам истеъмол мекунад ё умуман бе машварати табиб аз истифодаи онҳо сарфи назар намудааст. Бинобар ин, тамоми беморони гирифтори фишорбаландӣ бояд доруҳои таъин намудаи табибро сари вақт ва бо риояти дастур итеъмол намоянд. Агар ҳатто бемор буҳрони фишорбаландиро бе оқибатҳои вазнин пушти сар намудааст, боз ҳам бояд ҳушёриро аз даст надиҳад. Буҳрони навбатӣ бо эҳтимоли зиёд метавонад барои ин бемор фоҷиабор ба итмом расад.

Омилҳои асосӣ, ки боиси сар задани буҳрони фишорбаландӣ мегарданд аз инҳо иборат мебошанд: дигаргуншавии обу ҳаво; истресси шадид; истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ пеш аз буҳрон; намаки зиёд дар хӯрок. Инчунин якбора қаът кардани истеъмоли доруҳои фишорпасткунанда метавонанд сабаби сар задани буҳрони фишорбаландӣ гарданд. Аломатҳои буҳрони фишорбаландӣ низ чанд дастаро ташкил мекунанд. Ин аломатҳо ибооратанд аз: болоравии зиёди фишори артериалӣ болотар аз 140/90; хастагӣ; дарди сар; арақкунии зиёд; дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ; хирагии чашм; бехобӣ.

Табиби ёрии таъҷилӣ ба табобати беморони гирифтори буҳрони фишорбаландӣ танҳо баъди ҷамъоварии маълумоти пурра дар мавриди беморӣ оғоз мекунад. Ҳангоми ташхис табиб бояд муайян кунад; чанд мӯҳлат бемор аз фишорбаландӣ азият мекашад; дараҷаи фишори артериалии маъмулӣ ва дараҷаи болоравии фишори беморро муаян кунад; кай буҳрони фишорбаландӣ ба вуқӯъ пайваст ва он чи қадар вақт идома дорад; то расидани ёрии таъҷилӣ бемор чи навъ доруҳоро истифода намудааст мумкин буҳрон аз сабаби истеъмол накардани доруҳои фишорпасткунанда ба вуқӯ пайвастааст. Агар чунин бошад номгӯи он доруҳоро муайян намояд. Инчунин табиб ҳангоми ташхис бояд муайян кунад, ки бемор аз бемориҳои дилу- раг, халалдор гаштани гардиши хун дар мағзи сар, бемориҳои гурда ва диабети қанд азият мекашад ё не. Агар бемор аз нафастангӣ ё дарди дил шикоят дорад бояд ҳатман ташхиси ЭКГ гузаронида шавад.

Танҳо баъд аз ҳамаи ин чорабиниҳо табиб ба поин фуровардани фишори артериалии бемор оғоз мекунад. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар 2 соати аввали пайдо шудани аломатҳои буҳрони фишорбаландӣ, дараҷаи фишори артериалии бемор на бояд аз 20-25% зиёд поин оварда шавад ва баъд дар зарфи 6 соат фишорро то дараҷаи 160/100 поин оварад. Дар ҳолати акс бо хун таъмин гаштани дил ва узвҳои дигари дарунӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ гардад. Агар шумо худатонро бад ҳис намудед, аммо фишорсанҷ дараҷаи фишори шуморо ҳамагӣ 160/100 ва ё камтар нишон медиҳад, аз даъвати ёрии таъҷилӣ худдорӣ накунед. Дар хотир дошта бошед, ки фишорбаландӣ дарди басо хатарнокаст. Дар Бемористони Ибни Сино бахши ёрии таъҷилӣ 24 соат дар шабонарӯз фаъолият мекунад ва ба хизматрасонии мизоҷон омода аст. Бахши ёрии таъҷилии бемористон бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он мутахассисони варзида фаъолият мекунанд. Инчунин мошини Ёрии таъҷилӣ низ аз ҷузъҳои бахши мазкур буда, барои расонидани маризони вазнин ҳамеша дар шароити омодабош қарор дорад. Худи мошин ҳам бо таҷҳизоти замонавии ҳаётнигоҳдоранда муҷаҳҳаз гардонидашудааст, ки барои ҳифзи ҷони мариз нақши бисёр муҳим дорад. Бартарии дигари бахши Ёрии таъҷилии Бемористони Ибни Сино дорувориҳои он ба шумор мераванд. Дар бахши Ёрии таъҷилии бемористон танҳо аз дорувориҳое ки худи бемористон ворид мекунад ва васоили масрафии якмасрафа истифода мекунанд. Ин низ дар навбати худ сифати баланди табобат ва кафолати пешгирӣ аз ҳар гуна сироятро барои мизоҷон таъмин менамояд.
Мӯҳр
Телефонашро нанавиштед ку?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)